Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико гуфт, яке аз раҳбарони "Давлати исломӣ"-ро куштааст


​Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эълон кард, дар ҷараёни амалиёти ҳамоҳангнашудааш бо мақомоти Сурия, ки бо дастури Барак Обама иҷро шуд, яке аз раҳбарони калидии "Давлати исломӣ" -- Абӯ Сайёфро куштааст.

ИМА дар бораи кушта шудани яке аз раҳбарони калидии гурӯҳи "Давлати исломӣ" Абӯ Сайёф хабар дод ва гуфт, ки амалиёти нерӯҳои махсуси Иёлоти Муттаҳида барои нобудсозии ӯ дар шарқи Сурия сурат гирифтааст.

Дар иттилои Кохи Сафед, ки рӯзи 16 май нашр шуд, омадааст, амалиёт алайҳи ифротгароҳо бо амри раисиҷумҳур Барак Обама сурат мегирад. Абӯ Сайёф дар раҳбарияти "Давлати исломӣ" масъули истихроҷу истифодаи нафту газ ва молия буд.

Хабаргузории Reuters иттилоъ медиҳад, ин нахустин амалиёти ошкоршудаи нерӯҳои махсуси Амрико дар қаламрави Сурия аст, албатта, ба истиснои амалиёт ба хотири раҳоии гурӯҳи гаравгонҳои амрикоӣ аз дасти "Давлати исломӣ" дар соли гузашта, ки ноком анҷом шуда буд.

Намояндаи Шӯрои амнияти Амрико Бернадетт Миган изҳор намуд, ки амалиёти ахир аз қаламрави Ироқ бо ризояти Бағдод баргузор шуд. Ӯ иқрор намуд, Кохи Сафед дар бораи амалиёт алайҳи Абӯ Сайёф мақомоти Сурияро дар ҷараён нагузошта ва амалиётро бо мақомоти он кишвар ҳамоҳанг ҳам накардааст.

Сокинони Ромадӣ шаҳрро тарк мекунанд

Сокинони Ромадӣ шаҳрро тарк мекунанд

Хабари куштори Абӯ Сайёф дар ҳоле расид, ки ба назар мерасад гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба ҳамлаҳояш дар Ироқу Сурия идома медиҳад. Ба навиштаи хабаргузориҳо, авзоъ, ба вижа дар шаҳри Ромадӣ, маркази вилояти Анбор, ноором аст. Артиши Ироқ барои мудофиаи ин шаҳр нерӯҳои иловагиро фиристод. Як мансабдори аршади низомии Ироқ дар сӯҳбат бо телевизиони миллӣ рӯзи 16 май гуфт, ки ҳавопаймоҳои Эътилофи таҳти фармони ИМА аз шоми ҷумъа ба мавқеъҳои “Давлати исломӣ” зарба мезананд. Генерал Саъд Маан Иброҳим дар ин мусоҳиба аз аироаи тафсилот дар бораи набардҳо дар Романдӣ худдорӣ кард ва аммо ваъда дод, ки ситезаҷӯён соатҳои наздик аз ин шаҳр берун карда мешаванд.

Аз ин пеш хабаргузориҳо навиштанд, ки «Давлати исломӣ» ё ДОИШ рӯзи шанбе бинои ҳукумати маҳаллии шаҳри Ромадӣ, маркази вилояти Анбори Ироқро, ишғол кард. Ситезаҷӯён дар канори бинои шаҳрдорӣ ва қароргоҳи полиси шаҳр дасти кам шаш мошинро тарконида, аз миномётҳо истифода бурданд. Ба навиштаи расонаҳо, даргириҳо соат ба соат шиддат мегиранд.

“Давлати исломӣ” чанд моҳ боз талоши таҳти назорат гирифтани ин вилояти аз ҷиҳати стратегӣ муҳимро дорад. Вазъияти Анборро ахиран нахуствазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ ва муовини раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байден телефонӣ баррасӣ карданд. Байден ваъда дод, ки Амрико артиши Ироқро бо силоҳи вазнин таъмин мекунад.

Ризо Тақизода, таҳлилгари масоили Ховари Миёна, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки вилояти Анбор ва маркази он шаҳри Ромадӣ манотиқи стратегиянд ва тасарруфи ин минтақа дасти гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро барои ишғоли дигар мавзеъҳои Ироқ боз хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, "тасарруфи ин бузургтарин вилояти Ироқ аз сӯи ДОИШ метавонад хатари амниятии ҷиддӣ алайҳи Ироқ эҷод кунад. Вокуниши тунди ҳукумати Бағдод ба таҳаввулоти ахир нишон медиҳад, ки дар робита ба авзоъ дар Ромадӣ мақомот вориди нигарониҳои нав шудаанд, ва, зимнан, набояд ин нигарониҳоро танҳо маҳдуд ба вилояти Анбор бидонем - агар "Давлати исломӣ" дар маркази Анбор мустақар шавад, метавонад таҳдидҳои ҷиддӣ дар дохили Сурияро ҳам ба думбол дошта бошад".

Аз нигоҳи таҳлилгар, суқути эҳтимолии Анбор шояд имкони ДОИШ-ро дар манотиқи ҷанубӣ ва шимолии Ироқ бештар кунад ва "шаҳри Мовсилро ба навъе ба манотиқи марбут ба марзҳои муштарак бо Сурия боз бигзорад".

Шаҳри бостонии Палмира

Шаҳри бостонии Палмира

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Ризо Тақизода, ба назар мерасад, ки фақат ҳавопаймоҳои Эътилофи таҳти фармони ИМА ба кӯмаки артиши Ироқ дар Ромадӣ расидаанд. Дигар нерӯҳое, ки ба низомиёни ироқӣ дар озод кардани шари Тикрит кӯмак карда буданд, аз ҷумла, шибҳанизомиёни шиа ҳоло худро аз набардҳо дар вилояти Анбор канор гирифтаанд ва Эрон ҳам дар амалиёт дар ин минтақа нақше надорад.

Аз ин пеш хабар расид, ки мусаллаҳони “Давлати исломӣ” дар роҳ сӯи Палмира, шаҳри бостонии Сурия, 23 нафар, аз ҷумла, чанд зану нӯҳ кӯдакро эъдом карданд. Рӯзи 14 май ҳам онҳо дар канори Палмира 26 нафарро кушта буданд.

Айни ҳол мусаллаҳони ДОИШ дар наздикиҳои ин шаҳри бостонӣ қарор доранд. Мақомоти Сурия ва Ирина Бокова, раҳбари ЮНЕСКО, Бунёди илму маориф ва фарҳанги СММ, аз он нигаронанд, ки ситезаҷӯён баъд аз вуруд ба Палмира ҳама ёдгорҳои таърихии шаҳрро хароб мекунанд. Аз ин пеш гурӯҳи “Давлати исломӣ” ёдгориҳои нодири шаҳрҳои қадимаи Нимрӯд ва Ҳатраро нобуд карда буд.

XS
SM
MD
LG