Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханронии Э.Раҳмон дар нишасти СҲИ дар Исломобод


Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон – рӯзи 1 март дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ дар Исломбод суханронӣ ва бештар ба таҳкими ҳамкориҳо таъкид кард. Ӯ рӯзи 28 феврал ҳамроҳи вазирони умури хориҷӣ, энержӣ ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо ба Покистон рафта буд. Дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ масоили тиҷорат дар арсаҳои гуногун, аз ҷумла энержӣ, сайёҳӣ, рушди иқтисод, ҳифзи иҷтимоӣ ва масоили муҳити зист дар минтақа баррасӣ мешаванд. Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодиро соли 1985 Покистону Эрон ва Туркия таъсис доданд ва 7 сол баъд ба он Тоҷикистону Озарбойҷон, Туркманистону, Узбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Афғонистон ба он пайвастанд.

XS
SM
MD
LG