Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳ ба ҷонибдоронаш дар бораи пирӯзӣ сӯҳбат кард


Абдуллоҳ Абдуллоҳ-номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Афғонистон гуфтааст, ки дар интихоботи баҳсбарангези раёсати ҷумҳурии ин кишвар пируз шудааст ва натиҷаҳои тақаллубии интихобот вайро аз рақибаш Ашраф Ғанӣ хеле ақиб гузоштааст.

Абдуллоҳ хитоб ба ҳазорон нафар ҷонибдорони худ дар Кобул дар ҷараёни як тазоҳуроти эътирозӣ гуфт: “Мо ифтихор мекунем. Мо ба райи мардум эҳтиром мегузорем. Мо ғолиб ҳастем”. Вай афзуд: “Мо натиҷаҳои тақаллубии интихоботро на имрӯз, на фардо ва умуман ҳеҷ гоҳ қабул надорем”. Вале Абдулло даъват кард, ки кишвар якпоча боқӣ бимонад. Вай гуфт: “Мо ҷанги шаҳрвандиро намехоҳем, мо ҷонибдори бӯҳрон нестем. Мо суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ мехоҳем, на таҷзияву тақсим”.

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико ҳушдор дод, ки ҳар гуна талоши забти ҳукумат дар Афғонистон “берун аз чаҳорчӯбаи қонун” ин кишварро аз кӯмакҳои байналмиллалӣ маҳрум хоҳад кард. Ин изҳороти Ҷон Керрӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки эълони натиҷаҳои ибтидоии даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон боиси баҳсҳои миёни ду номзад Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ шудааст.

Ҷон Керрӣ дар эъломияе 8 июл аз гузоришҳо дар бораи пешниҳоди ташкили “ҳукумати мувозӣ” амиқан изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, Вашингтон интизор аст, ки ниҳодҳои интихоботии Афғонистон ба заминаҳои “иддао дар бораи тақаллуб” расидагӣ хоҳанд кард.

Ҷонибдорони Абдуллоҳ аз вай хостаанд, ки нақшаҳояшро дар бораи ҳукумати миллии худ эълон кунад. Вале Абдулло барои тасмимгирии ниҳоӣ дар ин бора аз ҷонибдоронаш вақт хостааст.

7 июл Кумиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон эълон кард, ки Ашраф Ғанӣ дар даври дуввум 56,44 ва Абдуллоҳ 43,56 дарсад рай ба даст овардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар даври аввал Абдуллоҳ 45 дарсад ва Ашраф Ғанӣ 31 дарсад рай гирифта буданд.

XS
SM
MD
LG