Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Калюланд - зане, ки дар Эстония раҳбари давлат шуд. ВИДЕО


Барои аввалин бор дар таърихи Эстония як хонум раҳбари ин кишвар интихоб шуд. Барои интихоби Керсти Калюланди 46-сола 81 узви порлумон раъй доданд. Дар маҷмӯъ 101 вакил узви маҷлиси ин кишвари Назди Балтик ҳастанд. То ин замон Калюланд 12 сол Эстонияро дар палатаи ҳисоби Иттиҳодияи Аврупо муаррифӣ мекард.

Моҳи август порлумони Эстония натавонист президенти нави кишварро интихоб кунад. Ҳеҷ як номзад натавониста буданд, раъйи заруриро барои ворид шудан ба порлумон ба даст оваранд. Овоздиҳии дувумбора дар охири моҳи сентябр низ ҳамингуна ноком шуд.

Дар муроҷиаташ ба порлумон, Калюланд гуфт, ки аз натиҷаҳои интихобот дар тааҷҷуб нест, чунки тамоми ҳафтаи охир сӯҳбатҳо аз ҳар сӯ дар ҳамин бора будааст. ​"Ман ҳамин ҳоло як мақомро дар сатҳи аврупоӣ тарк кардам. Ҳоло вазифаи ман ин аст, ки ба тамоми кишвар сафар карда, бо мардум мулоқот кунам", - таъкид кард ӯ.

Эстония як ҷумҳурии порлумонӣ аст. Мақоми президент дар ин кишвар бештар нақши рамзӣ дорад. Президенти феълӣ Тоомас Ҳендрик Илвес дар мақоми президентӣ ду мӯҳлат, яъне 10 соли охир кор кард. Қарор аст, рӯзи 10 октябр маросими савгандёдкунии президенти нав баргузор шавад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

XS
SM
MD
LG