Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуллоҷонов истирдод ба Тоҷикистонро ба "марг" баробар медонад


Додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев ҳукм кард, ки собиқ нахуствазири Тоҷикистонро то 12 моҳ ба ҳабс бигиранд.

Баъд аз зӯҳри 15 март додгоҳи Киев бо ҳимоят аз дархости додситонии кулл ҳукм баровард, ки Абдумалик Абдуллоҷонов то замони ҳалли масъалаи истирдод ё экстрадитсияаш, ҳадди аксар то 12 моҳ дар ҳабси истирдодӣ бимонад. Аммо ҳамзамон гуфта мешавад, ки ин ғарор ҳанӯз ба маънои истирдоди ҳатмӣ нест, балки Абдуллоҷонов то замони баррасии парвандаи истирдодаш бояд дар паси панҷара боқӣ бимонад.

Худи нахуствазири собиқи Тоҷикистон дар поёни мурофеа ба хабарнигорон гуфт, ки ҳукми истирдодро баробар бо марг медонад. "Ман фикр кардам, ки Украина як давлати аврупоӣ аст ва бояд қонунҳои байналмилалиро эҳтиром кунад. Ба ман мавқеи додситонӣ мушаххас нест. Аз рӯи ҳукми онҳо чунин бармеояд, ки гӯё ин ҷо қонуншикании чаҳоркарата шудааст", гуфт ӯ баъди ҳукми додгоҳ. Вай дар идома гуфт, ки агар дар оянда додгоҳ қарор кунад, ки ӯро ба Тоҷикистон истирдод мекунад, "ин ҳукм баробар бо ҳукми марг хоҳад буд" - гуфтааст ӯ ба хабарнигорон.

Вай таъкид кардааст, ки таъқиби вай сирф ангезаи сиёсӣ дорад.

Андрей Федур, вакили дифои Абдуллоҷонов гуфт, ки рӯзҳои наздик аз ин ҳукм шикоят хоҳад кард. Федур баъд аз анҷоми мурофиа ба хабарнигорон гуфтааст, ки "ман дар ин ҷо бештар як нақши декоративиро иҷро мекунам, ман бар ин гумонам, ки тавофуқ дар бораи супурдани ӯ ба Тоҷикистон ба даст омадааст."

Рӯзи панҷшанбе, 14 март додгоҳи ноҳияи Шевченкои шаҳри Киев ба баррасии санадҳои ҳуқуқии Абдуллоҷонов шурӯъ кард. Ин додгоҳ дар поёни мӯҳлати боздошти 40-рӯзаи муқаддамотии Абдуллоҷонов баргузор шуд.

Собиқ нахуствазири Тоҷикистон Абдумалик Абдуллоҷонов рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи “Бориспол”-и канори шаҳри Киев бо дархости пулиси байналмилалии Интерпол боздошт шуд. Мақомоти Тоҷикистон аз Украина хостаанд, ки ӯро ба Душанбе истирдод кунанд. Бо қарори додгоҳи Украина ва то замони баррасии дархости истирдодаш Абдумалик Абдуллоҷонов барои 40 рӯз ба боздоштгоҳ интиқол дода шуд. Дар Тоҷикистон ӯро ба таъсиси гурӯҳи ҷиноӣ, куштор, талош барои ғасби ҳокимият ва дуздии моликияти давлатӣ айбдор мекунанд. Вале ба бовари худи Абдуллоҷонов, тамоми иттиҳомоти зидди ӯ ангезаи сиёсӣ дорад.

Вакили дифоъ Андрей Федур дар сӯҳбати рӯзи 5 март ба радиои Озодӣ гуфта буд, ки санадҳои таъйидкунандаи мақоми паноҳандагии Абдуллоҷонов дар ИМА-ро ба додситонии кулли Украина таслим кардааст. Вай гуфт, тибқи қонунҳои Украина, Абдуллоҷонов наметавонад ба кишваре, ки дар он таваллуд шудааст, истирдод шавад."

Федур бо такя ба номаи консули генералии Амрико дар Украина гуфт, ки Абудмалик Абуллоҷонов 17 июни соли 1999 ҳақи паноҳандагии Амрикоро дарёфт кардааст.

То ҳол бо пуштибонӣ аз Абдуллоҷонов ва даъвати ҷилавгирӣ аз истирдодаш ба Тоҷикистон созмони Amnesty International ва Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон садо баланд кардаанд.


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG