Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қубодиён. Ҳукми зиндони як зан ба ҷурми одамрабоӣ


Ноҳияи Қубодиён.

Ноҳияи Қубодиён.

Додгоҳи ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон як зани маҳаллиро бо иттиҳоми одамрабоӣ ба мӯҳлати 8,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Гулчеҳра Холбоеваи 47-сола, ки шуғли асосиаш зироаткорӣ дар замини наздиҳавлигӣ ва ёрирасонаш будааст, ҳамроҳи писари ноболиғаш Эргаш Холбоев субҳи рӯзи 2- юми сентябр пас аз фурӯхтани маҳсулоти кишоварзиашон дар бозори марказии ноҳия, ҳангоми бозгашт ба хонааш кӯдакеро пайдо намуда, бо худ бурдаанд.

Дар додситонии ноҳияи Қубодиён гуфтанд, ки ин кӯдак Роҳиламоҳ Қурбоноваи 2-сола ва аз ноҳияи Шаҳритус будааст. «Санавбар Ашӯрова, модари Роҳиламоҳ, ҳамроҳи тифли ширхорааш барои тамошо ва харид ба бозори марказии ноҳияи Қубодиён омада, ҳангоми харид духтарчаашро гум намудааст», - гуфт муфаттиши додситонии Қубодиён Аминҷон Азизуллоев.

Бино ба гуфти ӯ, Гулчеҳра Холбоева ҳангоми бозпурсӣ ба муфаттишон гуфтааст, ки ин духтаракро дар бозор танҳо дида, хостааст ӯро ҳамроҳи худ барад ва ба воя расонад. Аммо Толиб Ортиқов, вакили мудофеи Гулчеҳра Холбоева, мегӯяд, бар асоси моддаи 130 қисми 2 банди «Д»-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне «одамрабоӣ» банду баст намудани амалҳои нафари таҳти ҳимояташ аз рӯйи адолат нест.

«Агар Гулчеҳра Холбоева кӯдакро мавриди шиканҷа қарор медод ва ё бо дигар мақсадҳо ӯро ба хонааш мебурд, аз рӯйи ин модда банду баст намудани кирдорҳояш дуруст мебуд. Вай кӯдакро аз назди пахтазанак, ки он тахминан 200 метр дуртар аз бозор мебошад, пайдо намудааст ва азбаски кӯдак беназорат қарор доштааст, ӯро ба хонааш бурда ва мехостааст, ки ин духтарчаро ҳафтаи оянда оварда ба мақомот супорад, аммо кормандони милитсия пешдастӣ намуда, як рӯз қабл ӯро боздошт намуданд», - афзуд Толиб Ортиқов.

Вакили мудофеъ ҳамчунин гуфт, ки Гулчеҳра Холбоева аз шавҳараш ҷудо шудаасту дар шароити сангине фарзандонашро танҳо парасторӣ мекунад. «Саводи миёнаи нопурра дорад, аз ин рӯ, шояд ақлаш нагирифтааст, ки кӯдакро рост бурда ба милитсия супорад. Бояд мақомот паст будани сатҳи зиндагӣ ва дар тарбияаш ду фарзанди ноболиғ доштани нафари таҳти ҳимояташро ба инобат гирифта, ӯро ҷазои шартӣ медоданд, беҳтар мебуд», - гуфт дар идома Т. Ортиқов.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои масъулони тафтиши парванда, Гулчеҳра Холбоева аз бетаваҷҷуҳии модари кӯдак сӯйистифода намуда, барои он ки ҳамроҳаш равад, ба кӯдак мошинча харида додааст. Гуфта мешавад, ки ин нахустин парвандаи марбут ба одамрабоӣ дар ноҳияи Қубодиён дар чанд соли охир мебошад. Адвокати Холбоева қасд дорад, аз рӯйи ҳукми додгоҳи ноҳияи Қубодиён ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят барад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG