Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

5 соли зиндони шартӣ - барои буридани олати таносули шавҳар


Додгоҳи шаҳри Конибодом як зани модари се фарзандро, ки олати таносули шавҳарашро бурида буд, ба 5 соли шартии зиндон маҳкум кардааст.

Як манбаъ дар додгоҳи шаҳри Конибодом ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки Зарнигор (номи шартӣ), сокини ин шаҳрро тибқи моддаи 110-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине...., ки боиси талаф додани ягон узви бадан гардидааст) ба 5 соли шартии зиндон маҳкум кард ва тибқи моддаи 71, барои ӯ 4 соли мӯҳлати санҷишӣ таъйин шудааст. Дар додгоҳ бо назардошти меъёрҳои ахлоқӣ номи аслии ин занро ифшо накардаанд.

Ҳодисаи мазкур рӯзи 21-уми январи имсол рух додааст ва ҷабрдида бино ба гузоришҳо яке аз афсарони Раёсати умури дохилии шаҳри Исфара будааст, ки аз ӯ шартан Амирхон ном бурдаанд. Тафтишот муайян кардааст, ки Зарнигор зани дуввуми афсари милиса буда ва дар ғояти рашку навмедӣ олоти таносулии ӯро буридааст.

Дар баёнияи додгоҳ омадааст, дар ин ҷинояти гӯшношунид дар Тоҷикистон, худи афсари милиса низ гунаҳкор низ ҳаст, зеро ба ҳамсари қонунии худ хиёнат мекард ва ҳамсари дуввум Зарнигорро барои муддати тулонӣ танҳо барои ҳамхобагӣ истифода бурд. Гузашта аз ин борҳо ҳамсари дуввуми ҳомилаашро ба исқоти ҳамл маҷбур кардааст. Баъди идомаи чунин рафтори ҳамсар ва беэътиноӣ ба ӯ ва дидани навори видеоии шавҳараш дар иҳотаи занони дигар дар лаби баҳр, Зарнигор ба хашм омада ва дар пайи интиқом шудааст.

Ӯ бо аз роҳи фиреб Амирхонро ба хона оварда ва дасту пояшро мебандад ва бо корд олоти таносули мардро мебурад. Аз ин ҳодиса худаш метарсад ва ҳарду ба бемористони вилоятӣ ба шаҳри Хуҷанд меравад, аммо ба табибон муяссар нашудааст, ки узви таносулии афсари милисаро дигарбора васл кунанд. Хабаргузории “Тоҷнюс”, дар гузашта гузориш дода буд, ки ин мард хостааст, худкушӣ кунад, аммо аз ин кор пешгирӣ кардаанд. Зарнигор, ки шавҳари аввалаш ӯро бо се фарзанд танҳо гузошта ба Русия рафтааст, баъд аз муддати тулонӣ бо Амирхон ошно шуда ва никоҳи исломӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон то кунун чунин ҳодиса мушоҳида нашуда буд ва агар шуда бошад ҳам бори аввал аст, ки дар расонаҳо дар бораи он хабар медиҳанд. Аммо гузоришҳо дар бораи буридани олати таносулии шавҳар дар кишварҳои дигар зиёд аст. Аз ҷумла дар Чин моҳи август низ як зане аз ғояти рашк узви таносули шавҳари 35-солаи худро бурида буд. Дар Амрико низ барои ҳамингуна ҷиноят як занеро ба ҳабси абад маҳкум кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG