Пайвандҳои дастрасӣ

"Шавҳарам маро гирифтори СПИД кард, аммо чӣ чора?"


Яке аз занҳои гирифтори ВИЧ

Яке аз занҳои гирифтори ВИЧ

Дар вилояти Хатлон ҳудуди 500 зан гирифтори вируси ВИЧ будаанд. Аксари онҳоро шавҳарони муҳоҷиронашон олуда кардаанд, вале ин занҳо ба хотири ҳифзи оила лаб ба шикоят намекушоянд.

Тибқи иттилои Маркази табобати бемории СПИД дар вилояти Хатлон, ҳудуди 500 зан дар ин вилояти ҷануби Тоҷикистон ба ВИЧ - ангезандаи бемории норасоии масунияти бадан гирифтор буда, ҳамагӣ аз шавҳарҳои муҳоҷири худ олуда шудаанд. Дар ҳоле ки бархе мардҳои мариз баъди бозгашт аз муҳоҷират дидаву дониста ва бидуни эҳтиёт бо ҳамсарҳои худ ҳамхоба шудаанд, ҳеҷ яке аз ин занҳо гапи хонаро ба берун накашидаанд.

Созмонҳои иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, занҳое ки ба вируси ВИЧ – ангезандаи бемории СПИД аз шавҳарҳои худ олуда шудаанд, беморияшонро сирри хонаводагӣ медонанд ва ҳамсарҳои худро гунаҳкор намешуморанд.

Бештари ин занҳо замоне аз олуда шудани худ ба вируси ВИЧ огаҳ шудаанд, ки ҳомила шуда, барои хунсупорӣ ба духтур муроҷиат карданд.

Мавҷудаи 34-сола, сокини ноҳияи Бохтар чор фарзанд дорад. Ӯ мегӯяд, ки шавҳараш аз соли 2009 дар Маскав кор мекард, аммо соли 2014 ба иллати печидан ба вируси ВИЧ аз қаламрави Русия берун карда шуд. Ин мард баъди бозгашт бемориашро аз ҳамсараш пинҳон дошт ва ӯро низ ба ин дарди бедармон гирифтор кард.

Мавҷуда мегӯяд, ки танҳо моҳи феврали соли равон, вақте барои санҷиши марҳилаҳои охири ҳомилагӣ ба духтур муроҷиат кард, ба ӯ гуфтанд, ки ба вируси норасоии масунияти бадан олуда шудааст. Табибон шавҳари ӯро низ ба сӯҳбат даъват карданд. Ин мард қоил шудааст, ки ҳанӯз дар Русия гирифтори ВИЧ шуд, вале ба хотири ҳифзи оилааш ҳақиқатро ба занаш ошкор накардааст.

Шавҳари Мавҷуда баъди ихроҷ, дигар ба муҳоҷират рафта наметавонад. Ӯ ҳоло дар бозорҳои шаҳри Душанбе аробакашӣ мекунад. Ин хонавода - зану шавҳар ва кӯдаки навзоди онҳо, ки бо ин беморӣ таваллуд шудааст, таҳти назорати духтурон қарор дорад.

Мавҷуда, ки як зани хонашин аст, мегӯяд, илова бар инки шавҳараш ӯро дидаю дониста ба ин беморӣ гирифтор кардааст, дар хонаи шавҳар зиндагии осоишта надорад. Хонаводаи шавҳар аз ӯ ва кӯдакаш парҳез мекунанд. Ӯ ҳоло бисёр вақт дар хонаи падараш зиндагӣ мекунад.

“Чаҳор фарзанд дорам, дар хонаи падарам ҳастам. Шавҳарам ба ин беморӣ манро гирифтор кардааст, аммо чандон ба ман аҳамият намедиҳад. Илова бар ин, бо ман муносибати хуб надоранд," - мегӯяд Мавҷуда.

Мавҷуда мегӯяд, ки хонаводаи шавҳар дар бораи роҳҳои сирояти ин беморӣ огоҳии зиёд надорад, ба ин хотир аз ӯву кӯдакаш дурӣ меҷӯянд, то ки сироят наёбанд.

Даҳҳо зан дар ин вилояти калонтарини кишвар, ки аз оғози раванди муҳоҷират ва умдатан дар натиҷаи равобити маҳрамонаи дарҳаму барҳами шавҳарҳояшон дар Русия ба вируси ВИЧ – ангезандаи бемории қаттоли СПИД - олуда шудаанд, зиндагии осуда надоранд ва умри худро аксаран дар инзивоъ мегузаронанд. Онҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ ҳам мустақил нестанд ва намехоҳанд мардҳоеро, ки онҳоро ба ин маризии ваҳшатнок гирифтор кардаанд, ба додгоҳ бикашанд ё аз онҳо талоқ бигиранд.

Санавбари 32-сола, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа модари ду фарзанд аст ва ӯро соле пеш ҳамсараш ба вируси ВИЧ олуда кардааст. Санавбар мегӯяд, дигар дар зиндагии муштараки онҳо муҳаббат ҷой надорад, вале ӯро тарси бева мондан ва бесаробонии фарзандон дар хонаи шавҳараш нигоҳ доштааст.

“Дар назорати духтурон қарор дорам, шавҳарам низ намехоҳад, ки беморияшро нафаре бифаҳмад. Ягонҷо шикоят накардаам, духтурон мегӯянд, ки аз косаю табақ намегузарад, вале гоҳо наздиконамон аз мо ҳазар мекунанд, ки бемор нашаванд. Онҳо намедонанд роҳҳои гузариши ин бемориро,” – мегӯяд Санавбар.

Ягона таскини дили Санавбар ин аст, ки шавҳараш ӯро ноогоҳона олуда кардааст, зеро ӯ низ намедонистааст, ки ба вируси норасоии масунияти бадан сироят ёфтааст. Аммо ҳамсӯҳбати аввали мо Мавҷуда бисёртар аз ин дилхун аст, ки чӣ тавр ҳамсараш дидаву дониста ӯву кӯдакашро гирифтор кард?

Бо ин вуҷуд ки васоили марбут ба “равобити боамнияти ҷинсӣ” дар Тоҷикистон низ фурӯхта мешавад ва ҳатто дар бемористонҳои занона ба таври ройгон дода мешавад, вале бисёриҳо ба далоили мухталиф аз истифодаи ин васоил ҳазар мекунанд. Мардҳое ҳам, ки занҳои худро олуда кардаанд, ё аз ин василаҳо бехабаранд ва ё хатари бемории СПИД –ро намедонистанд.

Акрам Давлатов, сардори маркази бемориҳои ВИЧ ва СПИД-и вилояти Хатлон мегӯяд, ки тибқи қонунҳои Тоҷикистон, нафаре, ки дидаю дониста нафари дигарро ба ин беморӣ гирифтор мекунад, ба ҷавогарӣ кашида мешавад: “Ҳар як нафаре, ки гирифтори вируси норасоии масъунияти одам мебошад, ба онҳо суҳбат мешавад ва забонхатҳояшон гирифта мешавад, ки агар дидаю дониста ба ин беморӣ нафари дигареро гирифтор созанд, тибқи қонун то 5 сол аз озодӣ маҳрум мешаванд. Вале то ҳол нафаре шикоят накардааст. ”

Занони гирифтори ВИЧ-СПИД асосан ба созмонҳои иҷтимоӣ рози дил мекардаанд ва машварати ҳуқуқӣ мепурсанд, аммо ҳеҷ яки онҳо то ҳол корро то додгоҳ нарасондааст.

Тибқи иттилои расмӣ, дар вилояти Хатлон 1576 нафар гирифтори ВИЧ-СПИД ба сар мебарад, ки бештари онҳо мардҳои муҳоҷир буда, бархе занҳо ва кӯдакони навзоди худро олудаи ин вирус кардаанд. Дар миёни ин беморон афроде ҳаст, ки аз роҳи сӯзандору ва наъшамандӣ ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG