Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамсарон Тағоевҳо дар ноҳияи Данғара пас аз 60 сол дар иҳотаи набераву абераҳо арӯсии "тиллоии" худро ҷашн гирифтанд.

Арафамоҳ Сафарова ва Ҷӯра Тағоев, зану шавҳари 80 ва 90-сола аз ноҳияи Данғара пас аз 60 соли зиндагии якҷоя дубора болои тахти домодию арӯсӣ нишастанд.

Ҳукумати ноҳияи Данғара, дар ҷануби Тоҷикистон, ин ҷуфтро ҳамчун намунаи ибрати оиладорӣ баъди 60 соли зиндагии якҷоя бо як тӯи "тиллоӣ” қадрдонӣ кард.

Арафамоҳ Сафарова мегӯяд, барои шавҳараш 11 фарзанд таваллуд кардааст ва бо гузашти солҳо ҳанӯз ҳам ошиқи ӯ аст. Хонум Арафамоҳ давраҳои ҷавонии худро ба ёд оварда гуфт, аз 12-солагӣ дар рӯи саҳна мерақсад ва ҳамин ҳунар буд, ки ӯро рӯзе бо Ҷӯра Тағоев ба ҳам овард.

Ӯ мегӯяд, дар як чорабинии муҳим партияи коммунистӣ дар соли 1954 қарор буд, ки рақси кабутарро иҷро кунад, вале Ҷӯра Тағоев, ки он вақт ҳамкораш буд ва ба ҳайси навозанда кор мекард, ӯро дуздида ба худ ҳамсар кард: “Ман як ҳаваскор дар саҳна будам ва дар саҳнаҳои ҳунарии ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг мерақсидам. Рӯзе шаҳри Кӯлоб омадам. Дар он дастаи рақсӣ мо 9 духтар ва 4 писар мерақсидем. Ман рақси кабӯтарро иҷро мекардам. Ин муйсафеди "хулиган" маро дуздид ва бо худ бурд. 7 рӯз маро дар як хона дар ноҳияи Варзоб нигоҳ дошт. Ман танҳо мондам. Вақте баргашт, маълум шуд, ки барои дуздидани ман ӯро зиндонӣ кардаанд. Сипас ҳамроҳ аз он ҷо ба ноҳияи Данғара омадем.”

Арафамоҳ Сафарова мегӯяд, Ҷӯра Тағоев дар ғояти ишқу муҳаббат ба ӯ гуфтааст, ки хонаҳои барҳавои зебо дорад, аммо чун ба хонаи шавҳараш омадааст, хонаҳои хасинро дида аз воқеияти ҳоли ӯ бохабар шудааст. Вале, мегӯяд ӯ, ин ҳолат монеи муҳаббати самимиву зиндагии хушҳоли онҳо нашуд ва ҷавонҳо зиндагии муштаракро дар хонаҳои похсагин шурӯъ карданд. Ҷӯра Тағоев мегӯяд, наздикони ҳамсараш солҳо бо онҳо қаҳрӣ будаанд ва танҳо бо гузашти вақт ин гуноҳро ба домод бахшида дубора равобит барқарор карданд.

Ҷӯра Тағоев ҳоло 90 сол дорад ва баъди издивоҷ бо Арафамоҳ солҳо ба ҳайси навозанда ва омӯзгори мусиқӣ кор кардааст. Мегӯяд, ҳамсараш ҳамеша бо ӯ ҳамроҳ буд. Ҳоло, ки синнаш ба ҷое расида, саломатиаш ҳам аз даст рафтааст, дигар наметавонад барои ҳамсараш суруд бихонад. Вале шеърҳои навиштаи “кампираш” ӯро ба ёди рӯзҳои ҷавонӣ мебарад.

Арафамоҳ Сафарова боифтихор гуфт, ки китобҳои шеъри худро бо номи “Ҳаваси пирӣ”, “Ҳаёти пурхурӯш” ва “Арафамоҳи Балҷувониям” ба нашр расондааст, ки ҳамааш ҳосили муҳаббати софу беғашаш мебошад.

Дар баробари шеъру суруд, тарбияи фарзанду нигоҳубини шавҳар, хонум Арафамоҳ инчунин ҳамчун як дӯзандаи ҳунарманд ҳам ном баровардааст. Қуроқу гӯлдӯзӣ, рафидаю кӯрпача, чодару болиштҳое, ки Арафамоҳ Сафарова медӯзад, барои даҳҳо ҷавоне, ки дар маҳаллаи Турдиеви ноҳияи Данғара ҳастанд, табаррук хонда мешавад. Ӯ гули сари сабади маҳфилҳост ва ҳеҷ маросими интихоби арӯс дар атроф бидуни даъвати ӯ барпо намешавад.

Бибии Арафамоҳ ва бобои Ҷӯра мегӯянд, ки зиндагияшон бо гузашти солҳо ҳамарӯза зебо мешавад, ҳарчанд пирӣ дар чеҳраҳои онҳо зоҳир шудааст, вале завқи онҳо кам нагашта, муҳаббат ва издивоҷе, ки бо дуздидан оғоз шуда буд, самимӣ ва тулонӣ будааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG