Пайвандҳои дастрасӣ

Ифтитоҳи шӯъбаи Академияи парвозҳои Балтика дар Душанбе


Бо боз шудани шӯъбаи Академия парвозҳои Ҷумҳурии Литва дар Душанбе, дар назар аст Тоҷикистон халабононро дар ҳудуди ин кишвар омода кунад.

Раҳбари намояндагии Академияи парвозҳои Балтика дар Тоҷикистон Нарзиқул Ҳамроев дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, ки ин шӯъбаи донишгоҳ аллакай дар соли аввали таъсисёбиаш ду донишҷӯро қабул кардааст. Ӯ афзуд, дарсҳои назариявӣ умдатан дар ҳудуди Тоҷикистон сурат мегирад, вале бинобар набуди муттахассисон, дарcҳои амалӣ якчанд муддат дар шаҳри Вилнюс - пойтахти Литва баргузор хоҳанд шуд.

Ҷаноби Ҳамроев иброз дошт, ки онҳо ният доранд пас аз чанде таҷҳизот ва мутахассисонро ба Тоҷикистон фаро хонанд ва куллия дарсҳо дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор шаванд. Барои гузаронидани дарсҳои амалӣ, майдони ҳавоии ноҳияи Конибодом истифода хоҳад шуд.

Ҳамроев ҳамчунин қайд кард, ки нархи омӯзиш дар шӯъбаи Академияи парвози Балтика барои довталабоне, ки бори аввал маълумоти ҳавонвардӣ мегиранд, 42 ҳазор евроро ташкил медиҳад ва омӯзиш 18 моҳ тӯл хоҳад кашид. Барои нафароне, ки аллакай таҷрибаи парвоз дар ҳавопаймоҳои сохти шӯравиро доранд, вале мехоҳанд усули идораи тайёраҳои Боингро аз худ кунанд, таҳсил қариб 40 рӯз идома карда нархаш 15 ҳазор евро аст.

Дар минтақаи Осиёи Миёна якчанд мактаби ҳавонавардии мулкх барои тайёр кардани муттахасисон фаъолият мекунанд. Аз ҷумла, Академияи парвозҳои Қазоқистон ва коллеҷи давлатии парвозҳои ба номи И. Абдраимов дар Қирғизистон вуҷуд доранд, ки шаҳврвандони Тоҷикистон умдатан дар ин муассисаҳо таҳсил мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG