Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Мирзиёев ба Қазоқистон


Раиси ҷумҳури Узбакистон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остона -- пойтахти Қазоқистон шуд. Дар назар аст, имрӯз, 23 март Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон бо Шавкат Мирзиёев, ҳамтои узбаки худ масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ кунад. Ҳамчунин, интизор меравад дар ҷараёни ин дидор чанд санади ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ба имзо расад.

Дар шаҳри Остона Намоиши миллии молҳои саноатии Узбакистон ва ҳамоиши тоҷирону соҳибкорону узбаку қазоқ баргузор хоҳад шуд. Соли гузашта мизони гардиши мол миёни Узбакистон ва Қазоқистон болиғ ба 2 миллиард долларро ташкил додааст. Феълан дар Узбакистон 229 корхона бо сармояи Қазоқистон ва 192 корхонаи муштарак фаъолият мекунанд.

Бино ба хабари нашрияи “Известия”-и чопи Маскав дар назар аст дар баҳори соли ҷорӣ Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон бо як сафари расмӣ вориди Маскав шавад.

XS
SM
MD
LG