Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Осиёии Рушд ба Тоҷикистон 60 миллион доллар медиҳад


Бонки Осиёии Рушд барои пуштибонии молӣ аз ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 60 миллион доллар ҷудо кардааст. Ин маблағ барои тавсеаи бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ сарф мешавад.

Бонки Осиёии Рушд (Asian Development Bank) дар марҳилаи аввали “Барномаи пуштибонии молӣ аз ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон” 60 миллион доллар ҷудо кардааст. Татяна Естефева, сухангӯи дафтари Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе, 7 декабр бо тасдиқи ин хабар ба Озодӣ гуфт, аз ин миқдор пул 53,4 миллион доллараш кумаки билоиваз ва 6,6 миллион доллари дигараш қарзи имтиёзнок будааст.

"Интизор меравад, ин миқдор маблағ барои тавсеаи бахши хусусӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон сарф шавад," -- афзуд Естефева ва гуфт, ки ин кумаки молӣ метавонад дар эҷоди ҷойҳои корӣ бо маоши баланд низ мусоидат намояд. Барномаи пуштибонии молии Бонки Осиёии Рушд аз Тоҷикистон дар се марҳила сурат гирифта ва дар соли 2019 поён хоҳад ёфт. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи давлатии молии Тоҷикистон иҷрокунандаи ин барнома ба шумор меравад.

Аммо Бонки Осиёии Рушд дар тобистони соли ҷорӣ аз зуд-зуд ҷойивазкунии раисон ё афроди калидӣ дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон интиқод карда, онро яке аз монеаҳои аслии рушди кишвар донист. Ин нуктаро Бонки Осиёии Рушд дар гузориши тозаи худ оид ба татбиқи стратегияи нави ин бонк дар Тоҷикистон баён кард, ки аз соли 2016 то соли 2020-ро дар бар мегирад.

Раҷеш Васудеван, иқтисоддони аршади ин бонк ва яке аз муаллифони пажӯҳиш гуфт, якчанд омил боиси заъфи идораҳои блоки иқтисодии Тоҷикистон шудааст, ки масъулияти таҳия ва иҷрои сиёсати иқтисодии давлатро бар дӯш доранд. Ба гуфтаи масъулони Бонки Осиёи Рушд, дар қатори дигар мушкилот, “зуд-зуд иваз шудани кормандони калидӣ дар ниҳодҳои давлатӣ” яке аз заъфҳои ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон мебошад, ки дар ниҳоят монеи рушди кишвар мешавад. Сабаби аслии зуд-зуд иваз шудани кормандони давлатиро муаллифони ин пажӯҳиш ба кам будани маоши хизматчиёни давлатӣ рабт медиҳанд.

“Ин омил ба навбаи худ боиси ришвахорӣ ва рафтори коррупсионӣ дар ниҳодҳои давлатӣ мешавад,” – таъкид шудааст дар матни ин гузориш.

Бар замми ин, ба навиштаи гузоришгарон “иродаи заиф барои гузаронидани ислоҳот, “қабули қарорҳои сиёсии таҳлилношуда” ва “донишҳои ночиз дар бораи иқтисоди бозорӣ ва нақши давлат дар он” аз зумраи заъфҳои идораҳои давлати Тоҷикистон, хусусан ниҳодҳои блоки иқтисодии кишвар аст.

Бонки Осиёии Рушд дар стратегияи нави хеш кумак барои беҳтар кардани идоракунии давлатиро низ ба инобат гирфтааст. Бонки Осиёии рушд мегӯяд, дар се соли оянда ба буҷаи давлатии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 100 миллион доллар кумак мекунад ва ин миқдор пул барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, тиҷорат ва таҳсили касбии ҷавонон сарф хоҳад шуд.

Аз соли 1998 то кунун Бонки Осиёии Рушд 13 тарҳро дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кардааст, ки ҳазинаи онҳо 905 миллион доллари амрикоӣ буда, 75 дарсадашон ба сифати грант ё кӯмаки бебозгашт ироа шудааст. Аз ҷумла, Бонки Осиёии Рушд барои азнавсозии роҳи Душанбе-Турсунзода, ки то марзи Узбакистон мерасад, 120 миллион доллар ва сохтмони роҳи Айнӣ-Панҷакент 115 миллион доллар қарзи боимтиёз додааст.

XS
SM
MD
LG