Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти тоҷик эҳтимоли марги Парвизро тасдиқ карданд


Парвиз Саидраҳмонов худро дар ҳайати ДИИШ бо лақаби Абудовуд муаррифӣ мекард
Парвиз Саидраҳмонов худро дар ҳайати ДИИШ бо лақаби Абудовуд муаррифӣ мекард

Ҷангиёни "Давлати исломӣ" аз эҳтимоли кушта шудани Абудовуд ё Парвиз Саидраҳмонов, як ҷангии тоҷики ин созмон хабар пахш кардаанд.

Ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" (ДИИШ) аз нопадид шудан ва ё эҳтимоли кушта шудани Абудовуд ё Парвиз Саидраҳмонов, як ҷангии тоҷики ин созмон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар пахш кардаанд. Дар бархе аз саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоии зоҳиран мансуб ба тарафдорони тоҷики ДИИШ навишта шудааст, ки Абудовуд пас аз як ҳамлаи ҳавопаймо дар наздикии Фалуҷа нопадид шуд. Гуфта мешавад, пас аз ин ҳамла, ки ҳафтаи пеш ҷараён гирифтааст, касе мурда ё зинда будани ин ҷангии тоҷикро надидааст.

Ин хабар дар ҳоле пахш шудааст, ки ҷангҳои шадид алайиҳи ДИИШ дар атрофи Фалуҷа ҷараён доранд ва ДИИШ аз замину ҳаво мавриди ҳуҷум қарор гирифтааст.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон низ эҳтимоли кушта шудани Абудовудро зиёд арзёбӣ мекунанд. Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ рӯзи 1 июн ба Озодӣ гуфт, воқеан, ҳафтае пеш онҳо низ хабареро дарёфт кардаанд, ки ба кушта шудани Абудовуд дар муҳорибаи артиши Ироқ аз замин ва ҳавопаймоҳои амрикоӣ аз ҳаво далолат мекунад.

Ин манбаъ гуфт, соли гузашта ҷангиёни ДИИШ Абудовудро як дафъа “шаҳид” эълон карданд, вале таҳқиқ нишон дод, ки он замон ӯ бардурӯғ худро кушта эълон кардааст. Парвиз Саидраҳмонови 29-сола, ки дар гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” бо номи Абу Довуд шинохта мешавад, аз ҷангиёни матбуотии ин созмони тундрав аст, ки бо нашри аксу наворҳои худ ва мусаллаҳони дигар аз пешрафтҳои ДИИШ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ситоиш мекард.

Модар хабар надорад, ки писараш дар Ироқ чӣ ҳол дорад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:21 0:00

Дар наворҳои зиёд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудаанд, Абудовуд дар миёни афроди баландпояи ДИИШ дида мешавад ва дар наворҳои дигар ӯ раҳбалади Гулмурод Ҳалимов, полковники фирории тоҷик буд ва ӯро ба сӯҳбати видеоӣ бар зидди ҳукумати Тоҷикистон ташвиқ мекард.

Охирин видеое, ки ин ҷангии тоҷик нашр кардааст, дар охири моҳи марти соли ҷорӣ будааст. Ӯ дар ин ҷо аз дохили як мошин, ки пас аз зарбаи ҳавопаймо сӯхтааст, бастаҳои ҳуҷҷат ва пулро берун мекунад. Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон ва ҷонибдорони гурӯҳи тундрави ДИИШ бо эҳтимоли зиёд кушта шудани ӯро тасдиқ мекунанд, пайвандонаш мегӯянд, моҳҳо боз аз ӯ хатту хабаре надоранд.

Муҳаббат Маҳмудова, модари 62-солаи Парвиз Саидраҳмонов, рӯзи 1 июн дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, писараш аз моҳи феврал ба ин тараф бо онҳо дар тамос набудаст. Маҳмудова гуфт, ки Абудовуд борҳо аз ӯ даъват кардааст, то ба Ховари Миёна равад, вале чун хоҳишаш рад шуд, дигар бо хонавода тамос нагирифт.

"Ман дигар омада наметавонам ва ба ту занг ҳам намезанам. Агар ягон ҳодиса ба ман рух дод, дӯстоне ҳастанд, ки ба шумо хабар медиҳанд", - нақл кард Муҳаббат Маҳмудова ва идома дод: "Аз он замон ба ин тараф дигар ягон хабар надорам ва гоҳе ҳамсояҳо мегӯянд, ки сураташро дидем. Медонам, ки бачаам дар дохили ҷанг аст. Сад фикру хаёл мекунам. Сарамро дар болин мегузорам, фикр мекунам, ки ҳоло касе аз писарам хабари баде меорад. Хуб аст ё бад, ба ҳар ҳол бароям фарзанд аст."

Парвиз Саидраҳмонови 29-сола ё Абудовуд миёнаҳои соли 2014 аз Русия ба Ироқ рафт. Ӯ 6-уми феврали соли 2015 ба наздиконаш занг зад ва аз пайвастанаш ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” хабар дод. То пайвастанаш ба ДИИШ дар Русия дар як тарабхона кор мекард. Ӯ аз ду ҳамсар соҳиби се фарзанд аст.

Пайвандонаш мегӯянд, Абудовуд дар Русия таҳти таъсири эмиссарҳои ДИИШ, ки зодагони Қафқоз буданд, ба ин роҳ рафтааст. Ӯро ҳамчун тоҷики “дарозумр”-и ҷангии ДИИШ низ медонанд, ки давоми беш аз ду сол дар ҷангҳои Ироқу Сурия ширкат кардааст. Ҷангиёни дигари ДИИШ пас аз 6 моҳ ё як сол кушта мешуданд.

Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, барои иштирок дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ аз Тоҷикистон беш аз ҳазор нафар рафтаанд. Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбаташ бо аъзои Шӯрои миллии кор бо ҷавонон гуфт, ки дар ин ҷангҳо 300 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла 36 донишҷӯ кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG