Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шербой худро дар пеши чашми амниятиҳо оташ зад


Як хиёбони Тошканд
Як хиёбони Тошканд

Шербой Раҳимов, маъюбе, ки худро дар рӯбарӯи бинои Хадамоти амнияти миллии Узбакистон дар ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарё оташ зада буд, баъд аз чаҳор рӯз дар бемористон аз олам даргузашт.

Шербой Раҳимов, маълуле, ки худро дар рӯбарӯи бинои Хадамоти амнияти миллии Узбакистон дар ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарё оташ зада буд, баъд аз чаҳор рӯз дар бемористон аз олам даргузашт.

Ба гуфтаи пайвандон, ҷасади Шербойро як рӯз пеш ба онҳо доданд.

Манбаъҳои бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ гуфтанд, Шербой Раҳимов рӯзи 24 июл қабл аз худсӯзӣ ба масъулони Хадамоти амнияти миллӣ шикоят кард, ки моҳҳо боз наметавонад ҳаққи маълулии худро бигирад, аммо маъмурони амниятӣ ба ҷойи шунидани арзи ӯ аз кормандони милиса хостанд то шахси маълулро латукӯб кунанд.

Баъд аз ин ҳодиса ӯ худро оташ зад ва вақте ӯро ба бемористон оварданд табибон гуфтанд, ки 90 дар сади баданаш сӯхтааст.

Як манбаи огаҳ аз ин ҳодиса гуфт, “Шербой Раҳимов баъд аз он ки натавонист ҳаққии маълулии худро аз почта бигирад, барои шиокят ба идораи Хадамоти амнияти миллӣ рафт. Аммо дар он ҷо касе ба арзаш гӯш надод. Баъде, ки ӯ моҷаро бардошт, кормандони амният маъмурони милисаро даъват карданд, то ӯро “ором созанд”. Дар идораи милиса Шербойро шадидан латукӯб карданд. Шомгоҳон ӯ аз идораи милиса берун шуда ба назди бинои хадамоти амният омад ва дар пеши чашми онҳо ба бадани худ бензин рехт ва худро оташ зад. "Даҳшат, кормандони амният барои нигаҳ доштани ӯ аз худсӯзӣ ҳатто кӯшише накарданд", гуфт мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Аммо раиси маҳаллаи Қурғон Шерзод Ҳакимов хабареро, ки гӯё Шербой Раҳимов худро ба асари моҷаро бо мақомоти амниятӣ оташ зада бошад, рад кард. Ман ба бемористон рафта бо ӯ ва занаш сӯҳбат карда будам, Шербой мегуфт, ки ким-кадом нерӯҳои сиёҳ ӯро таъқиб мекарданд ва аз ин рӯ худро оташ зад, гуфт Шерзод Ҳакимов.

Аз ин пеш мақомоти амниятии ноҳияи Шеробод фарзияеро пеш оварда буданд, ки Шербой Раҳимов бар асари маризии рӯҳӣ даст ба худсӯзӣ задааст. Аммо як тоҷири маҳаллӣ, ки солҳои тулонӣ Шербой Раҳимовро мешиносад, ҳадсҳо дар бораи маризии рӯҳии ӯро қатъӣ рад кард ва гуфт, ҳарчанд чашмонаш заъиф шуда буданд, аммо ақлаш дар ҷояш буд. Мусоҳиби мо афзуд, ки Шербой се фарзанди худро бо ҳамон нафақаи маъюбӣ мехӯронд.

Дар робита ба ин ҳодиса ахиран додситонии ноҳияи Шеробод аз рӯи банди 103-и Кодекси ҷиноӣ, яъне то ба худкӯшӣ расонидан, парвандаи ҷиноӣ боз кард.

XS
SM
MD
LG