Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи вилояти Хатлон як сокини ноҳияи Ёвонро барои таблиғи ғояҳои ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, ба панҷ сол зиндон маҳкум кардааст.

Ҳукми додгоҳ дар нисбати Даврон Акбарови 35-сола, зодаи шаҳри Ваҳдат ва истиқоматкунандаи ҷамоати Чоргули ноҳияи Ёвон, рӯзи сешанбеи 21-уми июн эълон шудааст. Ӯ тибқи моддаҳои 332,337,339,341,344,347,348-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда ва мӯҳлати ҷазоро дар маҳбаси низомаш сангин адо хоҳад кард.

Сайфиддин Муҳиддинзода, муовини раиси додгоҳи вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки алорағми қаъи фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави Тоҷикистон, ин сокини Ёвон аз андешаҳои худ даст накашида ва ба фаъолиятҳои худ дар ин ҳизб идома додааст.

Ин масъули додгоҳи вилояти Хатлон гуфт, ки Даврон Акбаров аз ҷумла дар моҳи январи соли ҷорӣ дар назди масҷиди марказии ноҳияи Ёвон якҷо бо аъзои пешини ҲНИТ бо чандин нафар мулоқот намуда ва дар робита ба побарҷо мондани ҲНИТ дар ҳудуди Тоҷикистон ва ҳамин тариқ "талошҳои Муҳиддин Кабирӣ барои барқарор кардани фаъолияти ин ҳизб", сӯҳбатҳо кардааст.

Ба гуфтаи оқои Муҳиддинзода, ин узви пешини ҲНИТ ҳамчунин дар моҳи март аз сокинон даъват намудааст, ки Иди 8-уми мартро таҷлил нанамоянд ва ба занҳо тӯҳфаҳо тақдим накунанд, зеро ин ҷашн "бидъат" мебошанд. Ба ҳамин шева, ӯ ҷашнҳои Наврӯз ва Соли навро идҳои "ғайримусалмонӣ" гуфтааст. Ин сокинин Ёвон зимни таблиғоти худ ҳамчунин сиёсати ҳукуматро "беҳокимиятӣ" хонда ва роҳи пешгирифтаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро "дуруст" шуморидааст.

Тибқи иттилои додгоҳи Хатлон, дар пайи ҷустуҷӯи манзили Даврон Акбаров мақомот аз хонаи ӯ 71 адад китобҳои динӣ бо навиштаҳои арабӣ, 1 адад компютер, як муҳр ва 9 дона варақаҳои ҲНИТ ва 6 адад кассетаҳои видеоиро пайдо кардаанд. Мақомот мегӯянд, ки аз манзили Даврон Акбаров ҳамчунин чанд китоби динӣ, ки ба равияи "Салафия" тааллуқ доранд, пайдо шудааст.

Таблиғи ғояҳои ҳизби фаъолияташ мамнӯи наҳзати исломӣ ва ҳамин тавр ба 5 сол зиндон маҳкум шудани ин сокини Ёвон дар ҳолест, ки ба дунболи қатъи фаъолияти ин ҳизб дар Тоҷикистон, раҳбари он Муҳиддин Кабирӣ эълон карда буд, ки ҳеҷ фард ва ё гурӯҳ дар дохили кишвар ҳаққи аз номи ҲНИТ фаъолият карданро надорад.

Баъди ошӯби Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015, ки 40 кушта бар ҷой гузошт, Додситонии кулл Ҳизби наҳзати исломиро ҳидоятгар ва тарҳрези ин ошӯб номид ва аз додгоҳ хост, ки фаъолияташро мамнӯъ кунад. Додгоҳи олӣ низ ҳизбро созмони террористӣ номида фаъолияташро мамнӯъ кард ва 14 узви раёсати ҳизб низ дар ҳамон моҳ дастгир шуданд.

Авоили моҳи ҷорӣ Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми худ дар нисбати ин афродро эълон кард. Аз ҷумла Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳаит, муовинони раиси ҳизб ба зиндони якумрӣ ва 11 узви дигари раёсати ҳизбро аз 2 то ба 28 соли зиндон маҳкум шуданд.

Аксари онҳо бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи ҷиноӣ, барангехтани адовати милливу нажодиву мазҳабӣ, қатлу терорризм, талош барои сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ, нигоҳ доштани ғайриқонунии силоҳ ва ошӯби мусаллаҳона гунаҳкор дониста шудаанд, ҳарчанд додситонӣ далелҳои возеҳе дар ин замина ба ҷомеа нишон надодаст.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизб ки дар хориҷ аз Тоҷикистон аст, ин иттиҳомро рад мекунад ва мегӯяд, ошӯб танҳо баҳонае барои бастани ягона ҳизби исломӣ дар Осиёи Марказӣ буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG