Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуллоҳ Абдуллоҳ хостори манъи фаврии шумориши оро шуд


Доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ яке аз ду номзади интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон хостори таваққуфи фаврии шумориши оро шудааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки баъд аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбе дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард ва телевизионҳои Афғонистон онро ба таври мустақим пахш карданд, ҳукуматро ба тақаллуб дар раванди интихобот муттаҳам кард.

Оқои Абдуллоҳ дар ин нишасти вижаи хабарӣ гуфт, дар сурате, ки раванди шумориши оро идома ёбад, натиҷаҳои он машруият нахоҳад дошт. Доктор Абдуллоҳ аз ҳама нозирони худ даъват ба амал овард, ки раванди шумориши оро поён дода ва ситодҳои тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ баргарданд. Вай таъкид кард, ки дигар ба комиссияиҳои интихоботӣ эътимод надорад, зеро амалкарди ин комиссияҳо бетарафона набудааст.

Доктор Абдуллоҳ таъкид кард, то замоне, ки тими интихоботии вай ба пурсишҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда нагирад, бо комиссияҳои интихоботӣ алоқае нахоҳад дошт. Вай худро барандаи даври аввал ва дувуми интихоботи президентии он кишвар эълон карда ва ҳамзамон Ҳомид Карзайро муттаҳам кард, ки дар интихобот бетарафии худро ҳифз накардааст. Ба гуфтаи вай, ҳукумати Ҳомид Карзай системаро тавре дуруст кард, то ба нафъи яке аз номзадҳо кор бурда шавад.

Яке аз талабҳои тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ ин барканории раиси дастгоҳи иҷроия Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон Зиёулҳаққ Амрихел мебошад, ки рӯзи интихобот аз сӯи пулиси Кобул бо ду мошини борбар варақаҳои раъдиҳӣ боздошт шуда буд. Оқои Абдуллоҳ ва тими ӯ ба ин назаранд, ки ин масъули Комиссияи мустақили интихобот мехост ин авроқро ба минтақаи Сурубӣ дар атрофи Кобул интиқол бидиҳад ва ба нафъи рақиби номзади тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ тақаллуб намояд. Иддаое, ки Комиссияи мустақили интихобот ва худи Зиёулҳаққ Амрихел онро радд намудаанд.

Ҳамчунин Комиссияи мустақили интихобот то кунун ба пурсиши тими Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мавриди мизони ширкати мардум дар интихобот посух надодааст. Ҳамагӣ чанд лаҳза пас аз анҷоми замони интихобот, раиси Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон Аҳмад Юсуф Нуристон дар як нишасти хабарӣ ҳозир шуд ва мизони ширкати мардум дар интихоботро беш аз 7 миллион нафар эълон кард.

Аммо тими доктор Абдуллоҳ ин оморро зери шубҳа бурд, ки чигуна раиси Комиссияи мустақили интихобот бидуни ҷамъоварии раъйҳо аз манотиқи гуногуни кишвар чунин пешдоварӣ кардааст. Тими Ислоҳот ва ҳамгироӣ ба ин назар аст, ки мизони мушорикати мардум ба маротиб камтар аз даври аввал будааст.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳамчунин дар нишасти хабарии худ аз тақаллуби густурда ва созмонёфта хабар дод ва гуфт, ки дар баъзе аз минтақаҳо орои рехташуда ба сандуқҳо, бештар аз шумораи афроди қобили раъйдиҳӣ будааст. Ин номзади интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон аз Комиссияи мустақили интихобот хостааст, ки дар ин маврид рӯшанӣ биандозад.

Аз сӯи дигар Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт, Комиссияи марказии интихобот бо баҳонаи анҷоми ислоҳот, панҷ ҳазор корманди худро ба сабаби даст доштан дар тақаллуби интихоботи даври аввал аз кор барканор карда ва ба ҷои онҳо кормандоне наверо аз тарафдороони тими Таҳаввул ва тадовуми Ашрафғанӣ Аҳмадзай истихдом кардааст.

Даври аввали интихоботи президентии Афғонистон рӯзи 5 апрели соли равон доир шуд ва аз миёни ҳашт номзад доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ 45 дарсад ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай ҳудуди 31 дарсади орои мардумро ба даст оварданд. Даври дувуми интихобот рӯзи 14 июн баргузор шуд ва қарор аст то ду ҳафтаи баъд аз интихобот, натиҷаҳои ниҳоӣ эълон шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG