Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуллоҷонов: Аз ҳукми додгоҳ розӣ нестам


Собиқ нахуствазири Тоҷикистон гуфт, аз болои ҳукми додгоҳи ноҳиявии Бориспол ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят мекунад.

Як додгоҳи Украина рӯзи 7 феврал ҳукм кард, ки Абдумалик Абдуллоҷонов ба мӯҳлати то 40 рӯз дар боздоштгоҳ нигоҳ дошта шавад. Дар ин мӯҳлат мақомоти Тоҷикистон бояд дархости истирдод ва далели мӯътамади даст доштани собиқ нахуствазирро дар ҷиноятҳои сангин ироа кунанд.

Баъди анҷоми мурофиаи рӯзи панҷшанбе Абдумалик Абдуллоҷонов ба саволҳои хабарнигори радиои Озодӣ дар Киев посух дод. Вай гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ нест:

- Ман албатта умед доштам, ки додгоҳ як қарори дуруст мебарорад. Ман қонеъ нестам, вале чӣ кор ҳам карда метавонам? Ин додгоҳ аст ва ман ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят мекунам. Умедворам, ки дар Украина шахсиятҳое пайдо мешаванд, ки воқеиятҳои имрӯзро дарк мекунанд. Ҳоло солҳои 1980 нест ва Украина ба самти Итииҳодияи Аврупо ҳаракат мекунад. Умедворам, ки қарори дуруст қабул мешавад.

Дар посух ба ин суол, ки дар сурати истирдод шуданаш ба Тоҷикистон оё хатаре ба ӯ таҳдид мекунад, Абдуллоҷонов посухи мусбат дод ва гуфт, умедвор аст, ки ӯро дар ниҳоят ба Тоҷикистон истирдод намекунанд.

  • Агар беқонунӣ идома ёбад, албатта онҳо маро истирдод мекунанд. Ман фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон маро ба он ҳолате, ки ҳоло дорам, дидан намехоҳанд, онҳо мехоҳанд, ки Абдуллоҷонов дар қайди ҳаёт набошад. Онҳо маро дар давоми ду-се-чор моҳи дигар зинда намемонанд. Инро ман хеле хуб медонам. Агар ба Украина ин масъала аҳамият надошта бошад, чӣ илоҷ, сарнавишт ҳамин будааст, мегӯям.




Абдуллоҷонов ба қозии додгоҳ гуфт, ки ӯ мақоми паноҳандаи сиёсии ИМА дорад ва набояд ба ҳабс гирифта шавад. Вале додгоҳ ин нуктаро ба эътибор нагирифт. Намояндаи Додситонии вилояти Киев ба радиои Озодӣ гуфт, ки то 40 рӯз оянда ин шаҳрванди Тоҷикистон дар боздоштгоҳи муваққати Вазорати умури дохилии Украина нигаҳдорӣ мешавад. То ин муддат Тоҷикистон бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар дархости истирдоди Абдуллоҷоновро ироа кунанд. Баъди ин, гуфт вай, ҷараёни экстрадитсия ё истирдоди гумонбар шурӯъ мешавад, ки пеш аз он додгоҳи боздошти истирдодии ӯ низ барпо хоҳад шуд. Ин ҷараён то 18 моҳ идома хоҳад кард, гуфт вай.


Нахуствазири собиқи Тоҷикистон рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи шаҳри Киев ҳангоми сафар аз ИМА ба пойтахти Украина боздошт шуд. Боздошти Абдуллоҷонови 64-сола бо тақозои полиси байналмилалии Интерпол ва аз рӯи дархости Тоҷикистон сурат гирифтааст, ки сиёсатмадори собиқро дар ҷиноятҳои сангин, аз ҷумла, сӯиқасд ба куштор, ташкили ошӯби мусаллаҳона ва ташкили гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ айбдор мекунад.

Соате пеш аз содир шудани ҳукми додгоҳ, масъули дафтари матбуоти додситонии вилояти Киев гуфт, роҷеъ ба мақоми сиёсии Абдуллоҷонов ҳеҷ иттилое дода наметавонад. “Ӯ ба хотире боздошт шуд, ки исмаш дар феҳрасти Интерпол буд ва Украина ҳам ба унвони давлати узви полиси байналмилалӣ боздошти ин шахсро баробари расиданаш ба қаламрави ин кишвар таъмин кард”. Вай гуфт, додситонӣ паҳлӯҳои сиёсии масъаларо шарҳ дода наметавонад, аз ҷумла роҷеъ ба эҳтимолан паноҳандаи сиёсии ИМА будани ин шахс ҳеҷ маълумоте надорад.

Тибқи иттилои радио Озодӣ, Абдумалик Абдуллоҷонов, ки солиёни ахир дар ИМА зиндагӣ мекунад, дорандаи мақоми паноҳандаи сиёсии ИМА аст. Департаменти давлатии Амрико аз шаҳри қазияи Абдумалик Абдуллоҷонов худдорӣ мекунад.


Айни замон, бархе мақомоти баландпояи Тоҷикистон мӯътақиданд, ки додани тобиши сиёсӣ ба қазияи боздошти Абдумалик Абдуллоҷонов дар соли интихоботи раёсатҷумҳурии кишвар “дуруст нест”. Абдумаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 6 феврал ба Озодӣ гуфт, “вай дар интихоботи президентии имсола ширкат ҳам карда наметавонад, барои он ки даҳ соли охир дар Тоҷикистон набуд”. Достиев гуфт, ки боздошти нахуствазири собиқ аз рӯи талаби Интерпол ва иттиҳомоте сурат гирифтааст, ки мақомоти ҳифзи қонуни Тоҷикистон ироа кардаанд, ки “қобили эътимоданд”.

Абдуллоҷонов аз чеҳраҳои шинохтаи даҳаи аввали соли 1990 аст. Ӯ 21-уми сентябри соли 1992 бо қарори Шӯрои олии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи нахуствазир ва сипас 20-уми ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Қасри Арбоб, нахуствазири Тоҷикистон таъин шуда, то 18-уми декабри соли 1993 дар ин вазифа кор кард. Сипас муддате сафири Тоҷикистон дар Русия буд.

Пас аз бохти сабқати президентии моҳи ноябри соли 1994 ба рақибаш Эмомалӣ Раҳмон (он замон Раҳмонов) ӯ аз кишвар хориҷ шуд. Абдуллоҷонов дар ғиёб бо даст доштан дар сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳур, ҳамкорӣ бо полковники шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев, ки дар соли 1998 аз қаламрави Узбакистон ба шимоли Тоҷикистон ҳуҷум кард ва як идда ҷиноятҳои иқтисодӣ гунаҳкор дониста шудааст.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG