Пайвандҳои дастрасӣ

"Аввал бачаҳояшро ба об андохт, баъд худашро..."


Алишер ва Садбарг дар хурдсолӣ

Алишер ва Садбарг дар хурдсолӣ

Як модари ҷавон дар ноҳияи Вахш ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда, боиси ҳалокати се кӯдакаш шудааст.

Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш ҳамроҳ бо се тифли хурдсолаш кӯшиши худкушӣ карда, боиси ҳалокати се кӯдакаш шудааст. Худи зан аз дарёи Вахш зинда берун оварда шуд. Бар тибқи тафтишоти пешакӣ, ин ҳодиса рӯзи 21 сентябр дар ноҳияи Вахш рух додааст. Он рӯз, Саломат Пирова хонаи ҳамсарро оташ зада, худ ва се кӯдакашро ба дарё партофт. Дар ин ҳодиса ҳарсе кӯдаки зан ҷон дода, худи ӯ зинда берун оварда шуд. Кӯдакони фавтида - Алишери 4−сола, Садбарги 2−сола ва Сумайяи 6−моҳа мебошанд.

Худи Пироваро ҳамдеҳагон зинда, вале дар ҳолати беҳушӣ аз об берун оварданд ва ҳоло ӯ дар беморхонаи Вахш бистарӣ мебошад. Ҳанӯз ангезаи даст ба худкушӣ задани ин зан, ки боиси ҳалокати фарзандон шудааст, маълум нест. ​

Хурмогул Абдуллоева, хушдомани Саломат дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки келинаш бемории равонӣ дошт ва чанд соли пеш дар ҳангоми таваллуди фарзанди аввалаш зуд-зуд асабонӣ мешуд. Ҳафтае пеш аз ин фоҷеа, ӯ кӯдаконашро зиёд лату кӯб мекард. Хонум Хурмогул мегӯяд, зиндагии хонаводааш вазнин буд, аз ин лиҳоз, келинашро дар деҳаи дигар ҷой карданд ва қарор буд, он ҷо хишт рехта хонаи нав месохтаанд.

Ӯ мегӯяд: "Падару модараш бурда табобаташ карданд, кӯдаконашро ҷанг мекард. Ман мегуфтам, ки ором шав, ман эҳсос мекардам, ки чашмонаш сурх шуда, баъд пушаймон шуда гиря мекард. Ман фикр мекунам, ки сабабаш ҳамин аст, чун аз вуҷудаш беморӣ баромадагӣ набуд. Агар кӯдаки дигаре бачаҳои Саломатро мезад, асабӣ мешуд". Келинаш дар ҷое кор намекард ва бештари вақт бо нигоҳубини атфол ва кори рӯзғор банд буд.

Аҳлиддин Абдуллоев -- шавҳари Саломат, ки бо гузашти чанд рӯз баъди марги фарзандон ҳанӯз дар ҳолати шок қарор дорад, гуфт, ки ӯ соли 2009 ба Саломат Пирова издивоҷ карда ва як моҳе пеш аз хонаашон ба поёни деҳаашон Янгиариқ кӯч бастааст. Аҳлиддин мегӯяд, зиндагии онҳо бо мушкил пеш мерафт ва орзу доштанд, ки дар оянда соҳиби хонаи ҷудогона шаванду алоҳида аз волидон зиндагӣ кунанд. Дар манзили волидони Аҳлиддин, ки зиндагӣ мекарданд, якбора 4 оила бо кӯдакон ба сар мебурданд ва аз ҳамин хотир, қарор шуд, ки оилаи Аҳлиддинро ҷудо кунанд.

Деҳаи Янгиариқи ҷамоати деҳоти "Киров" дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҷойгир аст. Хонаи муваққате, ки ба он оилаи Аҳлиддин ҳамроҳ бо зану фарзандонаш кӯчонида шуданд, похсагини хурд ва хеле камсарф будааст. Ин манзили муваққат аз деҳа ҳудуди 1 километр дур дар канори заминҳои кишти пахта ва полезҳо ва дар фосилаи 30 метр дуртар аз дарёи Вахш ҷойгир аст. Онҳо дар наздикиҳояшон ҳеҷ ҳамсоя ҳам надоштаанд. Хонаи ҳамсояи наздики онҳо Қурбонгул Наимова дар масофаи беш аз 300 метр аз онҳо дур ҷойгир аст. Қурбонгул Наимова гуфт, ҳамсояи навашро, ки як моҳи пеш кӯчида омада буд, ҳанӯз надидааст, аммо рӯзи ғарқ шуданаш наздиконаш ба суроғаш омадаанд.

Аҳлиддин Абдуллоев, ҳамсари Саломат мегӯяд, баъди бекории тӯлонӣ барои худ тоза коре пайдо карда буд: "Ба Салома гуфтам, ки нав кор пайдо кардам. Ту рафта дар он хона шин ва таппак карда ба замистон захира кун, ман хишт рехта хонаи нав месозам. Намедонам, барои чӣ ин корро кард? Дар бозор кор мекардам, гуфтанд, биё, ки ҳамсарат хонаро оташ задааст. Омадам, ки гуфтанд, худашро бо кӯдакҳо дар об ғарқ кардааст. Ман ҳанӯз ҳамсарамро надидаам, хабаргирияш нарафтаам, чун хело асабонӣ ҳастам. Инчунин, пулис ва додситонӣ маро даъват мекунад", гуфт Аҳлиддин Абдуллоев.

Қимат Пирова, модари Саломат Пирова мегӯяд, ки духтараш соли 2010, баъди як соли издивоҷ дучори нороҳатии рӯҳӣ шуд, аммо баъдан саломатияш хуб шуд ва онҳо бовар доштанд, ки зиндагиаш хуб аст. Ҳоло модар мегӯяд, ки намефаҳмад, чӣ тавр духтараш даст ба чунин кор зад. Қимат Пирова гуфт, рӯзи 21 сентябр соатҳои 12 рӯз духтараш ба хонаашон омад ва баъди ин фоҷеа рух дод.

Ӯ мегӯяд: "Духтарам саломатияш бад набуд, хона омад, хабар гирифт, дар хона хӯрок мепухтем, гуфтем, бишин хӯрок мехӯрӣ, вале якбора ба самти хонааш равон шуд. Баъд ба ман ин хабари нохушро расониданд. Аввал хонаашро оташ задааст ва бо се кӯдакаш худро ба дарё андохтааст. Хабаргирияш рафтам, намедонад, ки кӯдакҳо мурдаанд. Ман ҳам аз ӯ ҳақиқатро пинҳон кардам. Гуфтам, ки кӯдакҳо ҳамроҳи падарашон ҳастанд", гуфт модар.

Саломат ва ҷасади се кӯдаки ноболиғи ӯро, ки об 400 метр бурдааст, мардони деҳаи Янгиариқ аз об баровардаанд. Ин афрод аз шарҳи ҳодиса худдорӣ карданд. Мақомоти ноҳияи Вахш ин ҳодисаро тасдиқ карда, аммо гуфтанд, ки онҳо ҳанӯз мутмаин нестанд, ки ин зан бемори рӯҳӣ дорад ё на. Тахмина Азизова, роҳбари идораи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Вахш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо ҳанӯз бо ин зан сӯҳбат накардаанд ва наметавонад ӯро бемори равонӣ бигӯяд.

Хонуми Азизова мегӯяд: "Дар деҳа дар бораи худкушӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидем, вале чун ба беморхона рафтем, ӯро ба ҷои дигар бурда будаанд ва мо натавонистем бо ӯ суҳбат кунем. Ҳозир мехоҳем, ки ин занро бубинем ва бифаҳмем, ки барои чӣ ин корро кардааст".

Аз беморхонаи амрози рӯҳии вилояти Хатлон гуфтанд, ки онҳо аз ноҳияи Вахш маризеро бо номи Саломат Пирова қабул кардаанд. Мутахассисон гуфтанд, ки ҳанӯз наметавонанд ин занро ҳамчун як бемори рӯҳӣ сабт кунанд, чун муоинааш тоза шурӯъ шудааст ва баъди 10 рӯз муайян мешавад, ки ӯ мариз аст ё на.

Дар ҳамин ҳол, хонаводаи Саломат мегӯяд, ки онҳо танҳо бо роҳи дуохонӣ духтарашонро табобат карда будаанд, аммо ба духтури рӯҳшинос муроҷиат накардаанд.

Аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш дар як тамоси телефонӣ гуфтанд, ки онҳо дар ҷои ҳодиса буданд ва ҳама маводҳои омодакардаро ба дасти додситони ноҳия супурданд. Ҳанӯз парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст. Як мақоми пулиси ноҳияи Вахш, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, гуфт, ки бояд додситонӣ бо зане, ки кӯдаконро ба об партофтааст, сӯҳбат кунад. Пас аз омода шудани хулосаи тиббӣ дар мавриди боз шудани парванда ва ё нашуданаш, хулосаи ниҳоӣ гуфта мешавад.

Ҳодисаи мазкур шабеҳи фоҷеае дар Душанбе аст, ки 5 июл дар Душанбе рух дод. Он рӯз як сокини ноҳияи Ёвон Парвина Абдуллоева ҳамроҳ бо се тифти ноболиғаш худро ба дарёи Душанбе андохт ва боиси ҳалокати фарзандонаш шуд. Худи ӯро зинда аз об берун оварданд. Ҳоло парвандаи ин занро додгоҳ баррасӣ мекунад ва бар тибқи арзёбиҳои пешакии ҳуқуқшиносон, ба ӯ аз 15 то 25 соли зиндон таҳдид мекунад.

Таҳқиқи пешакӣ ошкор кардааст, ки ин зан дар ҳолати афсурдагиву ноумедии шадид, эҳтимолан бар асари муноқиша бо ҳамсараш, ки гӯё мехост бо зани дигаре оила барпо кунад, даст ба ин кор задааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG