Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аслов дар нишасти навбатии С5+1 дар Олмон иштирок кард


Дар Ҳамбурги Олмон рӯзи 7 декабр мулоқоти вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва котиби давлатии ИМА дар чаҳорчӯби гурӯҳи баргузор шуд. Дар миёни ҳамтоёни минтақаиаш, аз Тоҷикистон дар ин мулоқот вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ҳам иштирок кард. Ин мулоқот, ба навиштаи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ҳошияи ҳошияи ҷаласаи 23-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи САҲА баргузор гардид. Ҷон Кирби, сухангӯи департаменти давлатӣ гуфтааст, ки мавзӯи музокирот баррасии вазъи амниятии минтақа, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва масоили дигар буд.

Ин мулоқоти чоруми гурӯҳи С5+1​ буд, ки ин навбат бидуни ҳузури вазири хориҷаи Туркманистон баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG