Пайвандҳои дастрасӣ

Марзбонони рабудашудаи тоҷик дар гуфтугӯи телефонӣ бо мақомоти марзбонии Тоҷикистон аз онҳо хостаанд, ба раҳоияшон аз асорати Толибон кӯмак кунанд.

Мусаллаҳони гурӯҳи Толибони Афғонистон ба чаҳор марзбонони рабудашудаи тоҷик дар ноҳияи Имом Соҳиби вилояти Кундузи Афғонистон иҷоза додаанд, ки телефонӣ бо фармондеҳони худ сӯҳбат кунанд. Чӣ гуна ҷараён гирифтани ин гуфтугӯ дақиқ нест, аммо як манбаъ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон мегӯяд, ин сӯҳбат дар чаҳорчӯби гуфтушунид бо толибҳо ба вуқӯъ пайвастааст.

Ин дар ҳолест, ки то рӯзи 23-юми декабр Сарраёсати нерӯҳори марзбони Тоҷикистон хидматчиёни ҳарбии ин ниҳод будани афроди рабудашударо рад мекард. Ҳадс зада мешуд, ки чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон ба асорати толибҳо афтодаанд.

Бино бар хабари мақомоти интизомии Афғонистон, чаҳор марзбони Тоҷикистон рӯзи 20-уми декабр, дар ҳоле аз тарафи ттолибҳо рабуда шуданд, ки бе силоҳ барои ҷамъоварии ҳезум ба соҳили рӯдхонаи Панҷ рафта буданд. Аз он рӯз гуфтушуниди мақомоти афғон бо толибҳо барои озодии асирон шурӯъ шуда, дертар консулгарии Тоҷикистон дар Мазори Шариф ва Сарраёсати нерӯҳои марзбони Тоҷикистон ба ин музокирот шарик шуданд.

Амонуддин Қурайшӣ, раиси ноҳияи Имом Соҳиб рӯзи 23-юми декабр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, толибҳо дар ивази раҳоии 4 марзбони тоҷик озодии ду нафар аз ҷангҷӯёни тоҷикро аз маҳбаси Тоҷикистон талаб кардаанд, ки барои Толибон аз афроди муҳим шинохта мешаванд ва дар сохтани минаҳо маҳорат доранд.

"Ин чаҳор нафар марзбони кишвари Тоҷикистон дар дохили хоки Афғонистон дар ҷангал аз сӯи мухолифони мусаллаҳ асир гирифта шудаанд. Мо саъй ва талоши худро намудем ва мӯйсафедонро фиристодем, вале ҳеҷ натиҷа надод. Қарори иттилооти кашфии ниҳодҳои амниятии афғон, Толибон дар ивази раҳоии ин чаҳор сарбози тоҷикистонӣ, аз кишвари Тоҷикистон хоҳони раҳоии ду нафар аз ҷангҷӯёни тоҷик ҳастанд, ки чанд моҳ пеш аз сӯи нерӯҳои амниятии афғон дар ин вулусволӣ асир гирифта шуда буданд."

Вулусволи Имом соҳиб ҳамзамон гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар ин минтақа шумори зиёде аз мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон ҳузур доранд, ки бо силоҳҳои сабук ва вазнин муҷаҳҳаз мебошанд.

Аз сӯи дигар, Амонуллоҳ Иброҳимӣ, фармондеҳи амнияти вулусволии Имом Соҳиб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамакнун беш аз чаҳор сад нафар мухолифони мусаллаҳи давлати Афғонистон дар вулусволии номбурда фаъолиятҳои зидди давлатӣ доранд, ки дар канорашон шуморе аз ҷангҷӯёни тоҷикистон ва узбакистонӣ низ ҳастанд.

"Ҳузури мухолифони мусаллаҳи давлат дар ин вулусволӣ ба беш аз 400 нафар мерасад, ки дар паҳлӯи онҳо шуморе аз ҷангҷӯёни узбакистонӣ ва тоҷикистонӣ фаъолият доранд. Қаблан дар ин минтақаҳо постгоҳҳои нерӯҳои сарҳадии афғон вуҷуд дошт, аммо ҳоло дар ин минтақа постгоҳҳои сарҳадӣ вуҷуд надоранд ва дар контроли душман аст."

Ноҳияи Имом Соҳиби дар қисмати шимолии вилояти Кундуз ҷойгир аст ва бо ноҳияи Қумсангири Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Дарё Ому аз ҳамин сарҳад мегузарад ва ҳамчунон ҷангалзори паҳноваре дар миёни марзи ҳар ду кишвар вуҷуд дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG