Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаъоли "Гурӯҳи 24" дар ростои истирдод ба Тоҷикистон


Абдурашид Ҳомидов. Акс аз видеои Ютуб

Абдурашид Ҳомидов. Акс аз видеои Ютуб

Як фаъоли созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" дар пешорӯи истирдоди эҳтимолӣ аз Туркия ба Душанбе қарор дорад. Абдурашид Ҳомидови 26-сола, яке аз барандаҳои гуфтори видеоии ин гурӯҳ дар YouTube, ҳоло дар боздоштгоҳи шаҳри Аданаи Туркия нигаҳдорӣ мешавад. Сохторҳои амниятии Тоҷикистон истирдоди Ҳомидовро бо иттиҳоме дархост кардаанд, ки ӯ, ба гуфтаи онҳо, шахси хатарнок аст ва метавонад даст ба ҳамлаҳои террористӣ занад.

Аммо вакили дифои Абдурашид Ҳомидов мегӯяд, аз оғози боздошт дар Туркия ӯ ҳамеша ба бегуноҳии худ таъкид кардааст ва иддао мекунад, ки парвандааш ангезаҳои сиёсӣ дорад.

Рӯзи 4 август Надежда Атаева, раиси Анҷумани ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ бо пахши изҳороте гуфт, фаъоли "Гурӯҳи 24" Абдурашид Ҳомидов рӯзи ҷумъа аз Истамбул ба Душанбе истирдод мешавад. Дар як сӯҳбат бо Озодӣ аз шаҳри Порис Атаева гуфт, як нафари мавриди эътимоди Анҷумани ҳуқуқи башар дид, ки "Ҳомидов дар даст билети ҳавопаймои Душанберо барои рӯзи ҷумъа дошт ва аллакай аз як озмоиши тиббӣ ҳам гузашта буд. Афсурда ба назар мерасид".

Надежда Атаева

Надежда Атаева

Атаева гуфт: "Ҳомидов аз соли 2014 дар Туркия зиндагӣ мекунад. Ӯ як аризадиҳандаи Комиссариати олии СММ оид ба муҳоҷирон аст ва Туркия хуб медонад, ки дар Тоҷикистон мухолифонро таъқиб ва шиканҷа мекунанд. Мо мутмаинем, ки қарори истирдоди ӯ ангезаҳои сиёсӣ дорад. Баъди ҳодисаҳои охир дар Туркия Эрдуғон аз сиёсати саркӯб кор гирифтааст. Ӯҳдадориҳои байналмилалии ҳукумат поймол мешавад. Дар ин охирҳо 300 журналист боздошт шуда, 40 ҳазор нафар аз паспорти худ маҳрум шуданд. Вазъияти Туркия худ аз худ мояи нигаронии ҷомеаи демократӣ аст. Ва ман, ҳамчун як фаъоли ҳуқуқи инсон, аз сарнавишти муҳоҷирони сиёсие дар ташвиш ҳастам, ки як замон дар Туркия барои худ сарпаноҳ ёфта буданд". Вай гуфт, хатари ба Тоҷикистон истирдод шудани Ҳомидов воқеӣ аст ва ​дар сурати таслими ӯ ба мақомоти тоҷик, ӯро шиканҷаву азияти зиёд таҳдид мекунад.

Дар Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон ба Озодӣ дар робита бо эҳтимоли истирдоди Ҳомидов изҳори бехабарӣ карданд. Дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД-и Тоҷикистон танҳо гуфтанд, ки дар бораи шахсияти Ҳомидов ҳамчун нафаре, ки тавассути Интернет ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекунад, хабар доранд. Дар сафорати Тоҷикистон дар Анкара ба Озодӣ гуфтанд, ки аз рӯи муқаррароти байналмилалӣ оид ба истирдоди шаҳрвандон, мақомоти Туркия бояд ҳатман қарори депортатсияи як шаҳрванди хориҷиро ба сафоратхонаи кишвараш бирасонад.

"Дар ҳоле, ки хориҷии боздоштшуда ҳақ дорад факти боздошт шуданаш дар хоки кишвари хориҷиро аз сафорат пинҳон кунад ва тафтишотро ҳам дархост кунад, ки сафоратро дар ҷараён нагузоранд, шароити экстрадитсия фарқ мекунад. Дар сурати қарори экстрадитсия ё таслими боздоштшуда ба мақомоти кишвараш, сафорат ҳатман дар ҷараён гузошта мешавад. То ҳол дар бораи истирдоди Абдурашид Ҳомидов иттилое аз ҷониби мақомоти туркӣ ба сафорати Тоҷикистон нарасидааст," - гуфт як манбаи Озодӣ.

Энес Кафадар, вакили дифои Абдурашид Ҳомидов дар як сӯҳбати телефонӣ бо Озодӣ аз шаҳри Истамбул рӯзи 5 август гуфт, феълан хабари ба Тоҷикистон истирдод шудани зерҳимояи худро тасдиқ карда наметавонад. Кафадар гуфт, ширкати адвокатии ӯ дар Адана ҳам намояндагӣ дорад ва ҳамкори ӯ дар ин шаҳр, ки бо Ҳомидов кор мекунад, хабари истирдоди ӯро тасдиқ накард.

Вай гуфт, аз рӯи иттилои охир, баррасии қазияи Ҳомидов дар додгоҳ ҳанӯз хотима наёфтааст. Ӯ гуфт, аз рӯи қонун, то анҷоми пурраи ин муҳокимаҳо, ҳукумати Туркия ҳақ надорад, ки боздоштшударо ба Тоҷикистон истирдод кунад. Вай гуфт, ки дар охирин мурофиа воқеан ҳам додгоҳ қарори истирдоди Ҳомидовро содир кард, вале худи ӯву вакилонаш дафъатан аз болои ин қарор шикоят карданд.

"Ҳоло бояд баррасии шикояти ҷониби айбдоршаванда аз болои қарори додгоҳ баррасӣ шавад," - гуфт Кафадар ва то он замон ҳеҷ додгоҳ ва ё ҳукумате ҳақ надорад шахси гумонбарро ба кишвараш таслим кунад. Кафадар гуфт, ки дар аризаи сохторҳои амниятии Тоҷикистон ба унвонии ҳукумати Туркия гуфта шудааст, ки "Ҳомидов қодир ба анҷоми ҳамлаҳои террористӣ аст ва метавонад барои мардуми зиёд хатар эҷод кунад", вале, ба гуфтаи вакили дифоъ, далелҳои собиткунандаи ин таҳдидҳо ва ҷиноятҳоро пеш наовардааст. "Аз ҳамин хотир, - гуфт вакили дифоъ, - ҳанӯз айбномаи расмӣ ба Ҳомидов аз ҷониби додгоҳи Туркия пеш гузошта нашудааст".

Барои ташкили куштори Умаралӣ Қувватов шаҳрванди Тоҷикистон Сулаймон Қаюмов (аз чап) дар Туркия ба ҳабси абад маҳкум шудааст

Барои ташкили куштори Умаралӣ Қувватов шаҳрванди Тоҷикистон Сулаймон Қаюмов (аз чап) дар Туркия ба ҳабси абад маҳкум шудааст

Сӯҳроби Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24" рӯзи 5 август дар сӯҳбат бо Озодӣ хабари ба Тоҷикистон истирдод шудани Ҳомидовро тасдиқ накард. Ӯ гуфт, ки бори охир бо Ҳомидов рӯзи 4 август телефонӣ сӯҳбат дошт ва ӯ аз дохили боздоштгоҳ дар шаҳри Адана гуфт, ки "бояд рӯзи 5 август ба Тоҷикистон истирдод шавад". Вале имрӯз, гуфт раҳбари «Гурӯҳи 24», Ҳомидов «дар маҳкамаи Адана қарор дорад". Ба иттилои ӯ, ҳанӯз қабл аз кушта шудани муассиси «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов, инҳо чор нафар - Умаралӣ Қувватов, Ҳусейн Ашӯров, Сӯҳроби Зафар (Сӯҳроб Тӯраев) ва Абдурашид Ҳомидов аз Туркия ва СММ дархости паноҳандагӣ карда буданд.

Баъд аз қатли Қувватов дар 5 марти соли 2015, ҳукумати Туркия ба се нафари аризадиҳанда ҳаққи паноҳандагӣ дар ин кишварро дод ва Абдурашид Ҳомидов аз рӯи ин қарор барои зиндагӣ дар шаҳри Алязиғ фиристода шуд. Аз рӯи муқаррарот, гуфт ӯ, дар ду ҳафта як бор Абдурашид Ҳомидов барои сабти ном ва додани изи ангуштонаш ба идораи пулиси маҳаллӣ ҳозир мешуд ва дар яке аз охирин дидораш бо пулис 15 апрели соли ҷорӣ боздошт шуд. Ба гуфтаи Сӯҳроби Зафар, баъди Алязиғ Ҳомидовро ба шаҳри Эрзурум барои як моҳи боздошт ва аз он ҷо ба шаҳри Адана интиқол доданд. Тахминан се моҳи охир, ба гуфтаи ӯ, Ҳомидов дар ҳамин шаҳр дар боздошгоҳ нигоҳдорӣ мешавад.

Созмони «Гурӯҳи 24» соли 2014 бо қарори Додгоҳи олӣ як созмони экстремистӣ ва мамнӯъ дар қаламрави Тоҷикистон эълон шудааст. То имрӯз, бо ҳисоби ҳомиёни ҳуқуқ, беш аз 20 нафар дар Тоҷикистон бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.

Шабнам Худойдодова ҳоло паноҳанда дар Полша аст

Шабнам Худойдодова ҳоло паноҳанда дар Полша аст

Танҳо дар Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ 12 нафар бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” ва “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шудаанд. Вале дар бархе ҳолатҳо, баъди таҳқиқи қазияҳояшон дар кишварҳои сеюм аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи маҳаллӣ озод шуданд. Аз ҷумла, солҳои 2015 ва 2016 Собир Валиев дар Молдова тақрибан 40 рӯз ва Шабнам Худойдодова дар Беларус беш аз 8 моҳро дар боздошт сипарӣ карда баъдан озод шуданд. Кишинёв ва Минск дархости истирдоди онҳо ба Душанберо рад карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG