Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«QNet» - пирамидаи молӣ ё шабакаи тиҷоратӣ? (2 ВИДЕО)


Нишасти хабарии намояндагони "Qnet" дар шаҳри Душанбе.
Нишасти хабарии намояндагони "Qnet" дар шаҳри Душанбе.

Эълони нишасти хабарии сарони «Qnet» дар Душанбе бист нафар аз онҳоеро низ ҷалб кард, ки худро аз ҷабрдидагону фиребхӯрдагони ин ширкат меноманд.

Ин гурӯҳи занону мардон, ки ба толор роҳ дода нашуданд, мехостанд бо истифода аз ин мулоқот маблағҳои гумкардаи худро аз раҳбарони кулли ширкат талаб кунанд. Онҳо мегӯянд, дари намояндагии ширкати «Qnet» дар Душанбе ба рӯяшон бастааст ва онҳо намедонанд, арзашонро ба кӣ гӯянд.

Назокат Эганбердиева, як сокини пойтахт, мегӯяд, се сол пеш бо умеди зиёд ва ба хотири рафъи мушкилоти молияш ба ширкати «Qnet» ворид шуд, аммо на танҳо фоидае надид, балки дар қарз ғӯтид.

Хонум Назокат мегӯяд, «намояндагони ширкат ба мо гуфтанд, ки дар давлат кор мекунед маоши ночиз мегиред, аммо бо мо дар муддати кӯтоҳ миллионер мешавед. Бовар кардем, аз ширкат ба маблағи 2 ҳазору 560 доллар гарданбанд фармоиш додам, вақте баъди 7 моҳ гарданбандро ба ман оварданд, ҳуш аз сарам парид, вай ҳатто 50 доллар ҳам арзиш надорад. Яъне дар компютер ба мо дигар маҳсулотро

Назокат Эганбердиева
Назокат Эганбердиева

нишон доданд, вақте оварданд тамоман як маҳсулоти дигар, ки пастсифату камарзиш аст.Ҷиянамро ки ман ба ин ширкат овардам, бар ивази 2500 ҳазор доллар соат харид. Ба мо гуфта буданд, ки ин соатҳои швейтсарӣ аст, вале вақте ба мағозаҳои махсус соатфурӯшӣ бурдем, ба мо гуфтанд, ки ин соати оддии хитоӣ аст. Ҳоло ҷиянҳоям аз ман талаб доранд, ки пулашонро гардонда диҳам, қариб 7-ним ҳазор доллар аст. Намедонам чӣ кор кунам.»

Ба гуфтаи хонум Назокат, ин намуди тиҷорат аз ҷалби мизоҷон ва фурӯши ҳарчи бештари маҳсулоти гуногун иборат мебошад, ки дар натиҷа барои ҳар шаш нафар 250 доллар фоида дода мешудааст. Аммо ин маблағҳо танҳо дар он сурате насиби аъзои нав мегардад, ки агар шохаи ӯ ҳамеша фаъол ва нафарони ҷалбкардаи вай муштариёни дигарро барои харидории маҳсулоти ширкат бо нархи беш аз 500 доллар ҷалб созанд.

Шикояти муштариёни Qnet аз ин ширкат
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:40 0:00

Дилором Файзоваро, ки худ иҷоранишин аст, ҳамсоязанҳо ба ширкати «Qnet» ҷалб кардаанд. Ӯ мегӯяд, барои харидани моли ин ширкат беш аз 2 ҳазор доллар қарз гирифтааст. Дилором гуфт, «онҳо ба ман гуфтанд, ки ҳар моҳ 250 доллар кор мекунӣ, соҳиби хонаву дар мешавӣ, ҳар рӯз чанд каса ба хонаам меомадаанд, мани содда ҳам бовар кардам. Боз писару додарзодаамро низ ба ин кор ҳамроҳ намудам, як сол кор кардам ҳамагӣ 50 доллар доданд, дигар ҳеҷ фоида надидам. Ҳоло ҳатто пули иҷораамро дода наметавонам, чунки фоизи пули қарз гирифтаамро бояд ҳар моҳ супорам. Вақте мо гуфтем, маҳсулоти фурӯхтаашонро бозпас бигиранд ва пули моро бидиҳанд, кормандони ширкат ба гардан нагирифтанд.»

Хонум Дилором мегӯяд, танҳо худи ӯ боз 50 - 60 нафараи дигареро медонад, ки аз ин ширкат ҷабр дидаанд ва пулҳояшонро баргардонида наметавонанд. Гуфта мешавад, ба ин навъи тиҷорат одамон аз ҷониби дӯстони наздик ва пайвандонашон даъват мешаванд.

Мӯҳтавои «Qnet» аз он иборат аст, ки шахс бо тавсияи нафаре, ки қаблан тариқи сомонаи ин муассиса барои худ, ҷавоҳироти тилло, ба монанди соат, сикка, занҷира, таҷҳизоти тиббӣ, техникӣ ва ё роҳхати сафарҳои сайёҳӣ, харидааст, яке аз ин маҳсулотро интихоб мекунад. Маблағи ҳадди ақали харид, беш аз 500 долларро ташкил дода ба он 10 доллар ҳаққи воридшавӣ ва беш аз 20 доллар ҳаққи роҳкирои мол илова мегардад.

Аммо “кормандон”-и ширкат ё фурӯшандагони он муштариро водор мекунанд, ки харидани ин ашё танҳо як навъ шарти узвият дар ширкат аст ва узвият дар оянда ба онҳо даромади бузург меорад. Баъзе аз муштариён мегӯянд, ҳарчанд ширкат онҳоро фиребидааст, беҷазо хоҳад монд, зеро намояндагии ин ширкатро дар Тоҷикистон яке аз пайвандони шаҳрдори Душанбе ба ӯҳда дорад.

Сайҳомид Маҳмудов
Сайҳомид Маҳмудов

Бо вуҷуди он ки, Сайҳомид Маҳмудов, раҳбари ширкати "Q-Net" дар Тоҷикистон пайванди хешу таборӣ доштанашро бо Маҳмадсаид Убайдуллоев рад намекунад, аммо мегӯяд, раиси шаҳр ҳеҷ пайванде ба ин ширкат надорад.

Вай гуфт, «ягон кас ин ширкатро пуштибонӣ намекунад, чунки он ба пуштибон ниёз надорад. Фаъолият ин ширкат дар Тоҷикистон аз соли 2006 оғоз шуд, аммо ман соли 2008 ба он шомил шудам. Ӯ ҳатто то рӯзҳои наздик намедонист, ки ман дар Q-Net кор мекунам ва ҳатто дар бораи фаъолияташ фаҳмише ҳам надоштанд, то он даме ки худам каму беш маълумот надодам.»

Ҷаноби Маҳмудов мегӯяд, худи ӯ ба ин ширкат баъди фаъолияташ дар Шӯрои адлия омадааст ва ба гуфтаи вай, қаллобиро аз тиҷорат фарқ карда метавонад. Ба гуфтаи Маҳмудов, муштариёни онҳо соҳибкорони мустақил ҳастанд ва ширкат ба онҳо танҳо маҳсулот пешниҳод мекунад ва намояндагони мустақил худ тасмим мегиранд, ки моли ширкатро тарғиб хоҳанд кард ё не. Гузашта аз ин, муштарӣ ҳақ дорад, баъди харидории маҳсулоти ширкат то 7 рӯз онро бозпас гардонад ва пулашро бигирад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ҷабрдидаҳо фаъолияти ин ширкатро бештар чун пирамидаи молӣ арзёбӣ мекунанд ва мегӯянд, ҳатто бо гузашти 1 рӯз ҳам намояндагони ширкат барои бозпас гирифтани маҳсулоти фурӯхтаашон розӣ нашудаанд.

Бо он ки масъулони ширкати «QNet» дар Тоҷикистон теъдоди намояндагони мустақилашро беш аз ду ҳазор нафар рақам мезананд, коршиносони соҳаи иқтисод мегӯянд, ба ин намуди тиҷорат ғолибан ҷавонон ва ё занони хонанишин машғул ҳастанд, ки бовар кунонидани онҳо то андозае осон аст.

Аммо ҳаминро низ таъкид мекунанд, ки то ҳанӯз аксари аҳолии аз муҳрабизнес муфлисгашта онро фаромӯш накардаанд. Бовар кунонидани ин нафарон ва онҳое, ки аз олами интернет ва қаллобиҳои мавҷуда огоҳанд, кори сода нест. Бо вуҷуди ин эҳтимол меравад, ки пас аз ғавғои ахир ширкат мавриди таҳқиқи ниҳодҳои дахдол қарор гирад.

Сӯҳбати масъулони ширкати «QNet»
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:11 0:00

XS
SM
MD
LG