Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости ВКД аз ронандаҳо: "Мошинҳоятонро соҳибӣ кунед"


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ронандаҳое, ки дар пайи тармафароӣ мошинҳои худро дар назди долонҳои роҳи Душанбе-Чаноқ тарк карда, рафтаанд, дархост кард, ки барои боз кардани ин ҷодда воситаҳои нақлиётии худро соҳибӣ кунанд. Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ин ниҳод рӯзи ҷумъаи 24 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қарор аст зуҳри имрӯз роҳ барои ҳаракати мошинҳо боз шавад.

Аммо ба гуфтаи вай, "соҳибони миқдори зиёди мошинҳо воситаҳои нақлиётии худро дар дохил ва назди долонҳо (галереяҳо) партофта рафтаанд. Мутаассифона, мошинҳо пайи ҳам гузошта шудаанд ва воситаҳои фаннии мо (эвакуатроҳо) наметавонад онҳоро аз роҳ бигиранд. Тибқи шумораи мошинҳо соҳибони онҳо аз манотиқи мухталифи кишвар ҳастанд. Ба ин далел мо қотеона аз онҳо дархост мекунем, ки мошинҳои худро аз роҳ бигиранд. Дар ғайри ин сурат мо наметавонем роҳро боз кунем".

Зимнан, дар пайи тармафароиҳои рӯзҳои ахир дар километри 48 ва 49 ин роҳ ҳаракати васоили нақлиётӣ комилан қатъ шудааст. Ин амр ба камбуд ва болоравии анвои мухталифи маҳсулот, аз ҷумла маводди сӯхтӣ дар пойтахти Тоҷикистон сабаб шудааст. Имрӯз дар бештаре аз нуқтаҳои сӯзишвории шаҳри Душанбе навиштаҷоти "Бензин ва газ нест" насб шудааст.

XS
SM
MD
LG