Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"На аз ман, на аз дигаре"- ишқи ноком боиси куштор шуд


Дар арафаи "Рӯзи модарон" ҷавоне ба духтари дӯстдоштааш, яккафарзанди хонадон, 3 корд зад ва баъди марги вай хост худро низ бо 11 захми корд ба ҳалокат расонад.

Ҷавон, ки мегӯяд пас аз куштори духтари дӯстдоштааш ҷаҳон ба чашмаш торик шуда буд, бо ҳукми тақдир зинда монд. Ӯ ҳоло дар шуъбаи эҳёи бемористон қарор дорад. Барои ин ҷавон баъди берун шудан аз бемористон сангинтарин вазифа шарҳи ангезаҳои сӯиқасд бар ҷони дӯстдошта ва худаш хоҳад буд. Ин ҳодиса дар Зафаробод қалби сокинонро такон дод.

Одамони огоҳ мегӯянд, ҷавон дар заминаи "ишқи ноком” ва “рашк” бар ҷони худу дӯстдоштааш теғ кашидааст.

Нурӣ Тоҷирова, раҳбари шуъбаи занон ва оилаи ноҳияи Зафаробод ба радиои "Озодӣ" гуфт, ҷавони 21-сола дар як тӯйи арӯсие ба як дидан ба духтари аз худ 7 сол калон ва ягона фарзанди оила ошиқ шуд ва дигар наметавонист ҳаёти худро бе ӯ тасаввур кунад. Аммо духтар ишқи ӯ ва пешниҳоди издивоҷ бо ӯро рад кардааст. Чанде пас падару модараш духтарро бо ҷавони дигар фотеҳа карданд. Ин хабар ҷавонро гӯё девона кард ва ӯ корд дар даст, “Агар ба ман нарасӣ, ба каси дигар намерасӣ”, гуфт ва ба сари духтар теғ кашид.

”Аз рӯйи расми муҳаббат ва ҷавонмардӣ нест, ки ҷавон аз духтар зӯран бахт талаб кунад. Ишқу муҳаббат низ озодиро дӯст медорад. Бар пояи зӯриву тааддӣ пояи оилаи хушбахтро гузоштан намешавад. Худ тасаввур кунед, ки марги ягона фарзанд хонадони он ҷавондухтарро чӣ гуна хунбор кард”, - афзуд вай.

Шуъбаи корҳои дохилии Зафаробод бо иттиҳоми “куштор” алайҳи ҷавон парванда боз кардааст. Ҷавони 21-сола аз ноҳияи Масчоҳ буда, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил доштааст. Духтари ба ҳалокат расида сокини ноҳияи Зафаробод аст. Ин 2 ҷавони нокомро тасодуф бо ҳам рӯ ба рӯ кардааст.

Сурайё Зиёбоева, корманди иҷтимоии маркази занони “Гулрухсор” ва аз масъулони телефони “Боварӣ”-и маркази мазкур мегӯяд додгоы бояд ыолати равонии ин .авонро ба назар бигирад: чун ихтиёраш аз даст рафта буд: “Агар ҷавон булҳавас мебуд, баъди рад шудани ишқаш аз пайи ҷустуҷӯи дӯстдоштаи наве мешуд. Эҳтимол, вай духтари дӯстдоштаашро ба худ тимсоли дӯстдориву муҳаббат баргузида буд, ки зиндагӣ ӯро бенасиб гузошта, кӣ медонад? Рашк, ки қувват гирифт, ба бисёр кор қодир мешавад. Аммо ҷойи таассуф аст, ки ҷавон даст ба корд бурд, беҳтар буд аз духтаре, ки ҷавобан дӯсташ надошт, “ҳар гаҳ ки бимирию нанолӣ, ишқ аст,” гуфта, худро канор мегирифт.”

Муҳаррам Раҳимова, мудири кафедраи педагогика ва психологияи Донишкадаи такмили ихтисоси Суғд, мегӯяд, эҳтимол ҳолати равонии он ҷавон замони мулоқот бо дилдодааш, ки ишқашро рад карда буд, нагузошт худро ба даст бигирад:

“Ин ҳолати бисёр вазнин аст, ки дар илми равоншиносӣ онро “аффект” ё “тангии шуур” меноманд. Агар одам худро дар ихтиёри ин ҳиссиёт гузорад, хусисияти патологӣ пайдо мекунад ва инсон дигар нерӯи идораи худро аз даст медиҳад.”

Хонум Раҳимова афзуд, ҳолати “аффект” ҳама гуна инсонро, новобаста аз синну сол ва ҷаҳонбинӣ, дар лаҳзаҳои мушаххаси зиндагӣ аз пой дармеорад. Аммо тарбияи хештандорӣ ва тамкин ё ба таъбири адиби франсуз Флобер, “тарбияи эҳсос” кори оила ва ҷомеа аст, ки аз тан дар додани инсон ба эҳсосоти лаҳзавӣ ва гузарон ҷилавгирӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG