Пайвандҳои дастрасӣ

Сироҷиддин Қараев худро аз гурӯҳи Маханов канор кашид


Алимурод Маханов.

Алимурод Маханов.

Як сокини ноҳияи Қубодиён, ки дар ҳамдастӣ ба гурӯҳи Маханов гумонбар дониста мешавад, мегӯяд, ки ҳеҷ гоҳ ба даст силоҳ нагирифтаст ва ба ҳеҷ гурӯҳе шомил набудааст.

Нуриддин Насиров, вакили мудофеи Сироҷиддин Қараев, сокини ноҳияи Қубодиён рӯзи 15-уми ноябр ба радиои "Озодӣ" гуфт, ки аз рӯзи боздошт то имрӯз бори аввал вакили мудофеъ бо ӯ мулоқот кардааст. То кунун Сироҷиддин Қараев, ки дар ҳамдасти ба гурӯҳи маъруф бо Маханов гумонбар дониста мешавад, аз хизмати вакили мудофеъ маҳрум буд ва танҳо бо супориши додгоҳи Исмоили Сомонӣ, барои ӯ вакили мудофеъ таъмин карда шуд.

Вакили мудофеъ Нуриддин Насиров мегӯяд, ки Сироҷиддин Қараев бо моддаи 187-- "шомил будан дар гурӯҳи ҷиноӣ" ва бо як моддаи дигар--"бо худ доштани силоҳ", айбдор дониста мешавад.

Ба гуфтаи вакили дифоъ, Сироҷиддин Қараев дар мулоқот ба вай гуфтааст, ки айбнома алайҳи худашро қабул надорад ва ҳеҷ гоҳ силоҳ ба даст нагирифтааст ва бо ҳеҷ гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ, аз ҷумла бо Алишер Маханов робита ва ҳамкорӣ надоштааст. Ба қавли вакили мудофеъ, зерҳимояаш омодааст дар мурофиа додгоҳӣ низ ин ҳарфҳои худашро занад ва айбномаро рад кунад.
Вакили мудофеъ афзуд, дар боздоштгоҳ вазъи зерҳимояаш хуб аст, ду маротиба волидонаш барои ӯ ғизо овардаанд, вале то ҳол бо ӯ мулоқот накардаанд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон шоми 24-уми сентябр бо пахши як филми мустанади тақрибан 15-дақиқагӣ тавассути шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон, ҷузъиёти бештареро дар бораи боздошти гурӯҳе, ки ба таҳияи “ҳамлаҳои террористӣ” дар Душанбе дар рӯзҳои интихобот омодагӣ мегирифт, хабар дод. Феълан тақрибан 10 нафар аъзои гуруҳи Алишер Маханов дар Боздошгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қарор доранд ва интизор меравад дар авоили моҳи декабр мурофиаи онҳо дубора идома ёбад.

Дар мурофиаи нахустини парвандаи ин гурӯҳи 10 нафара, додраси додгоҳи Исмоили Сомонӣ аз муфаттиши Алимурод Маханов, сокини ҷамоати Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ва мулаққаб ба “Устод”, ки раҳбари ин гурӯҳ ном бурда мешавад, дар ин навор эътироф мекунад, ки онҳо мехостанд, чанд гӯша дар маркази Душанберо “бикафонанд.” Ӯ аз ҷумла аз биноҳои вазорати умури дохила ва кумитаи давлатии амнияти миллӣ ном бурд: “Моҳи ноябр гуфтанд. Мехостанд ки қабл аз интихобот шикаст бидиҳанд ин мамлакатро.”

Вале Боймирзо Маханов, падари Алимурод Маханов даст доштани писарашро ба чунин аъмол боварӣ надорад. Боймирзо Маханов мегӯяд, ки писари ӯ ҳудудан як моҳ қабл аз боздошташ аз ноҳияи Рӯдакӣ берун шуд ва хонаеро дар шаҳри Душанбе иҷора гирифта буд. Маханов пайдо шудани як ҷойи кор дар шаҳрро далел пеш овардааст ва гуфтааст, як дӯсти ғармӣ дорад, ки иҷорапулии хонаро медиҳад ва барояш дар мадраса кор пайдо мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG