Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати Зиёдбеки 17-сола... аз дасти раиси бозор


Бозори "Назари нек" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Бозори "Назари нек" дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

​Ҳоҷӣ Рустам Ҷӯраев, раиси бозори “Назари нек” дар марги Зиёдбеки 17-сола муттаҳам мешавад. Мақомот мегӯянд, ин навҷавон дар пайи латту кӯби раиси бозор ва ду масъули бахши бехатарии он ба ҳалокат расидааст.

Мақомоти умури дохилии вилояти Суғд Ҳоҷӣ Рустам Ҷӯраев -- соҳибкори муваффақ ва раҳбари бозори “Назари нек” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро дар марги як тарбиятгирандаи мактаб-интернати шаҳри Чкалов айбдор мекунанд. Як манбаъ аз Идораи умури дохилии Суғд гуфт, оқои Ҷӯраев ин тарбиятгирандаи мактаб-интернатро, ки ятими кулл будааст, ба баҳонаи дуздияш зери латту кӯби шадид қарор медиҳад. “Дар натиҷа, Зиёдбек Ҷӯраеви 17-сола ҷон додааст”,-гуфт манбаъ.

Ин воқеа соати шаби 15 ба 16 январи соли ҷорӣ дар бозори “Назари нек”-и Бобоҷон Ғафуров иттифоқ уфтода, барои латту кӯб ва марги Зиёдбек сардори бахши бехатарии бозор – Аҳлиддин Файзиеви 37-сола ва корманди ҳамин бахш – Бобурҷон Юсуфови 29-сола низ муттаҳаманд. Мақомот мегӯянд, дар он рӯз Зиёдбек ҳамроҳи дӯсташ - Эраҷ Исоеви 16-сола вориди фурӯшгоҳи “Сабрина” дар “Бозори нек” шуда, аз хазинаи он 386 сомониро бо худ гирифтаанд. Як шоҳиди воқеа, ки нахост аз ӯ ҳам ном бурда шавад, гуфт, ҳангоми зарбу лат наврасон гӯиё фарёд задаанд, ки гурусна монда буданд ва мехостанд шикамашонро сер кунанд.

Ҳоло Эраҷ Исоев, ки дар пайи латту кӯби масъулони “Бозори нек” ҷароҳат бардоштааст, дар бемористон бистарӣ будааст. Манбаи мо дар Идораи умури дохилии Суғд гуфт, марҳум Зиёдбек зодаи ноҳияи Айнӣ буда, ҳамроҳи як хоҳару додараш дар мактаб-интернати шаҳри Чкалов ба сар мебурд. Манбаъ меафзояд, Зиёдбек фарзанди калонӣ буд ва мушкили ду аъзои хурди оилаашонро низ ба танҳоӣ мекашид.

Идораи умури дохилии Суғд мегӯяд, ҳоло дар баробари Ҳоҷӣ Рустам Ҷӯраев ва ду масъули бахши бехатарии бозори “Назари нек” дар Бобоҷон Ғафуров бар асоси моддаи 110-и Кодекси ҷиноӣ, яъне қасдан расондани зарари ҷисмонӣ, ки боиси марг шудааст, парванда боз кардаанд.

Дуздӣ дар Тоҷикистон бар асоси қонунҳо ҷории кишвар муҷозот дорад ва то кунун ҳам даҳҳо тан аз навҷавонон барои дуздӣ боздошт шудаанд. Вале ин ҳодисаи бесобиқа аст, ки барои дуздӣ наврасон аз сӯи масъулини бозор мавриди “ҳукм” қарор гирифтаанд. То ин дам масъулони бозори “Назари нек” дар робита ба ин қазия изҳори назар накардаанд.

XS
SM
MD
LG