Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷамолиддин Маҳмудов 2 моҳ дар СИЗО мемонад


Ҷамолиддин Маҳмудов. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Ҷамолиддин Маҳмудов. Акс аз бойгонии Радиои Озодӣ

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарори то ду моҳ дар боздошт мондани Ҷамолиддин Маҳмудовро содир кард. Вакилонаш мегӯянд, Маҳмудов то анҷоми марҳилаи аввали тафтишотӣ дар боздошт мемонад.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҳукми то 2 моҳ дар боздошт мондани Ҷамолиддин Маҳмудов (Ҷалолиддини Маҳмуд), узви раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи ин ҳизб дар Кумисюни марказии интихоботро содир кардааст.

Барот Беков, яке аз вакилони мудофеи Маҳмудов рӯзи 13 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, нафари таҳти ҳимояти онҳо то ду моҳи дигар, яъне то поёни марҳилаи аввали тафтишот дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигоҳдорӣ хоҳад шуд. Ба қавли ӯ, ҳукми дар боздошт мондани Ҷамолиддин Маҳмудов баъд аз 72 соати дастгир шуданаш аз тарафи додгоҳ содир гардидааст.

Ҷамолиддин Маҳмудов, ки рӯзи 10 феврали соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони амниятӣ ба иттиҳоми нигоҳ доштани ғайриқонуни силоҳ боздошт шуда буд, дар сӯҳбат бо вакилони дифояш, гуфтааст, “худро қисман айбдор мешуморад”. Ин сӯҳбати вакилони мудофеъ бо Ҷамолиддини Маҳмуд рӯзи ҷумъаи 13 феврал дар бинои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров

Бузургмеҳр Ёров, яке дигар аз вакилони мудофеи Ҷамолиддини Маҳмуд -- узви Раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳамзамон узви Кумисюни марказии интихобот рӯзи 13 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ҳамроҳ бо Барот Беков ба дидорбинии зерҳимояамон ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рафтем. Ҳангоми сӯҳбат Ҷамолиддини Маҳмуд гуфт, худро дар иртикоби ҷинояте, ки гумонбараш донистаанд, қисман айбдор мешуморад.”

Ба қавли Ёров, Ҷамолиддини Маҳмуд ба ӯ тааллуқ доштани яке аз туфангчаҳои ёфтшударо тасдиқ карда ва аммо гуфтааст, “ҳеч дар ёд надорам, ки он солҳо туфангчаи дигаре дошта будам.” Ба ин далел, ба таъкиди Бузургмеҳр Ёров, зерҳимояашон танҳо мутааллиқ ба вай будани яке аз туфангчаҳоро бар дӯш гирифтааст.

Ҷаноби Маҳмуд гуфтааст, дар воқеъ, соли 1996, ҳангоми фаъолияташ дар Комиссияи оташбас барои муҳофизати ӯ як туфангча дода будаанд, аммо баъдан барои нобуд кардан онро ба дӯсташ Латиф Сардоров супурда буд. Ҷамолиддини Маҳмуд афзудааст, “бепарвоӣ аз сӯи вай сурат гирифт, ки имрӯз ин қазия пеш омадааст.”

Латиф Сардоров

Латиф Сардоров

Аммо ба гуфтаи Бузургмеҳр Ёров зерҳимояаш аз муносибати кормандони боздоштгоҳ розӣ аст ва ҳеч гуна шиканҷа ва бадрафторӣ дар нисбаташро мушоҳида накардааст.

Ҷамолиддин Маҳмуд -- узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, узви Раёсати олӣ ва мушовири сиёсии раиси Ҳизби наҳзати исломӣ рӯзи 10 феврал аз сӯи маъмурони амниятии кишвар боздошт шуд. Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ӯро барои нигоҳдории силоҳ дар хонаи яке аз дӯстонаш дар деҳаи Ҷуқураки Болои ноҳияи Ҳисор айбдор карданд.

Ин ниҳоди қудратӣ рӯзи 11 феврали соли ҷорӣ бо нашри изҳороте дар ин бора хабар дод ва гуфт, дар пайи кофтукоби манзили Латиф Сардоров, сокини деҳаи Чуқураки Боло, ки 22 сол боз узви ҲНИТ будааст, 2 таппончаи тамғаи Макаров, 4 тирдон, 51 тир ва 1 запали таркандаи норинҷаки дастӣ пайдо кардаанд.​

​Бар асоси иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Латиф Сардорови 60-сола ин миқдор силоҳро дар соли 1996 аз Ҷамолиддини Маҳмуд гирифта, дар манзили худ пинҳон кардааст. ​“Тибқи нишондоди шаҳрванд Латиф Сардоров, аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо собиқаи 22 соли узвият, Ҷалолиддин Маҳмудов соли 1996 2 таппончаи Макаров, 4 тирдон, 51 тир, 1 запали таркандаи норинҷаки дастиро ба ҳамсоя ва дӯсти содиқаш Латиф Сардоров ғайриқонунӣ дода, хоҳиш кардааст, то дар ягон махфигоҳ онҳоро пинҳон намояд”,-омадааст дар изҳороти КДАМ.

Ин ниҳоди қудратӣ мегӯяд, соли 2012 низ Ҷамолиддини Маҳмуд ба Латиф Сардоров таъкид карда будааст, “то лавозимоти ҷангии номбурдаро бо эҳтиёт нигоҳ дорад, зеро онҳо лозим хоҳанд шуд.”

Вакилони мудофеи Ҷамолиддини Маҳмуд мегӯянд, ҳоло бар асоси моддаи 195, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи нафари таҳти ҳимояташон парванда боз шудааст. Аммо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боздошти узви раёсати олии ин ҳизб дар остонаи интихоботи парлумонии якуми мартро “аз қабл тарҳзрезишуда” ва “сиёсӣ” номида, хостори раҳоии ӯ шуд.

Шӯрои сиёсии ҲНИТ рӯзи чаҳоршанбе дар изҳороте гуфт, бо дарназардошти он ки Маҳмудов узви Кумисюни марказии интихобот асту "дар назорат бар оташбас ва расидан ба сулҳ" низ саҳм дорад, қазияи ӯро шахсан раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зери назар мегирад.

Дар ҳоле ки, ба қавли онҳо, қазияи силоҳи ёфтшуда ҳанӯз соли 2013 барои мақомот маълум буда, нав рӯи об баромадааст. ​"Шӯрои сиёсии ҲНИТ боздошт ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи Ҷ.Маҳмудовро маҳкум намуда, ин корро як амали сирф сиёсӣ ва марбут ба раванди интихобот медонад. Зеро пинҳон доштани ин қазия муддати беш аз як сол ва ошкор карданаш дар чунин як марҳилаи сиёсӣ наметавонад дигар маънӣ дошта бошад," - омадааст дар изҳороти ҲНИТ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG