Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бехабарии Додситонии кулл ва пойбандии Киев ба тааҳҳудот


Додситонии кулли Тоҷикистон аз раҳо шудани нахуствазири пешини кишвар Абдумалик Абдуллоҷонов аз зиндоне дар Украина, изҳори бехабарӣ кард.

Абдуқодир Муҳаммадиев, муовини аввали Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 5-уми апрел ба «Озодӣ» гуфт, ки мақомоти Укроин дар мавриди тасмими раҳо шудани Абдумалик Абдуллоҷов ба таври расмӣ Додситонии кулли Тоҷикистон ё дигар мақомоти тоҷикро дар ҷараён нагузоштаанд.

Абдуқодир Муҳаммадиев афзуд, ки бо вакили дифои Абдуллоҷонв ҳам ҳеҷ гуна иртибот надоштанд ва аз раҳо шудани Абдуллоҷонов танҳо аз тариқи васоити ахбор огоҳ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони «Перестпектива плюс» раҳоии Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазири Тоҷикистон ва яке аз мухолифони ҳукумати феълиро иҷрои тааҳҳудоти байналмилалии Украина арзёбӣ кард.

Вай рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат бо "Озодӣ" гуфт, аз оғоз маълум буд, ки Киев Абдуллоҷоновро ба Душанбе истирдод намекунад ва сабабаш низ маълум аст, ки Украина ба хотири ин шахс, санадҳои байналмилалиро нақз нахоҳад кард ва муносибаташро низ бо кишварҳои Аврупо ва созмонҳои байналмилалӣ бад намекунад. Ҳамзамон ба гуфтаи ин ҳуқуқдони тоҷик, «Абдуллоҷонов паноҳандагии сиёсии Амрикоро дорад ва Украина ин тасмимашро дар чорчӯби ин муқарароти қонунӣ гирифтааст."

Ба таъкиди Ойниҳол Бобоназарова, Тоҷикистон дар масъалаи истирдоди Абдуллоҷонов, расмиёти байнидавлатиро иҷро кард, вале маълум аст, ки овардани вай ба Тоҷикистон барои ин ҳукумату ҷомеа манифат надорад: «Мутаассифона ҳукумати феълӣ таҳлилгари хуб надорад. Агар таҳлилгари хуб мебуд, дунболи ин кор намешуд, баракс дар фикри оянда ва рушди ин кишвар мешуд. Бо овардани Абдуллоҷонов, боз миёни ҷомеа хотироти солҳои пешро ҳувайдо кардан, кори хубе нахоҳад буд.»

Ба ин далел Бобоназарова, умедвор аст, ки ҳукумати Тоҷикистон бояд бештар дар фикри беҳбудии кишвар ва бароварда кардани ниёзҳои мардуми худ бошад.

Ин дар ҳолест, ки Андрей Федур-вакили мудофеи Абдуллоҷонов рӯзи панҷшанбеи 4-уми апрел дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Озодӣ гуфт, ки нахуствазири собиқи Тоҷикистон бо қарори додситони кулли Украина аз боздошт озод шуд.

Додситонии кулли Украина қарор кард, ки собиқ сарвазири Тоҷикистон ба Душанбе истирдод намешавад ва шоми панҷшанбе, 4 апрел аз зиндони украинӣ раҳо гашт. Вакили мудофиаи ӯ Андрей Федур дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки бар пояи бахши 2-уми моддаи 590 Кодекси ҷиноии Украина Додситонии кулли ин кишвар аз истирдоди Абдуллоҷонов ба Тоҷикистон худдорӣ мекунад. Абдуллоҷонови 64-сола рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи байналмилалии "Бориспол", дар канори Киев боздошт ва рӯзи 7 феврал ба ҳабси муваққат маҳкум шуд. Тибқи ҳукми
Андрей Федур ва Абдумалик Абдуллоҷонов дар додгоҳ
Андрей Федур ва Абдумалик Абдуллоҷонов дар додгоҳ
додгоҳ, рӯзи 15 март ӯ ба мӯҳлати то 12 моҳ ба ҳабси истирдодӣ гирифта шуд. Боздошти ӯ тибқи дархости Тоҷикистон тавассути полиси байналмилалӣ - Интерпол сурат гирифт.


Андрей Федур мегӯяд, Абдумалик Абдуллоҷонов аллакай дар озодӣ ба сар мебарад, вале бо сабабҳои амниятӣ аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекунад. Абдуллоҷонов дар соатҳои наздик Киевро тарк карда ба ИМА бармегардад – кишваре, ки барояш дар соли 1999 мақоми паноҳандаи сиёсӣ додааст. Федур гуфт, Абдуллоҷонов “як марди шоиста аст ва тамоми мушкилиҳоро дар давоми ду моҳи боздошташ мардонавор пушти сар кард”.
Рӯзи панҷшанбе хабаргузории Итар-Тасс аз қавли додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки Душанбе ҳамоно ба истирдоди Абдуллоҷонов исрор хоҳад варзид.

Абдуллоҷонов аз чеҳраҳои шинохтаи даҳаи аввали соли 1990 аст. Ӯ 21-уми сентябри соли 1992 бо қарори Шӯрои олии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи нахуствазир ва сипас 20-уми ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Қасри Арбоб, нахуствазири Тоҷикистон таъин шуда, то 18-уми декабри соли 1993 дар ин вазифа кор кард. Сипас муддате сафири Тоҷикистон дар Русия буд.


Пас аз бохти сабқати президентии моҳи ноябри соли 1994 ба рақибаш Эмомалӣ Раҳмон (он замон Раҳмонов) ӯ аз кишвар хориҷ шуд. Абдуллоҷонов дар ғиёб бо даст доштан дар сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳур, ҳамкорӣ бо полковники шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев, ки дар соли 1998 аз қаламрави Узбакистон ба шимоли Тоҷикистон ҳуҷум кард ва як идда ҷиноятҳои иқтисодӣ гунаҳкор дониста шудааст.
XS
SM
MD
LG