Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зане 150 000 доллари тоҷирони «Корвон»-ро рабудааст


Яке аз растаҳои бозори "Корвон"

Яке аз растаҳои бозори "Корвон"

Ёздаҳ тоҷири бозори «Корвон» аз Додситонии кулли Тоҷикистон тақозо доранд, занеро боздошт кунад, ки гӯё 150 000 доллари онҳоро гирифтаву барнамегардонад.

Ба гуфтаи тоҷирони бозори "Корвон"-и шаҳри Душанбе, ин зан -- Бахтибону Тоҳирова, дар гузашта бо онҳо ҳамкорӣ карда, бовари онҳоро ба даст овард ва аммо акнун сармояи зиёди онҳоро гирифтаву дар иваз на моле медиҳад ва на пулро бармегардонад. Зимни шикоятҳои зиёд, кормандони вазорати умури дохилӣ чанде пеш хонуми Тоҳироваро дастгир кардаанд, вале баъд аз чаҳор рӯз раҳо намудаанд.

Ин ҳолат сабаб шудааст, ки тоҷирони «Корвон» рӯзи 23-юми август ба Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон шикоят баранд. Онҳо ҳабси Бахтибону Тоҳирова танҳо барои ин мехоҳанд, ки пули хешро аз ӯ рӯёнанд.

Яке аз тоҷирон -- Умеда Холназароваи 25-сола дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, 10 моҳ аст, ки Бахтибону Тоҳирова 12 500 доллари ӯро барнамегардонад. Умеда меафзояд, ду моҳ пеш ба мақомоти милиса шикоят бурд. Зимни ин ариза хонуи Тоҳирова боздошт шуд, аммо дертар муфаттиши парванда, Мансур Мирзоев ба Умеда гуфтааст, Тоҳирова «бо фармони прокурор озод шудааст. Мо коре карда наметавонем».

Ба гуфтаи Умеда, Бахтибону Тоҳирова дар гузашта аз онҳо мол гирифта, саривақт пулашро меовард, аммо 10 моҳ пеш 12 500 долларро гирифту ӯро фаромӯш кард: «Вай фаҳмид, ки ман ба Туркия барои бор меравам омада, гуфт, биё пулатро ба ман деҳ, ман рафта, бор меорам. Забонхат нависта, 12 ҳазору 500 долларамро гирифт. Акнун 10 моҳ мешавад наметавонам пуламро бозпас гирам. Охир он маблағ аз шавҳарам буд. Қариб зиндагиямон вайрон мешуд. Ҳар қадар ба муфаттиш мефаҳмонем, ки зиндагиямон вайрон мешавад, се кӯдаки хурдсол дорам, ягон чора бинед, мақомот парвое надоранд.»

Тоҷири дигар -- Сӯҳроб Одинаев, ба маблағи 5 500 доллар ба хонум Тоҳирова ҷавоҳирот додааст, аммо наздики се моҳ мешавад, пулашро гирифта наметавонад. Сӯҳроб низ мисли Умеда мегӯяд, Бахтибону қаблан чанд бор аз ӯ ҷавоҳирот гирифта, сари вақт маблағашро пардохтааст ва ба ин далел ба ӯ бовар кардаанд. Ҷаноби Одинаев изҳори ҳайрат мекунад, ки чаро мақомот нисбати Тоҳирова чорае намебинанд: «Охир, ин қадар одам саргардон аст, аммо он зан дар озодист. Муфаттиш ҳатто наметавонад гуфтан, ки чаро он зани қаллобро озод кардаанд. 150 ҳазор доллар ин зарари ҷиддӣ аст. Аз пушти ин амали Бахтибону дар хонаводаҳои зарардида ҳар руз миёни зану шавҳар ҷангу ҷанҷол аст. Мумкин аст одамон хонавайрон шаванд. Занҳо пулҳои шавҳаронашонро додаанд. Ман ҳайронам. Баъзе одамонро барои 100-200 доллар ҷавобгар мекунанд, наход барои 150 ҳазор доллар ин қадар мақомот бепарвоӣ кунанд.»

Ин дар ҳолест, ки мақомот мегӯянд, додуситад миёни тоҷирон ва хонуми Тоҳирова ихтиёрӣ ва зимни эътимоди тарафайн сурат гирифтааст. Тоҷирони ҷабрдидаи «Корвон» мегӯянд, намехоҳанд, Бахтибонуро ба додгоҳ кашонанд, балки кофист, ки мақомоти пулашонро аз он зан ситонданд, зеро дар амалҳои ӯ ҳалати қаллобӣ ба мушоҳида мерасад.

Ба гуфтаи тоҷирон, Шерхон Салимзода зимни мулоқот амр додааст, ки парванда бозбинӣ шаванд ва назорати онро муовини додситони кулли Тоҷикистон иба зимма гирад.

Наргис Бобоева, тоҷири дигар, ки наздики 40 ҳазор доллари амрикоӣ зарар дидааст, мегӯяд, Бахтибону ба ҳамин миқдор маблағ аз ӯ ҷавоҳирот гирифтааст. Ин хонум мегӯяд, забонхатеро, ки Бахтибону ҳангоми гирифтани ҷавоҳирот дода буд, аз ҷузвдонаш дуздидааст: «Прокурори генералӣ гуфт, худи ҳамон рӯз парванда аз сари нав оғоз шавад. Аммо муовини прокурор гуфтааст, аз боздошти Тоҳирова ҳеҷ фоида нест. Беҳтараш ӯро озод кунем ва маблағҳои шуморо бозпас диҳад.»

Муфаттиши парвандаи мазкур Мансур Мирзоев, зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ танҳо инро гуфт, ки «тафтиши пешакӣ ҷараён дорад ва чораи пешгирӣ ҳам дида шудаст.»

Пайдо кардани Бахтибону Тоҳирова ва гуфтугӯ бо ӯ ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд. Дар маҷмӯъ зидди ин зан 11 тоҷири бозори "Корвон" расман шикоят кардаанд. Дар Тоҷикистон муомилаҳои забонӣ ҳангоми тиҷорат зиёд дида мешавад ва дар сурати варшикастагӣ ва ё ноомади кори тарафи муқобил, ҷанҷол бармехезад ва дар додгоҳ низ дар ҳалли ингуна қазияҳо бинобар набудани санадҳои расмӣ касеро гунаҳкор буда наметавонад ва зиёни ҷабрдида аз гунаҳкор ситонида намешавад. Аммо, агар додуситад ҳуҷҷат шуда бошад, даъвогарон метавонанд, тарафи муқобилро ба қаллобӣ муттаҳам кунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG