Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1,5 миллион сомонӣ барои имзо


Мо дар кишваре ба сар мебарем, ки як ҳисобдор (кассир) – и одии муассисаи давлатӣ ва як корманди одии бахши молиявӣ бо имзои худ метавонистаанд, миллионҳо сомонӣ маблағҳои буҷаро аз худ кунанд.

Барои намуна, як ҳисобдори бемористон ва як корманди қатории идораи молияи вилояти Суғд бо гузоштани имзоҳои худ зери 1165 варақаи пулдиҳӣ 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ пули буҷаи Тоҷикистонро ба яғмо бурдаанд.

Ин маблағи ҳангуфт, тавре ки Оҷонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд мегӯяд, барои пардохти маош, ёрдампулӣ, сафархарҷӣ ва ғайраи 2 ҳазор корманди бемористон пешбинӣ шуда буд.

Шоҳиди аслӣ, сармуҳосиби беморхона дар пайи ошкор ин ҷиноят, соли 2008 фирор кардааст ва тафтиши парванда низ қатъ карда шудааст…

Ин ҷо манзурам бозгӯи ин ҷинояти пуровоза дар Хуҷанд нест, ки то ҳол гуфтугӯҳо атрофи он аз забони сокинон наафтодааст. Манзур ва мояи ҳайрати ман дигар аст.

Бароям ҳеҷ бовар карданӣ нест дар Тоҷикистон чунин тартиби соддаи корбурди маблағҳои буҷа ва санадгузории он ба роҳ монда шудааст. Тартибе, ки имзои як корманди оддии молӣ қулфи дари хазинаи давлатиро бар рӯи вай боз мекардааст.

Ба ин тартиб чӣ тавр метавон буҷаро аз дастдарозии одитарин кормандони молӣ маҳфуз дошт? Тоҷикистоне, ки гирифтори норасоии буҷаву сад гуна мушкилоти дигари иқтисодӣ, аз ҷумла пардохти маоши шоиста ба табибон аст, бо ин ҳол чӣ тавр метавонад ба роҳи рушд ва пешрафт ворид гардад.

Пизишки дараҷаи олии тоҷик ҳудуди 200 сомонӣ ва парастор зери 100 сомонӣ маош мегирад ва иштибоҳ накунам, ин пасттарин моҳона барои табибон дар кишварҳои пасошӯравӣ аст. Дар ин ҳол яку ним миллион маблағи буҷавии бахши тиб ба тороҷ меравад ва як ҳисобдор ба иттифоқи як корманди молӣ гунаҳкори аслӣ эълон мешаванд.

Оё дар Тоҷикистон қабл аз пардохти маблағҳо аз буҷа, фаразан тавассути санадҳои сармуҳосибу ҳисобдор имзокарда, ҳадди ақал он аз назари раҳбарони корхонаву муассиса, шуъбаҳои дахлдори ҳукуматӣ намегузарад?

Ё ризоят ва имзои онҳо муҳим нест? Агар назорат дар тақсим ва корбурди маблағҳои буҷа набошад, онро кӣ ва чӣ тавр аз дуздиву тороҷ ҳифз мекунад?

Ман мутахассиси соҳаи иқтисод нестам, аммо ба назарам, ҳифзи буҷа, ин кори дандоншикане нест ва ихтироъи тартибу чизи наверо ҳам талаб намекунад. Албатта, ба як шарт. Агар масъулон бихоҳанд ва ҳадди ақал тартиби дурустеро ҷорӣ кунанд. Монанди он ки кас агар мехоҳад дар қалбер оббигирад. Бояд аввал шикофҳои онро бубандад.

Ба назари ман, барои ин фақат кофист, он муқарраррот ва тартиботи шадиде, ки аксари кулли идораҳои давлатӣ дар додани маълумотномаҳо ба шаҳрвандони оддӣ ҷорӣ кардаанд, дар кори истифода аз маблағҳои буҷаи давлатӣ, ба истилоҳи имрӯзии иқтисодии тоҷикӣ, «аз худ кардани маблағҳои буҷа» кор бурда шавад.

Идораву муассисаҳо дар ироаи санадҳо ба шаҳрвандон бо камоли ҳавсала ва диққат рафтор мекунанд. Ба қавле, чил бор чен карда, як бор мебуранд.

Идораҳои манзил (ЖЭУ) дар Хуҷанд қабл аз он ки ба як шаҳрванди оддӣ маълумотнома дар бораи ҷойи истиқомат бидиҳанд, нахуст, аз вай талаб мекунанд варақаҳои қарз надоштан аз идораҳои барқ, газ, манзил ва ғайраро бо имзоҳои масъулон пур карда биёрад. Бе пур кардани он варақаҳо ба даст овардани маълумотнома амри муҳол аст.

Дар идораи БДА (ГАИ) тартиби санадгузорӣ аз ин ҳам сахттар будааст. Соли гузашта ба ман зарур афтод дар бораи соҳиби автомобили шахсӣ буданам маълумотнома бигирам. Масъулони бахши санаддиҳӣ дар он ҷо гуфтанд, ки ин гуна санадро танҳо бо иҷозаи хаттии раҳбари идора медиҳанд. Сипас дархостномаи маро бо имзоҳои раҳбари ГАИ ва раҳбари шуъба дар дафтари махсуси дафтардориашон сабт карданд ва ба бахши санаддиҳӣ супурданд, ки билохира, дар ҳафтаи дуюм маълумотнома омода гашт.

Манзурам аз овардани ин мисолҳо ин ки чаро ироаи як маълумотномаи оддӣ ба шаҳрвандон таҳти чунин назарҳои ҳамагонии масъулон ва контроли мӯшикофона сурат мегирад. Аммо корбурди маблағҳои буҷа танҳо бо имзои як – ду кормандони оддӣ мумкин аст?

Саволе дар зеҳнам пайдо мешавад, ки чаро ҳамин тавр тақсим ва истифодаи маблағҳои буҷавӣ низ таҳти назар ва таваҷҷуҳи ҳамагонии масъулон сурат намегирад? Агар масъулияти корбурди маблағе, ки корхона ё муассиса аз буҷа мегирад, баробар бар дӯши ҳама масъулони он коргоҳ гузошта мешуд, шояд, «корбурди мақсаднок» - и буҷа дар Тоҷикистон беҳтар мегашт.

Пас, биёед, дар корбурди пули буҷа, ки ҳаққи ҳама сокинони Тоҷикистон аст, масъулиятро бо ҳам тақсим кунем !
Шахсан барои ман бовар карданӣ нест, танҳо як ҳисобдори беморхона ва корманди оддии идораи молия ба худии худ тавониста бошанд 1,5 миллион сомонӣ маблағи буҷаро аз худ кунанд.

Онҳо чун гунаҳкори аслӣ бо ҳукми додгоҳ барои 8,5 солӣ паси панҷара рафтанд, аммо 1,5 миллион сомонӣ маблағи ба тороҷрафтаи буҷа баргардонида нашудааст …
XS
SM
MD
LG