Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи масҷиди Абдулло Ҳабибов қатъ шуд


Парвандаи ҷиноӣ алайҳи генерал Ҳабибов барои ишғоли замин
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:16 0:00

Генерал Абдулло Ҳабибов, ки қаблан барои ғасби замин барои сохтмони масҷид дар наздикии "Автовокзал" муттаҳам мешуд, бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод гардидааст.

Додгоҳи шаҳри Душанбе баррасии парвандаи генерал Абдулло Ҳабибовро, ки қаблан аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои ғасби замин барои сохтмони як масҷиди панҷвақта дар наздикии "Автовокзал"-и пойтахт муттаҳам мешуд, қатъ кардааст. Дар қарори додгоҳ, ки 30 декабри соли гузашта содир шуда ва нусхаи он 4 январ ба дасти Озодӣ расид, гуфта мешавад, ин тасмим бар асоси қонуни афви моҳи октбяри соли 2014 гирифта шудааст.

А.Абдуғанизода, додраси парванда дар ин қарор гуфтааст, ки "ҷинояти миёна"-и ғасби замин аз сӯи Ҳабибов соли 2013 сурат гирифта буд ва барои ҳамин нисбат ба ӯ қонуни афви соли 2014 татбиқ гардид.

"Пешбурди парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Ҳабибов Абдулло Ҳабибович... дар асоси қисми 3-и моддаи 6-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи афв" қатъ карда шуда, Ҳабибов аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шавад," – таъкид шудааст дар қарори додгоҳ.

Абдулло Ҳабибов
Абдулло Ҳабибов

​Баррасии парвандаи Абдулло Ҳабибов рӯзи 28 декабри соли гузашта паси дарҳои баста дар Додгоҳи шаҳри Душанбе оғоз ёфт. Ин парванда аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон алайҳи собиқ муовини вазири дифои кишвар барои "худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони худсарона дар он" боз ва барои баррасӣ ба додгоҳ пешниҳод шуд.

Додгоҳи шаҳри Душабе мегӯяд, аз рӯи сохтмони ин масҷид, ки ҳоло боздошта шудааст, як гурӯҳ аз сокинони шаҳраки 83-юми ноҳияи Сино ва омӯзгорони мактаби рақами 92-и пойтахт низ шикоят бурдаанд.

Абдулло Ҳабибов мегӯяд, ки ин парванда асосан барои як сотих замини баҳсии масҷиди панҷвақта ифтитоҳ шудааст, дар ҳоле ки ӯ барои бознигарии сертификати замин ба мақомот дубора муроҷиат карда, аммо аз онҳо ҷавоб нагирифта буд. Ӯ гуфт, ки дар аввал барои сохтмони ин масҷид ҳудуди 30 то 50 метр қитъаи замин аз ҳукумати шаҳр иҷозати расмӣ гирифта ва сохтмонро оғоз кард. Вале вақте раиси Шӯрои уламои маркази исломиро барои дақиқ кардани макони меҳроб даъват намуданд, бо маслиҳати вай танҳо ду бурҷи масҷид андаке тағйир хӯрдааст ва дар натиҷа барои як сотих қитъаи он алайҳи ӯ парванда боз кардаанд.

Дар қарори додгоҳ гуфта шудааст, "се кунҷи бинои масҷид ба масоҳати умумии 135.0 метри мураббаъ аз сарҳади сертификати ҳуқуқи истифодаи замин баромадааст."

Парванда алайҳи генерал Абдулло Ҳабибов ба иттиҳоми "худсарона ишғол намудани замин ва сохтмони худсарона дар он" дар ҳолест, ки қаблан мақомот дар Душанбе ва дигар манотиқи кишвар дари бархе аз масоҷиди ҷомеъ ва панҷвақтаро, ки бидуни сабти номи расмӣ фаъолият мекарданд, баста буданд.

Генерал-майор Абдулло Ҳабибов 1 майи моли 1940 дар ноҳияи Мӯъминобод таваллуд шуда, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва Академияи фанҳои ҷамъиятии назди Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав мебошад. Абдулло Ҳабибов номзади илми таърих буда, ба ҳайси мудири шӯъбаи идеологии Кумитаи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, референти калони дастгоҳи Шӯрои вазирони Тоҷикистон, сардори шӯъбаи сиёсии ВКД, Раиси кумитаи Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, Муовини раиси кумитаи гумрук, муовини аввали вазири дифои Тоҷикистон, Мудири шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси Миллӣ ва вакили мардумии Тоҷикистон кор кардааст. Ҳоло бознишаста аст.

XS
SM
MD
LG