Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз Русия - бо бемории сил


Лаҳзае аз сӯҳбати хабарнигори Озодӣ Орзуи Карим (рост) бо Шерматбой Қосимов

Лаҳзае аз сӯҳбати хабарнигори Озодӣ Орзуи Карим (рост) бо Шерматбой Қосимов

Танҳо дар вилояти Хатлон 280 муҳоҷир ба далели гирифторӣ ба бемории сил аз Русия ихроҷ шудаанд. Инҳо танҳо касоне ҳастанд, ки баъди бозгашт барои табобат муроҷиат кардаанд.

Шерматбой Қосимов, сокини 20-солаи шаҳри Сарбанд баъди хатми мактаби миёна дар соли 2014 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафт. Мисли ҳазорон ҷавони дигари тоҷик - барои дарёфти пул. Аммо муҳоҷират ба ӯ ҷуз бемори сил чизи дигаре надод ва ҳамин беморӣ сабаби ихроҷи Шерматбой аз Русия шуд.

Шерматбой Қосимов мегӯяд, азбаски шароити идомаи таҳсилро надошт, падараш, ки дар шаҳри Екатеринбурги Русия мардикорӣ мекард, ӯро ба наздаш хонд. То дар бараш рост шаваду барои таъмини хонавода кӯмак кунад. Ҳарду падару писар дар ин шаҳри Русия корҳои мухталиферо, мисли таъмиру рангубори хонаҳо ва боркашонӣ дар бозорҳо анҷом медодаанд.

Сулфаи зиёд ва бемадорию беиштиҳоӣ ӯро ба бемористон бурд. Табибон дар бадани Шерматбой нишонаҳои бемории силро ташхис карданд. Ӯ мегӯяд: "Грипп шудам, худамро аҳамият надодам, сулфа мезадам, гуфтанд, гӯшти гӯсфанд бихӯр, хуб мешавӣ. Аммо сиҳат нашудам, ҳароратам баланд шуд. Маҷбур дар бемористон хоб кардам. Онҷо гуфтанд, ки бемории сил дорам."

Баъди ин корфармоёни рус аз ҳамкорӣ бо Шерматбой даст кашиданд ва азбаски қонунҳои Русия ихроҷи муҳоҷирони гирифтори бемориҳое, чун силро ҳатмӣ кардааст, қаҳрамони моро аз Русия берун карданд.

Шерматбой Қосимов

Шерматбой Қосимов

Шерматбой чор моҳ пеш ба Тоҷикистон баргашт ва ду моҳ боз бистарӣ шуда, дар назорати духтурон қарор дорад. Ӯ мегӯяд, шароити бади корӣ ва гуруснагию набуди хобгоҳи гарм дар Русия аз омилҳоест, ки муҳоҷирони тоҷикро ба чанги бемориҳое, чун сил меафканад: "Ҷавононеро медонистам, ки дар бомҳову дар маконҳои ифлос хоб мерафтанд, ки касал шуданашон мумкин буд. Аз Тоҷикистон занг мезананд, мегӯяд, ки ҳама хуб аст. Аммо дар асл шароит хуб нест онҷо."

Шерматбой мегӯяд, ки дигар намехоҳад ба муҳоҷират равад, чун дар синни ҷавонӣ онҷо ба беморие, ки табобаташ тӯлонист, гирифтор шуд.

Аммо Шаҳобиддини 35-сола ва Искандари 31-сола, ки онҳо низ охирҳои соли 2015 ба хотири гирифторӣ ба бемории сил аз Русия депорт шудаанд, назари дигар доранд. Онҳо мегӯянд, ки мехоҳанд ҳарчӣ зудтар табобат ёфта, барои чархондани аробаи зиндагиашон боз ба Русия баргарданд.

Тошмурод Аланазаров, духтури бемориҳои сил мегӯяд, ки агарчи ин муҳоҷирон майли бозгашт ба муҳоҷиратро доранд, аммо бемории сил онҳоро дар Русия барои як умр "доғдор"мекунад: "Ин муҳоҷирон метавонанд, ки баъди табобати пурра ба муҳоҷират раванд, аммо доғҳои пасмондаи сил, ки тамоми ҳаёт дар бадани беморон боқӣ мемонад, метавонад сабаб шавад, ки инҳоро дигар қабул накунанд. Ҳарчанд ин доғҳои бозмондаи сил ба дигарон сироят намекунад."

Тибқи омори раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон, дар як соли охир танҳо ба ин вилоят 280 муҳоҷирро ба далели бемории сил аз Русия депорт кардаанд. Ин танҳо онҳоеянд, ки баъди бозгашт ба духтурон муроҷиат кардаанд.

Сӯҳроб Камолов, як масъули беморхонаи бемориҳои сили вилояти Хатлон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар миёни муҳоҷирони депортшуда, ки гирифтори бемории сил будаанд, ҳудуди 50 зан низ ҳаст.

Аммо танҳо бекорӣ нест, ки ин муҳоҷирони бемор баъди ихроҷ аз Русия рӯбарӯ мешаванд. Хатари дигар эҳтимоли аз ин муҳоҷирон ба аъзои хонаводаашон сироят ёфтани вируси сил аст.

Идимоҳ, зане аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ мегӯяд, ки ӯро шавҳари муҳоҷираш гирифтори бемории сил кардааст: "Шавҳарам дар муҳоҷират буд. Хун мепартофт, рафта ду моҳ табобат гирифт ва ҳоло сиҳат шудааст. Вале дар ин миён маро гирифтор кард ва ҳоло ман ду ҳафта боз дар бемористонам.”

Тибқи иттилои расмӣ, дар маҷмӯъ дар вилояти Хатлон беш аз 5 ҳазор гирифтори бемори сил сабти ном шудааст.

Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон мегӯяд, ки тибқи қонунҳои нави Русия муҳоҷироне, ки гирифтори бемории сил ҳастанд, танҳо бо гузашти 20 сол метавонанд ба муҳоҷират раванд. Пас қаҳрамони мо Шерматбой Қосимов ҳам, ки ҳоло 20 сол дорад, танҳо дар 40-солагӣ ҳаққи бозгашт ба Русияро пайдо мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG