Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки шикояти дар идораи пулиси маҳаллӣ мавриди бадрафтории ҷинсӣ қарор гирифтани як зани 25-сола таҳқиқ мешавад. Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзи 18 ноябр бо пахши як изҳорот гуфт, ки талошҳои ин созмон барои ба шурӯи таҳқиқи ҷиноии ин қазия водор кардани мақомоти интизомӣ ҳанӯз натиҷа надодааст.

ВКД: "Шикояте ворид нашудааст"

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 18 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дуруст будани гуфтаҳои ин зан ҳанӯз тасдиқе надорад ва ВКД ба санҷиши ин ҳолат оғоз кардааст. Вай гуфт, ки аз тарафи ин зан то ба ҳол ба таври расмӣ ба унвони вазорати корҳои дохилӣ муроҷиат ва ё шикояте ворид нашудааст. Сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамзамон афзуд, ки аз натиҷаи ҷараёни санҷиш, васоити ахбори оммаро дохилиро хабардор хоҳанд кард.

Дар изҳороти расмии Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки рӯзи 18 ноябр нашр шудааст, гуфта мешавад, ки ин ҳодиса моҳи июн рӯй додааст. Исм ва ҷузъиёти дигари марбут ба ҳуввияти ин зан бо сабабҳои амниятӣ нашр намешавад. Дар изҳорот гуфта мешавад, дар натиҷаи як моҷарои оилавӣ ин зан ба идораи полиси ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат кард, вале дар ин идора гӯё "мавриди шантаж ва таҷовузи ҷинсӣ" қарор гирифт.

Вакили дифоъ мегӯяд, ки ташхис мунсифона набуд

Бо кӯмаки вакили дифои Маркази мустақили ҳимояи ҳуқуқи инсон Абдураҳмон Шарифов ин зан талош дорад, ки ходимони полиси ӯро озордода ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки додситони ноҳияи Рӯдакӣ ифтитоҳи парванда дар робита бо таҷовуз шудани занро рад кард. Талошҳои даъвогарон то Додситонии кулли Тоҷикистон рафт ва ҳанӯз ин масъала дар баррасии ин ниҳод аст.

Вакили дифоъ Абдураҳмон Шарифов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ рӯзи 18 ноябр гуфт, ки "дар тафтиши аввалия ин занро дар як ташхисгоҳе, ки “дар он ҷо таъмир идома дошт, муоина карданд. Ташхис танҳо маълум кардааст, ки дар дохили батни ин зан осори нутфа ёфт нашудааст”.

Шарифов гуфт, ташхис мунсифона набуд, чунки сурхӣ ва ё дигар изи зӯроварӣ ба ҳангоми таҷовузро ба инобат нагирифт. Шарифов афзуд, ки дар ҳоли ҳозир онҳо аз Додситонии кулл талаб кардаанд, ки тафтишоти дубораи ин қазияро бар ӯҳдаи муфаттиши дигар вогузор кунанд. Ба гуфтаи ин вакили дифоъ, ташхиси мустақили равоншиносӣ осори зӯроварӣ дар нисбати ин занро собит кардааст.

Як манбаъ: "Пулис барканор шудааст"

Як ҳамсӯҳбати дигари Радиои Озодӣ дар вазорати корҳои дохилӣ бидуни бурдани номаш гуфт, ки ин милиса ҳанӯз дар моҳи июли соли ҷорӣ аз кор барканор карда шуд. Вале тасдиқи расмии ин хабар ва ҳамчунин имкони мушаххас кардани ҳуввияти ин ходими полис ва ҷузъиёти ҳодиса аз назари он ҷониб, феълан имкон надорад.

Ҳуқуқшиносони мустақил мегӯянд, эҳтимоли бадрафтории ходими милиса бо зани боздоштшуда аз масоилест, ки собит карданаш душвор мешавад. Эътирофи вуҷуди таҷовуз ё бадрафтории ҷинсӣ нисбати боздоштшуда зарурати боз кардани парвандаи ҷиноятиро дар нисбати ин қазия пеш меорад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъкид мекунанд, ки масъалаи ҳифзи обрӯву эътибори ходими полис дар чашми ҷомеа хеле муҳим аст ва вуҷуди ҳодисаҳои поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандон аз ҷониби полис зарба ба обрӯи ходими давлатӣ мезанад.

Бадрафтории пулис ҳодисаи нав нест

Дар ҳолатҳои хеле кам худи сохторҳои интизомӣ роҳ ёфтани қонуншиканӣ ва ё бадрафторӣ бо боздоштшудаҳоро эътироф мекунанд, дар ҳоле, ки таҳқиқоти созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон мегӯянд, бадрафторӣ бо боздоштшудаҳо ва шиканҷаи гумонбарони ҷиноятҳо дар идораҳои полиси Тоҷикистон ҳодисаи нав нест.

Вале иттиҳоми мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтани як зан дар идораи полиси Душанберо ҳам дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ҳам дар миёни намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ “як ҳодисаи фавқулодда” арзёбӣ мекунанд. Дар ҳоле, ки гурӯҳи аввал “ин ҳодисаро ғайриимкон” номида гуфтанд, ки “чунин ҳодиса рӯй дода наметавонист”, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, “ин ҷинояти сангин аст ва ходими полис медонад, ки дар сурати исбот шуданаш, ин амал ҷавобгарии сахт дорад”.

Зимнан, таҷовуз ба номус дар қонунҳои Тоҷикистон аз қабили ҷиноятҳои сангин ба ҳисоб рафта, дар сурати собит шуданаш солҳои тӯлонии зиндонро пешбинӣ мекунад. ВКД мегӯяд, дар соли 2015 - 977 корманди сохторҳои корҳои дохилӣ дар Тоҷикистон барои риоя накардани Кодекси одоб ҷазои интизомӣ гирифта, аз ин шумор 187 нафарашон аз кор озод шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG