Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

47% мансабдорони тоҷикро ришвахор мешуморанд


Созмони назарсанҷии Gallup дар бораи мавҷудияти ришвахорӣ дар доираҳои ҳукуматӣ дар 129 кишвар назархоҳӣ анҷом додааст.

Ин назархоҳӣ соли 2012-ро дар бар мегирад. Бар асоси гузориши нашршуда, аз 129 кишвар дар 108 кишвар ришвахориву фасод дар доираҳои ҳукуматӣ ривоҷ доштааст. Ин кишварҳоро ба се гурӯҳ тақсим кардаанд.

Гурӯҳи аввал кишварҳое мебошанд, ки озодии баён дар он ҷо вуҷуд дорад ва шаҳрвандони ин кишварҳо метавонанд бидуни тарсу ҳарос ақидаҳои худро дар бораи ришвахорӣ баён кунанд. Матбуот низ дар чопи мақолаҳо роҷеъ ба ришвахории доираҳои ҳукуматӣ озоданд. Ба гурӯҳи аввал бештар кишварҳои аврупоӣ дохил шудаанд.

Дар гурӯҳи дуввум кишварҳои дорои сатҳи миёнаи озодии баён меоянд. Вале гурӯҳи севвум аз кишварҳое иборат аст, ки дар онҳо озодии баён маҳдуд аст ва шаҳрвандон аз изҳори ақида то андозае худдорӣ мекунанд.

Gallup аксари кишварҳои Шӯравии пешинро ба гурӯҳи севвум дохил кардааст. Масалан, дар Русия 80 дарсади ононе, ки дар назархоҳӣ ширкат доштаанд, бар ин ақидаанд, ки дар доираҳои ҳукуматии кишварашон ришвахорӣ вуҷуд дорад. Дар Қирғизистон 85 дарсад, Украина 77 дарсад, Арманистон 74 дарсад ва дар Озарбойҷону Қазоқистон 62 дарсади назардиҳандагон ҳукумати худро ришвахор ном бурдаанд. Дар Тоҷикистон ин нишондиҳанда 47 дарсадро ташкил медиҳад. Беларусия, ки ба гурӯҳи севвум дохил мешавад, 36 дарсади назардиҳандагон ҳукумати худро ришвахор медонанд.

Дар мусоҳибае бо Радиои Озодӣ Алиакбар Абдуллоев - мудири Маркази тарғиб ва ташаккули зидди фасоди Тоҷикистон эътироф кард, ки дар ин кишвар низ ришвахорӣ дар ҳукумат вуҷуд дорад:

Алиакбар Абдуллоев: Муттаассифона ман гуфтаниам, ки дар баъзе сатҳҳои идораи давлатӣ низ, ҳатто аз ҳисоби вузаро низ ҳастанд шахсоне, ки албатта, манфиатдор ҳастанд ва монеа эҷод мекунанд барои пешгирӣ кардан ва ё мубориза бурдан бо ин падидаи номатлуб.

Озодӣ: Сабаби ришвахорӣ дар доираҳои ҳукуматӣ чӣ буда метавонад?

Алиакбар Абдуллоев: Яке аз сабабҳои асосӣ паст будани музди меҳнат аст, яъне ҳамон маоше, ки онҳо мегиранд. Дуввум, суистифода кардан аз ваколату салоҳиятҳое, ки ба мансабдорони давлатӣ дода мешавад. Онҳо бояд бифаҳманд, ки ин ваколату салоҳият аз ҷониби мардум, аз ҷониби ҳукумат ё раиси ҷумҳур ба онҳо ҳамчун мансабдор дода мешавад, барои таъмини некуаҳволии халқ ва барои амалӣ гардонидани он вазифаҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон дар назди онҳо мегузорад, на ин ки ба манфиати худ ва барои бой гаштан ва аз они худ кардани маблағҳо ва пора гирифтан аз мардум. Ин аст сабабҳои асосии он. Албатта сабабҳои дигараш он аст, ки дар баъзе мавридҳо кори на он қадар бомуваффақияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки онҳо субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия мебошанд. Вале мубориза як чиз аст ва муқовимат чизи дигар аст.

Озодӣ: Раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар чанд суханронии худ таъкид карда буд, ки бояд бар зидди фасод ва ришвахорӣ ҳам дар сатҳи ҳукумат ва ҳам дар зинаҳои поёнӣ муборизаи шадид анҷом бигирад. Оё мубориза бо ришвахорӣ қонеъкунанда аст?

Алиакбар Абдуллоев: Албатта, не, албатта, не. Аз соли 2006 ба ин сӯ якчанд қонунҳо қабул шуданд. Чӣ мубориза бо фасод, чӣ қавитар гаштани чунин мубориза бар зидди фасод ва ҳатто ташкил додани як сохтори ҳукумкатӣ барои мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон ва як қатор корҳои дигар. Дар ин байн Тоҷикистон узви чандин созмони байналмиллалии зидди фасод низ шуд. Конвенсияи СММ доир ба мубориза бо фасодро низ ба имзо расонд. Ҳарчанд аз тарафи созмони Трансперенсӣ Интернешенал, ки ҳар сол вазъи коррупсия дар ин ё он давлатро баҳогузорӣ мекунад, Тоҷикистон дар ҷои он қадар хуб нест. Дар байни 176 кишвар дар ҷои 157 ҷойгир шудааст.
XS
SM
MD
LG