Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳазорҳо сокинони ниёзманди вилояти Хатлон соли 2014-ро ҳам бо орзуи соҳиб шудан ба қитъаи замин ва беҳтар кардани шароити зиндагӣ пушти сар карданд.

Сокинони ниёзманд ба қитъаи замин дар вилояти Хатлон мегӯянд: “Пул бошад, замин барои хона пайдо мешавад”. Ин ҷумлаест, ки дар сӯҳбати орзумандони қитъаи замин дар соли 2014 беш аз ҳама шунида мешуд. Хонаводаҳое, ки иҷоранишин ҳастанд ё дар ҳавлиҳои танг бо оилаҳои серфарзанди худ зиндагӣ мекунанд, беш аз ҳама ин орзуро доранд, ки соҳиби қитъаи замине барои сохтмони манзил шаванд.

Асила Қурумбова, сокини 39-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки баъди ду издивоҷи нокомаш, билохира соли 2008 бо писараш аз хонаи падар бадар шудааст, мегӯяд, аз иҷоранишинӣ хаста шуда, се сол инҷониб барои соҳиб шудан ба як порча замин даводав мекунад, аммо ба орзуяш намерасад:

“Худам сад дар сад медонам, ки пул дошта бошам, дар ҷои дилхоҳам соҳиби замин мешавам, чанд нафаре, ки кӯшиши манро мебинанд, мегӯянд, ки беҳуда кӯшиш накун, чун пул надошта бошӣ, соҳиби замин намешавӣ. Ман аз куҷо пул пайдо кунам? Ҳайрон мондаам, чӣ кор карданамро намедонам.”

Соли 2014 дар вилояти Хатлон хонаводаҳои зиёде будаанд, ки талоши соҳиб шудан ба қитъаи заминро кардаанд, аммо ҳукуматҳои маҳаллӣ бо ваъдаи “дар навбат истед" мушкили онҳоро осон накарданд.

Тибқи иттилои шӯъбаи арзу шикоят дар ҳукумати вилояти Хатлон, 90 % аризаҳои мардум аз он будааст, ки дархости онҳо барои соҳиб шудан ба қитъаи замин беҷавоб мондааст.

Хонаводаи Саидислом, пирамарди 65-сола аз ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон яке аз ниёзмандони замин буда, борҳо ба ҳукумати маҳаллӣ муроҷиат кардааст, чун дар хонаводааш зиёда аз 20 нафар зиндагӣ мекунад, вале барои онҳо низ замин надодаанд.

Сафар Раҳмонов, муовини сардори Кумитаи заминсозии вилояти Хатлон рӯзи 25 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар вилоят бо қарори ҳукумати Тоҷикистон беш аз 8000 нафар ба қитъаи замин барои сохтмони манзил таъмин шудааст, ки онҳо афроди эҳтиёҷманд будаанд.

Ҷаноби Раҳмонов мегӯяд, ки гиламандии сокинон дар мавриди беадолатӣ дар тақсими замин барои сохтмони манзил асос надорад: “Ба хонаводаҳои эҳтиёҷманд замин расидааст, вале шаҳрвандон ба мо муроҷиат накардаанд, ки барои мо замин надодаанд, аризаҳо низ надорем. Дар мавзӯи талаб кардани пул хабар надорем.”

Масъулини Кумитаи заминсозии вилояти Хатлон дар мавриди ҷой доштани ҳолатҳои хариду фурӯши замин изҳори бехабарӣ карданд. Бо ин вуҷуд, ахиран Давлатшо Гулаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон гуфт, ки дар соли 2014 дар ин вилоят 191 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, ки дар мавриди тақсими ноодилонаи замин будаанд. Дар натиҷа, 375 гектар замин ба ҳолати пешина баргардонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 92 гектар замин зиёд будааст.

Ҷамшед Сангов

Ҷамшед Сангов

Ҷамшед Сангов, сардори Оҷонсии зидди фасод дар вилояти Хатлон дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки кормандони идораҳои заминсозӣ, масъулини ҷамоатҳо ва ҳукуматҳои маҳаллӣ дар соли 2014 ба қонуншиканиҳо дар вақти тақсимоти замин даст задаанд, ки алайҳи онҳо парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.

Ба иттилои ин ниҳод, дар 11 моҳи соли равон 87 ҳолати қонуншиканӣ дар тақсимоти замин ошкор шудааст, ки дар ноҳияҳои Вахш, Бохтар, Панҷ, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Норак, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав ва Восеъ ба қайд гирифта шудаанд.

Сафармоҳ Худойназарова, масъули дигари Кумитаи заминсозии вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло маълум нест афроде, ки барои қитъаи замин ариза навиштаанд соҳиби замин мешавад ё на.

Ба қавли хонум Худойназарова, ҳукумати Тоҷикистон барои тақсими замин қарореро имзо мекунад, ки баъди азназаргузаронии хонаводаҳо ба онҳо замин дода мешавад. Аммо дар бархе аз навоҳии ҷануби Тоҷикистон, мисли Данғара ва Носири Хусрав, ки заминҳои зиёди бекор хобида доранд, гирифтани замин осон будааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG