Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АП: Латту кӯби кӯдаки 12-сола дар Идораи амнияти Душанбе


"Азия-Плюс" бо нашри ин акси писарак мегӯяд, ки онро модари ҷабрдида ба редаксия овардааст
"Азия-Плюс" бо нашри ин акси писарак мегӯяд, ки онро модари ҷабрдида ба редаксия овардааст

Инобат Яъқубова даъво дорад, ки кормандони Идораи амнияти Душанбе кӯдаки ӯро мавриди латту кӯб қарор додаанд.

Дар ин бора "Азия-Плюс" бо такя ба қавли модари ин кӯдак -- Инобат Яъқубова хабар додааст. Бино ба гуфтаи ӯ, амниятиҳо аз фарзанди ӯ тақозо кардаанд, ки аз болои айбдоршавандагон дар экстремизм "шаҳодат" диҳад.

Хонум Яъқубова дар сӯҳбат бо "Азия-Плюс" нақл кардааст, ки ин ҳодиса 25-уми августи соли ҷорӣ рух дод ва онҳо акнун бо ҷалби вакили мудофеъ таҳқиқи ҳодисаро талаб доранд. Ин зан гуфтааст, он рӯз фарзандаш барои гирифтани дарси навбатии забони арабӣ ба назди устоди худ рафтааст, ки баногоҳ ба хонаашон кормандони амният ворид гардида устодро бо иттиҳоми узвият дар созмони мамнӯи "Ҳизби Таҳрир" боздошт кардаанд. Ҳамроҳ бо устод, фарзанди Яъқубова ҳам то 28-уми август, давоми се рӯз, дар бинои раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар Душанбе нигоҳдорӣ шудааст.

Ин зан мегӯяд, баъд аз оне, ки ниҳоят фарзандашро пайдо кард, дар рӯю баданаш осори шиканҷа намудор буд. Худи кӯдак қазияро чунин қисса кардааст:

"Замоне маро ба утоқи корӣ дароварданд, муфаттиш хост, ки ман гӯям, устодам ба паҳн кардани ҳар гуна варақаҳо машғул шуда, барои дарс аз ман маблағ мегирифт. Ҳамзамон ба рӯю шикамам зарба мезад. Бардошта дар фарш мепартофт. Дар ҳарос будам, маҷбур шудам аз рӯи гуфтаҳояш амал кунам."

Яъқубова ба "Азия-Плюс" инчунин нақл кардааст, ки як моҳ пас аз ин ҳодиса, мафаттиши мазкур ба манзили онҳо омада, субҳи барвақт писар ва духтари 17-солаашро бо худ бурдаст: "Дар бинои амнияти миллӣ фарзандонамро тайи 2 рӯз нигоҳ дошта, талаб мекарданд, ки ба зидди устод шаҳодат диҳанд. Гӯё ба устод 5 ҳазор доллари амрикоӣ додаем". Хонум Яъқубова гуфтааст, ки писари ӯ "ба таври ройгон" дарси забони арабӣ меомӯхт.

Бону Инобат гуфтааст, Додситонии кул қазияро мустақиман таҳқиқ накарда, даъвояшонро ба Кумитаи амнияти миллӣ фиристодааст. Ба қавли ӯ, "муфаттиши додситонии генералӣ таҳдид кард, ки агар аз иддаоям нагардам, фарзандамро дар боздоштгоҳи махсус маҳкам мекунад. Аз тарс дигар ҷое шикоят накардам."

Дар ҳамин ҳол, Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи ҷабрдидагон, мегӯяд, айни ҳол ба Додистонии кул барои оғози парванда нисбат ба муфаттиши Идораи амнияти Душанбе муроҷиат намудаст. Вай изҳори умед кардааст, ки мақомот қазияро мунсифона ва дар доираи қонун пайгирӣ хоҳанд кард.

Хабаргузории "Азия-Плюс" мегӯяд, барои шарҳи ин қазия ба сардори Идораи Додситонии кулли Тоҷикистон оид ба назорат аз болои иҷрои қонунҳо дар КДАМ -- Муҳаммадҷон Хайруллоев муроҷиат кардааст. Аммо ӯ гуфта, ки беҳтар аст, расман дар ин бора ба Додситонии кул муроҷиат кунанд.
XS
SM
MD
LG