Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ноболиғ" дар мулоқот бо Зайд нагуфт кай ва дар куҷо "таҷовуз" шудааст


Муфаттишони Оҷонсии мубориза бо коррупсия собиқ вазири саноати Тоҷикистонро бо зане, ки дар айёми ноболиғияш гӯё аз тарафи ӯ таҷовуз шудааст, дар СИЗО рӯ ба рӯ карданд.

Исҳоқ Табаров, вакили дифои Зайд Саидов рӯзи 14-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки нимаи дуввуми рӯзи гузашта дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ зерҳимояи онҳоро бо ин духтар рӯ ба рӯ карданд.

Ба гуфтаи Исҳоқ Табаров, ин мулоқот дар ҳузури муфаттишони Оҷонсии зидди коррупсия сурат гирифт ва «дар ин дидор духтари ноболиғ иддао кард, ки Зайд Саидов 5 сол қабл ба номуси вай таҷовуз кардааст ва бо ин даъвояш исрор мекард. Аммо Зайд Саидов ин иддаои духтари ноболиғро комилан рад кард. Духтар ба суолҳои Зайд Саидов, ки дар куҷо ва дар чӣ шароит ин ҳолат рух додааст, ҷавоби мушаххас дода натавонист».

Исҳоқ Табаров ба хотири таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин қазия аз ҷузъиёти бештари гуфтумонҳои ин зан бо Зайд Саидов худдорӣ кард, вале гуфт, ки аз натиҷаи ин рӯ ба рӯкунӣ қаноатманд аст. Аммо муфаттишони Оҷонсии зидди коррупсия аз шарҳи рӯ ба рӯкунии духтари ноболиғ бо Зайд Саидов худдорӣ карданд.

Қаблан Оҷонсии зидди коррупсия Зайд Саидовро бо модари духтари ноболиғ рӯ ба рӯ карда буданд ва тайи чанд моҳе, ки аз боздошти оқои Саидов мегузарад, ин бори нахустин аст, ки вай бо худи духтари ноболиғ чашм ба чашм суҳбат кардааст. «Пас аз айбдоркунии Зайд Саидов ба таҷовузи духтари ноболиғ, мо борҳо ба Оҷонсии зидди фасод муроҷиат кардем, ки ин духтарро рӯ ба рӯ кунанд, вале фақат як занро ҳамчун модари ӯ муаррифӣ мекарданд, ҳарчанд мо ба ҳамчунин ҳодисаи бовар надорем»-, зикр мекунад Исҳоқ Табаров.

Оҷонсии назорати давлатии молия ва мубориза бо коррупсия бо пахши як иттилоия, 18 июли соли равон иттиҳоми "таҷовуз ба номус" алайҳи Зайд Саидовро шарҳ дод ва гуфт, даъвогар пас аз шунидани қазияи боздошти Зайд Саидов тасмим гирифтааст, ба оҷонсӣ муроҷиат кунад. Ҳамчунин вакили "духтари ноболиғ" низ дар номае изҳороти вакилони Зайд Саидовро бепоя хонд.

Мақомоти мубориза бо фасод, ки ба таҳқиқи парвандаи вазири пешини ҳукумат, соҳибкор ва муассиси ҳизби "Тоҷикистони нав" Зайд Саидов зимни шикояти як зан ӯро дар таҷовуз ба номус низ айбдор кардаанд. Бино бар хабари ин ниҳод, ҳангоми баррасии аризаи як шаҳрванд муқаррар гаштааст, ки Саидов дар моҳи апрели соли 2008, ноболиғи 14-сола, толибаи синфи 7-ро "бо роҳи фиреб ба як хонаи истиқоматӣ бурда, ӯро ба воситаи нӯшокии мадҳушкунанда беҳуш карда, аз вазъияти оҷизонаи ӯ истифода намуда, ба номусаш таҷовуз мекунад.»

Дар идомаи ин иттилоия омадааст, ки Зайд Саидов аз дороии худ истифода намуда ва аз моҳи апрели соли 2008 то моҳи августи соли 2012 аз роҳи таҳдид ва зӯроварӣ мунтазам алоқаҳои ҷинсиро бо ӯ давом медиҳад ва дар давраи солҳои 2008-2012 дар натиҷаи алоқаҳои ҷинсии мунтазами Зайд Саидов бо ин духтари ноболиғ, ӯ се маротиба ҳомиладор мешавад.

Бар пояи ин иттилоия, Зайд Саидов бо мақсади он ки кирдорҳои ӯ ошкор нагардад, дар ин се ҳолат духтарро барои исқоти ҳамл кардан маҷбур месозад, ки дар натиҷа охирин аз ноилоҷӣ дар ин се ҳолат исқоти ҳамл менамояд. Иттилоияи Оҷонсӣ мегӯяд, ки аз ин ҳодиса модари духтар огаҳ шуда бо Зайд Саидов вомехӯрад ва ӯ ба модари духтар ваъда медиҳад, ки духтари ӯро ба занӣ гирифта ва шароити зиндагии ӯро таъмин менамояд. Аммо ҳам Зайд Саидов ва ҳам вакилони дифои у ин айбномаро рад карда беасос шуморидаанд.
XS
SM
MD
LG