Пайвандҳои дастрасӣ

Туршӣ... ба рӯи модари сарбоз


Умеда Ҷумъабоева нахост азиятҳои фарзандаш дар артишро таҳаммул кунад ва дар натиҷа худ қурбони ҳамла бо туршӣ шуд

Умеда Ҷумъабоева нахост азиятҳои фарзандаш дар артишро таҳаммул кунад ва дар натиҷа худ қурбони ҳамла бо туршӣ шуд

Созмони «Ташаббуси ҳуқуқи башари Туркманистон» аз додситони кулл, вазири умури дохила ва мақомоти баландпояи дигари қудратии ин кишвар хост, ки таҳқиқи одилонаи ҳодисаи ҳамла ба модари як сарбози артишро ба роҳ монанд. Фарид Тухбатулин, раҳбари ин созмон мегӯяд, ки рӯзи 22 май дар Туркманистон сокини рустои Қурбонсултон-Эҷе Умеда Ҷумъабоеваи 44-соларо ду марди ношиносе аввал латукӯб карда баъдан ба рӯю танаш туршӣ рехта фирор карданд. Як ҳафта баъди ин ҳодиса зан дар бемористон муолиҷа гирифт ва ҳоло дар шароити хона табобатро идома медиҳад.

Тухбатулин мегӯяд, ки сабаби аслии ҳамлаи мардони ношинос ба ин модари чор фарзанд шикоятҳои зиёди ӯ ба мақомот аз латукӯби фарзанди сарбозаш будааст.

Писари ӯ – Раҳим Бобоев, варзишгари соҳаи атлетикаи сабук ва номзад ба мусобиқаҳои «Азиада-2017» баҳори соли 2015 ба артиш даъват шуд. Аз рӯи муқаррарот, варзишгар бояд ба ротаи махсуси варзишӣ барои хизмат мерафт, вале ӯро, ба гуфтаи модараш, бо сабаби надодани пора дар ҳаҷми 2000 доллар, ба сафи сарбозони қаторӣ ба артиш қабул карданд. Дар пай, ба гуфтаи модар, «барои худдорӣ кардан аз додани пора, фармондеҳон пайваста писарро латукӯб ва азият мекарданд». Шикоятҳои модар барои наҷоти ҷони писар аз шиканҷа боиси он шуд, ки худи ӯ аз ҷониби ҳамлагарони ношинос ба ин ҳол гирифтор шуд.

Созмони «Ташаббуси ҳуқуқи башари Туркманистон» дар ҳамовозӣ бо

Акси Умеда Ҷумъабоева аз кати беморӣ

Акси Умеда Ҷумъабоева аз кати беморӣ

ташкилоти дигари ҳомии ҳуқуқи инсон, назири Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия, Анҷумани «Ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ» ва дигарҳо аз мақомоти қудративу тафтишотии Туркманистон тақозо кардааст, ки қазияи Раҳим Бобоев ва ҳам модари маҷрӯҳи ӯро ҳамаҷониба ва мунсифона баррасӣ карда, гунаҳгоронро ба ҷавобгарӣ ҷалб кунанд.

Фаъолон мегӯянд, ки тафтишоти муқаддамотӣ талош дорад ин қазияро ҳамчун як ҷинояти маишӣ арзёбӣ кунад ва даъвову шикояти модарро ба инобат намегирад. Вале тарафдорони ин зан, аз ҷумла Юлия Серебрянник, ҳамсари собиқ зиндонии сиёсӣ аз Туркманистон мегӯянд, масъала дар фасоди сартосарӣ ва ҳам хомӯшии ҷомеа дар баробари мушкилот аст. Ҳамин сабаб мешавад, ки сохторҳои қудратӣ худсарӣ ва ҳуқуқи шаҳрвандонро бемасъулиятро поймол мекунанд.

Масъалаи бадрафторӣ дар артиш, латукӯби сарбозон ва ҳам меҳтарсолорӣ, мисли дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, хоси артиши Туркманистон аст. Дар ҳоле, ки омори дақиқи қурбони хушунат дар артиш шудани сарбозон дар даст нест, ҳадди аққал ду ҳодисаи марги сарбозон дар солҳои 2014-2014 ба ҳангоми иҷрои хизмати аскарӣ ба бахши

Хешутабори Ихтиёр Хидиров мегӯянд, моҳи апрели соли 2014 фарзандашон баъди шиканҷаи шадид дар артиш ба ҳалокат расид.

Хешутабори Ихтиёр Хидиров мегӯянд, моҳи апрели соли 2014 фарзандашон баъди шиканҷаи шадид дар артиш ба ҳалокат расид.

Туркмании радиои Озодӣ маълум шудааст. Яке аз онҳо Ихтиёр Хидиров аст. Ба нақли волидонаш, баъди шурӯи хизмат дар артиш дар соли 2014, ӯ пайваста аз волидонаш телефонӣ талаб мекард, ки барояш пул фиристанд. Ин пулро баъдан ба фармондеҳонаш медод. Дар ҳолатҳое, ки волидон наметавонистанд ба писари худ пул фиристанд, Ихтиёрро шадидан латукӯб мекарданд. Ҷасади писарро 14 апрели соли 2014 ба волидон доданд ва ҳамон рӯз ӯ ба хок супурда шуд. Баъдан волидон ба бахши Туркмании радиои Озодӣ гуфтанд, ки борҳо ба ҳангоми зангҳои телефонии писарашон шунидаанд, ки фармондеҳон ба писар барои надодани пул таҳдид мекарданд. Волидон бовар доранд, ки писари онҳо дар натиҷаи латукӯби афсарон ба ҳалокат расидааст.

Гозел Худойбердиева, хабарнигори бахши Туркмании радиои Озодӣ гуфт, ки дар паи пахши матлабе дар бораи як қурбонии дигари меҳтарсолорӣ дар артиши Туркманистон, мақомот нафари бегуноҳро ба зиндон андохтанд ва баъди фош шудани ин ҳодиса дар сайти радиои Озодӣ, шикоятҳои даъвогарон натиҷа дод ва муҷрими воқеии ин ҳодиса ниҳоят пушти панҷара рафт.

Туркманистон яке аз кишварҳои баста дар қаламрави Осиёи Марказист, ки фаъолияти матбуоти мустақил ва созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон дар он манъ аст. Аз ҳамин хотир, ҳодисаҳои нақзи ҳуқуқи инсон, бахусус дар артиш ҳам, аз чашми ҷомеа пинҳон мемонад. Мақомот манфиатдори фош кардани ин ҳодисаҳо нестанд, чунки ба обурӯи давлат зарба мезанад. Аммо як мушкили усулӣ будани меҳтарсолорӣ дар артиши ин кишварро созмонҳое тасдиқ мекунанд, ки вазъи Туркманистонро аз беруни кишвар истода назорат ва нақли шоҳидону ҷабрдидагонро сабт мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG