Пайвандҳои дастрасӣ

Як зани ҷавон аз ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон аз Сурия ба ҳамсараш пайғом додааст, ки агар ӯро ба ватан барнагардонанд, ҷангиён аз ӯ "фидоӣ" месозанд.

Як зани ҷавон аз ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон аз Сурия ба ҳамсараш пайғом додааст, ки агар ӯро ба ватан барнагардонанд, ҷангиён аз ӯ террористи маргталаб месозанд. Ин зан Марҷона Аланазарова ном дорад ва моҳи сентябри соли 2014 бо се кӯдакаш ба хонаи холааш ба Маскав рафт ва дар як корхонаи хайётӣ ба кор даромад. Аммо авоили моҳи сентябри соли равон бидуни огоҳ кардани шавҳараш, ки дар Шаҳритус кор мекард, 3 кӯдаки ноболиғашро ба холааш вогузор карда ба Сурия рафт. Аланазарова баъди ҳароҳ шуданаш ба гурӯҳи "Давлати Исломӣ" 15 сентябр аз тариқи шабакаи "Одноклассники" бо ҳамсараш дар тамос шуд ва гуфт, ки ӯро оҷилан баргардонанд вагарна ҷангиён аз ӯ террористи маргталаб месозанд.

Марҷона Аланазарова гуфтааст, ки як зани ҳамроҳаш дар ҳуҷуми маргталабона дар Сурия худро қурбон кард ва акнун навбати ӯ расидааст. Ин зан гуфтааст, ки ӯро бо фиреби як ҷойи кори пулдор ба сафари Сурия ташвиқ карданд. Дар бораи ширкати теъдоди аз ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Ховари Миёна маълумоти зиёд пахш мешавад, аммо бори аввал аст, ки пайвастани як зани тоҷик ба ҷаррортарин гурӯҳи мусаллаҳ бо номи "Давлати Исломӣ" ошкор шудааст. Ҳукумати ноҳия иттилои дар Сурия будани Марҷона Аланазарова, сокини 27-солаи кӯчаи Гагарини ноҳияи Шаҳритусро тасдиқ кард. Фарзанди бузурги Марҷона ҳафт сол дорад ва дар синфи аввали яке аз мактабҳои Маскав мехонад, ду кӯдаки дигараш, ки 5-сола ва 2-сола ҳастан, дар боғчаи бачаҳо будаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ин се кӯдакро аз Маскав баргардонида ба падари онҳо супурдааст. Фаррух Аланазаров, шавҳари Марҷона Аланазарова, ки акнун бо ҳамсараш ба воситаи интернет сӯҳбат мекунад, рӯзи 30 сентябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамсари ӯро бо фиреб ба Сурия бурданд. Ӯ мегӯяд, ки зиндагиаш бо ҳамсараш хуб буд ва ӯ ҳамеша ба кӯдаконаш кӯмаки молӣ мекард. Аланазаров мегӯяд, ки мақомоти Тоҷикистон фарзандонашро аз Маскав баргардонидаанд, аммо дар мавриди бозгардонидани ҳамсараш аз Сурия ба ӯ ваъдае надодаанд. Аланазаров мегӯяд, ҳамсараш тавалло дорад, ки ӯро наҷот диҳанд. Фаррух Аланазаров, ки дар ноҳияи Шаҳритус дӯкони заргарӣ дорад, мегӯяд, ки онҳо ҳеҷ гоҳ ба муҳоҷирати корӣ ниёз надоштанд, аммо баъди пофишориҳои ҳамсараш, ки мехост дар Маскав бо холааш зиндагӣ кунад, маҷбур шуд ба сафари ӯ бо кӯдаконаш розӣ шавад. Як ҳамсояи Фаррух Аланазаров, ки худро Мавҷуда муаррифӣ кард, рӯзи 30 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин оила хеле сарватманд буда ӯ ҳайрон аст, ки чаро Марҷона Аланазарова тасмими ғалатро гирифт. "Инҳо қаср дорад, хонаводаи пулдору номдоре ҳастанд, ки тилло мефурӯшанд, намедонам барои чӣ ба Сурия рафт?" - гуфт ин ҳамсоя.

Додситони ноҳияи Шаҳритус баъди сӯҳбат бо пайвандони Марҷона Аланазарова тамоми шавоҳид ва аснодро ҷаъмовари кардааст, аммо аз тафсилоти бештар ва дар кадом минтақаи Сурия қарор доштани ӯ худорӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол, Муродбек Давлатов, сармутахассиси идораи ҷавонон варзиш ва сайёҳии ноҳияи Шаҳритус, ки аз қазияи Марҷона огоҳии бештар дорад, гуфт, ки ин зан ба воситаи шабакаи иҷтимоии "Одноклассники" ба шавҳараш дар мавриди макони будубош ва хатаре, ки ба ӯ таҳдид мекардааст, хабар дод. "Ин зане, ки се кӯдакашро монда рафтааст, ба шавҳараш навишта гуфтааст, ки манро аз инҷо халос кунед, ки як нафарро фидоӣ карданд, акнун навбати ман аст. Фидоӣ кардан, яъне таркондан аст, аз шавҳараш кӯмак хостааст", - гуфт Муродбек Давлатов рӯзи чоршанбе ба Радиои Озодӣ.

Бинобар иттилои расмӣ, шумораи ҷавононе, ки аз ноҳияи Шаҳритус ба сафи "Давлати исломӣ" пайвастаанд, ҳудуди 20 нафар буда, ду нафари онҳо Парвиз Набиев ва Мавзуна Мирзоева, аз нимароҳ аз Туркия бозгашта аз ҷониби мақомот авф шудаанд.

Мавзуна Мирзоеваи 21-сола, баҳори соли равон тариқи интернет бо як ҷавони ӯзбактабор аз давлати ҳамсояи Ӯзбакистон шинос шуда, ба думболи ишқи худ ба Русия рафт ва дар онҷо бо ҳамин ҷавон издивоҷ кард. Мақомоти Туркия ин ҳардуро дар марз боздошт карданд. Яке ба Тоҷикистон ва дигаре ба Ӯзбакистон истирдод шуданд. Мавзуна ҳоло ҳомиладор аст ва намедонад, ки шавҳари ӯзбактаборашро аз кадом кунҷи Ӯзбакистон пайдо кунад ва хабари ҳомиладориашро ба ӯ расонад. Мавзуна нахост бо мо сӯҳбат кунад, аммо Шаҳодат Мирзоева, модарбузурги Мавзуна мегӯяд, ки ҳукумат набераашро афв кард.

Саноат Босалиева, мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Шаҳритус гуфт, ки Мавзуна Мирзоева бо кумаки мақомот баргардонида шуд, аммо гуфт, ки дар бораи имкони бозгашти Марҷона Аланазарова, ки се кӯдак ва шавҳараш мунтазири ӯ ҳастанд, хабаре дода наметавонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG