Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Инқилоб"-и телевизиони Пойтахт


Телевизиони "Пойтахт" бо ҷалби рӯзноманигорони "ҳукуматӣ"-ю "ғайриҳукуматӣ" ният дорад, аз шабакаҳои дигари миллӣ пеш гузарад.

Телевизиони шаҳрдории Душанбе, “Пойтахт”, талош дорад, дар бозори телевизионҳои Тоҷикистон бо шабакаҳои саросарии давлатӣ дасту панҷа нарм кунад. Ин шабака аз 1-уми ноябр ба пахши 24-соатаи барномаҳояш шурӯъ кард ва ният дорад то якуми январ ба моҳвора ҳам пайваст шавад.

Абдуқодири Абдуқаҳҳор, раиси тозатаъйини “Пойтахт” мегӯяд: "Дар ду рӯзе, ки ба пахши шабонарӯзӣ гузаштем, бештар аз сӣ фисади тамошобинҳои шабакаҳои машҳури миллӣ алакай ба шабакаи «Пойтахт» гузаштанд. Тими нави мо, ки аз 15 то 30 нафарем, як навъ рекорд ҳам мондем. Дар 24 рӯз мо шабакаро 24-соата кардем."

Иқдоми дигари “Пойтахт” ҷалби журналистони шинохтаи ба истилоҳ «ҳукуматӣ»-ву ғайри «ҳукуматӣ», ба мисли Рустами Ҷонӣ, Орзу Исоев, Комилҷон Холов, Сайёфи Мизроб ва Сафаргул Олимӣ будааст. Ба бовари коршиносон, дар шароите, ки шабакаҳои расмии телевизионӣ бештар банди таҳияи барномаҳои тафреҳиву консертӣ ва таблиғотианд, ТВ “Пойтахт” метавонад ҷои онҳоро дар ин майдон танг кунад. Дар сурате, агар тавонад ба як минбари озоди бесонсур табдил ёбад.

Раҷаби Мирзо, роҳбари созмони сотсиологии «Бозтоб», мегӯяд, дар Тоҷикистон барои як шабакаи телевизионӣ холигоҳҳое вуҷуд доранд ва як шабакаи нав метавонад шумори бештари бинандагонро ҷалб кунад.

Саймуддин Дӯстов, муассиси нашрияи «Нигоҳ», сабаби камрақобатӣ дар бозори телевизонҳои Тоҷикистонро аз дигар ҷо медонад: "Маблағи муайян ҷудо карда мешавад барои кумитаи радио ва телевизион ва муассисаҳои алоҳидаи давлатии телевизионӣ ва онҳо тибқи ин буҷа кор мекунанд. Пас, ҳеҷ пешравӣ дар ин самт нахоҳад буд, зеро механизми маблағгузорӣ маҷбур месозад, дар он ҷо рақобат набошад. Шакли беҳтарин маблағгузорӣ ин аст, ки худи телевизион бояд фармоишгар бошад ва студияҳои алоҳидаи телевизионӣ ва гурӯҳҳои алоҳидаи эҷодӣ барномаҳоро омода кунанд ва ба ин телевизион бифурӯшанд."

Тағйироти ахир дар ТВ «Пойтахт» дар пайи истихдоми Абуқодири Абуқаҳҳор дар як моҳи пеш оғоз ёфт. Дар матбуот ба ин таъйиноти кадрӣ билофосила тобиши сиёсӣ дода, навишта буданд, ки Маҳмадсаид Убайдуллоев шаҳрдори Душанбе, пас аз баҳсҳои додгоҳӣ бо Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон дар фикри ислоҳи ТВ «Пойтахт» шудааст. Аммо бархе дар маҳофил тағйири ба истилоҳ “сурат ва сират” дар ТВ Пойтахтро ба интихоботи як сол баъди президентии Тоҷикистон бастагӣ медиҳанд.

Фирдавси Низом,
донишҷӯи ДМТ

Хонандаи азиз, моро дар шабакаҳои Facebook, Twitter ва Youtube низ ҳамроҳӣ кунед!
XS
SM
MD
LG