Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як маъмури пулиси роҳ дар Душанбе, ронандаеро барои итоат накардан, бо зарби тири туфангча, захмӣ кардааст.

Ба гуфтаи мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ин ҳодиса дар авоили ҳафтаи ҷорӣ дар ноҳияи Синои пойтахт рух додааст.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 19-уми апрел ба "Озодӣ" гуфт, ки кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ ҳангоми назорати роҳ ронанда Далер Тураевро барои тафтиши ҳуҷҷатҳои ронандагӣ манъ карданд, аммо вай итоат накарда, талоши фирор менамояд.

Корманди ГАИ барои манъ кардани вай маҷбур шудааст, ки чораи ниҳоиро истифода намуда, аз туфангча тир кушояд, ки дар натиҷа ронанда аз ҷигараш захмӣ мешавад. Феълан ронандаи захмӣ Далер Тураев дар корпуси 4-уми бемористони Қаряи Боло бистарӣ мебошад. Дар ҳоли ҳозир барои таҳқиқи ин ҳодиса Додситонии ноҳияи Сино парванда боз кардааст.

Дар ҳамин ҳол Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, Идораи Бозрасии давлатии автомобилии пойтахт барои ҷилавгирии ронандагони саркаш ва афроде, ки қоидаи роҳро риоя намекунанд, рейди вижа роҳандозӣ кардааст.

Аммо наздикони Далер Тураев мегӯянд, ки вай на барои вайрон кардани қоидаи роҳ, балки барои сӯҳбат дар мошини худ ҳамроҳи як хонум, мавриди тирандозии маъмури пулис роҳ қарор гирифтааст.

Далер Тураев бо қасди ба ҷои дигар рафтан мошинро ҳаракат медиҳад, аммо корманди БДА аз туфангча тир мекушояд. Ҳоло Идораи БДА-и пойтахт аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG