Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зане, ки аз дидани як зани дигар дар мошини ҳамсараш ба хашм омада буд, бо бензину гӯгирд ба коргоҳи шавҳараш омада, дар пеши чашми одамон худро оташ задааст.

Сокини 30-солаи ноҳияи Шаҳритус Сурайё Шомуродова, рӯзи якшанбеи 7-уми июн баъд аз он ки занеро дар дохили мошини шавҳараш дидааст, ба коргоҳи ӯ омада, дар пеши назари одамон худро оташ зад ва ба ҳалокат расид. Шавҳари ӯ -- Дилшод Шомуродов талош кардааст, ки ҳамсари худро наҷот диҳад ва дастонаш сӯхтаанд, аммо коре карда натавонистааст. Ҳардуро ба бемористон интиқол додаанд ва дар он ҷо Сурайё дар охирин лаҳзаҳои умраш танҳо инро гуфтааст, ки аз ғояти рашк даст ба худкушӣ задааст.

Сурайё Шомуродова, сокини маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Шаҳритус фарзанд надоштааст ва ҳам намехостааст, шавҳари худро аз даст диҳад. Ба гуфтаи наздиконаш, пештар низ ба ӯ расондаанд, ки шавҳараш бо зани дигаре робита дорад. Дидани зан дар мошини ҳамсар Сурайёро ба ваҳшат овардааст.

Аноргул Салимова, аммаи Сурайё ба Радиои Озодӣ гуфт, ки хоҳарзодааш ятим ба воя расида буд ва панҷ сол пеш зимни муҳаббати тарафайн бо Дилшод издвиоҷ карда, зиндагии шоду хуррам сохтанӣ буд.

Нозири пулис дар шаҳраки Шаҳритус, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, гуфт, ки тафтиши пешакии воқеа шурӯъ шудааст ва пулис аз наздикони Сурайё Шомродова ва шоҳидони худсӯзӣ баёнот гирифтаанд.

Мақомоти ноҳияи Шаҳритус низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Дилшод Шомуродов, ки дар як корхонаи хурди тавлиди равған кор мекардааст ва зоҳиран бо духтаре робита барқарор кадааст, ҳамсараш аз ғояти рашк ба хашм омада, худро оташ задааст. Каси дигар дар ин воқеа осеб надидааст.

Худкушии Сурайё ба феҳрасти наздик ба 20 худкушии занон дар вилояти Хатлон дар соли равон илова шуд. Ба гуфти созмонҳои ғайридавлатӣ, мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, хушунатҳои хонаводагӣ ва хашму рашк аз ангезаҳои асосии худкушии занон шумурда мешаванд.

Муқаддас Сатторова, сармутахассиси идораи кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон гуфт, ки худкушии занон дар вилоят онҳоро нигарон кардааст ва пайваста дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом медиҳанд. Хонум Сатторова гуфт, ки дар панҷ моҳи соли равон 25 зан худкушӣ кардааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта як ҳолат зиёд будааст:

“Омилҳои худкушии занон ҷанҷолҳои хонаводагӣ аст, боз мегӯяд, ки онҳо бемории рӯҳи доранд, вале намедонем, ки онҳо то куҷо ба ин беморӣ гирифтор ҳастанд, дар миёни онҳо духтарони ҷавон ва ноболиғ ҳастанд. Ҳарчанд борҳо мефаҳмонем, ки дар ҳолати мушкил пеш омадан бояд ба кумитаҳои занон муроҷиат кунед, вале боз ба ҳамин корҳо даст мезанад.

Созмонҳои иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон низ дар мавриди пешгирӣ аз худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ бо занон барномаҳои зиёдеро пиёда кардаанд, вале занон дар сурати ба танг омадан худро бо худкушӣ мехоҳанд, аз мушкили зиёди худ наҷот ёбанд.

Ба омори расмӣ бештари афроде, ки қасд ба ҷони худ мекунанд ҷавононанд. Моҳи май соли равон Партовбӣ Боронова, зани 26-солаи шаҳри Сарбанд, ки ба танҳо ду духтари ноболиғашро бузург карда ва ахиран аз чан нафар қарздор буд худкушӣ кардааст ва дар номаи пеш аз маргаш ба наздиконаш навишта буд, ки баъди марг қарзҳояшро баргардонда ва фарзандонашро хуб нигоҳ кунад.

Ба иттилои раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон имсол намунаҳои худкушии мардҳо низ ба миён афтодааст ва аз ҷумла охири моҳи март дар худи ноҳияи Шаҳритус ҷавоне дар рӯзи арӯсии бародараш, ки хона пур аз меҳмон буд, худро ба дор овехта кушт ва ҳанӯз сабаби худкуши и ошкор нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG