Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шогирд ба сари устод корд кашид


Давлат Тошев ҷои захми кордро дар танаш нишон медиҳад

Давлат Тошев ҷои захми кордро дар танаш нишон медиҳад

Насиҳати як муаллими мактабе дар ноҳияи Бохтар ба талаба бо кордкашӣ ва захмӣ шудани устод аҷом ёфт.

Хабари ба сари муаллим корд кашидани талаби синфи 11 дар мактаби ҷамоати "Сарвати истиқлол"-и ноҳияи Бохтар, бошандагони ин деҳотро такон дод ва ин воқеиятро дубора рӯшан кард, ки устод дар назди шогирд чандон қадре надорад. Ин ҳамчунин масъалаи дигареро бориз кард, ки оё бо вуҷуди доштани "ҳақи падарӣ" устод метавонад талабаро муҷозот кунад?

Ҳодиса аз ин қарор буд. Давлат Тошев, омӯзгори 34-солаи тарбияи ҷисмонии мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 28-и ноҳияи Бохтар, Аҳлиддин Амонов, хонандаи синфи 11-и ҳамин мактабро насиҳат кард, ки дарсашро хонад. Аммо талаба дар посух устодро дар ҳузури хонандаҳо дашном дод. Устод низ натавонист эҳсосашро идора кунад ва ба рӯи талаба шаппотие зад.

Ҳодиса рӯзи 11 сентябр рух дод. Ба думболи баҳс бо муаллим Аҳлиддин Амонов ба хона рафт ва баъди чанде бо ду бародар ва модараш ба мактаб баргашт, то муаллими тарбияи ҷисмониро ҷазо бидиҳад.

Ҳуҷум ба муаллим дар утоқи кории устодон, замоне сурат гирифт, ки Давлат Тошев дарс надошт ва бо чанд ҳамкори дигараш дар утоқ менишаст. Шоҳидони саҳнаи кордкашӣ ба сари муаллим Тошев мегӯянд, ки модари ин бачаҳо муаллимро аз гулӯяш дошта бародараш Усмоналӣ Амонов аз пушти устод корд задааст.

Давлат Тошев, ки дар деҳаи Гадавшин зиндагӣ мекунад, баъди захмӣ шудан ба мураххасӣ баромад. Ӯ мегӯяд, ки захми корд сиҳат шавад ҳам, таҳқиреро, ки аз талаба дидааст, наметавонад фаромӯш кунад.

Сабоҳат Алиеваи 61-сола, модари Давлат Тошев, аълочии маорифи Тоҷикистон аст ва 40 сол боз дар ҳамин мактаб аз фанни забону адабиёт дарс мегӯяд. Алиева мегӯяд, ки ин ҳодиса ӯро хеле нороҳат кард.​ "Дар назди 30 нафар муаллимро таҳқир кард ва аз модар дашном дод, муаллимро шарманда кард. Акнун ӯ чӣ хел ба шогирдони дигар дарс медиҳад? Ба модари ин бачаҳо гуфтам, ки садқаи номи модарӣ шав, ки писаратро ба ҷиноят бурда гуфтӣ, ки рафта муаллимро мекушем", - мегӯяд Сабоҳат Алиева.

Аҳлиддин Амонов, хонандаи мактаб низ баъди захми шудани муаллим дигар дар мактаб зоҳир нашудааст.

Дар пулиси ноҳияи Бохтар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Усмоналӣ Амонов дар боздоштгоҳи шӯъбаи корҳои дохилаи ин ноҳия нигоҳ дошта мешавад, тафтиши ин қазия шурӯъ шудааст. Усмоналӣ Амонов батозагӣ арӯсӣ карда буд.

Ҳамдам Амонов, падари Аҳлиддин ва Усмоналӣ духтури кӯдаконаи беморхонаи ба номи Бӯрӣ Воҳидови вилояти Хатлон аст. Ӯ мегӯяд, ки аз рафтори фарзандонаш нороҳат ва хеле хиҷолатзада аст.

Мактаби рақами 28-и ҷамоати "Сарвати истиқлол"-и ноҳияи Бохтар наздик ба ҳазор талабаро аз чаҳор деҳкадаи атроф баҳам овардааст. Соли равон ин мактаб барои аввалин бор муваффақ шуд, ки 42 хатмкунандаро ба донишгоҳу донишкадаҳо равон кунад. Аз ин шумор 12 тан дар Донишгоҳи тибии пойтахт донишҷӯ шуданд.

Олим Ҳомидов, мудири ин мактаб рӯзи 15 сентябр дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки, мутаассифона, ҳодисаи кордкашӣ номи неки мактабро доғдор кард ва устодону донишҷӯёнро дар ҳайрат гузошт.

Мудири мактаб мегӯяд, онҳо ҳеҷ интизор надоштанд, ки кор то ба ин ҳад мерасад. "Кӯдак кӯдакӣ кардааст, муаллим низ ҷавон аст, як шаппотӣ задаааст. Баъд модар ва ду фарзандаш даромада, кордро кашида муаллимро мезанад. Воқеан, ҷои таассуф ва ҳайрат аст", - гуфт мудири мактаб Олим Ҳомидов.

Абдуҳалим Холиқов, ҳуқуқдони шоиста ва устоди Донишгоҳи давлатии ба номи Носири Хусрави шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, ки омӯзгор дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳамеша аз обрӯи хосса бархӯрдор буд. Аммо солҳои ахир нақши муаллим камранг шуда, беэҳтиромии талаба ба устод ба таври возеҳ мушоҳида мешавад.

"Бештари вақт аз он сабаб мешавам, ки тарбия дар мактабҳо нест, чун агар тарбияи падару модар мебуд, онҳо ин корро намекарданд. Ҳамин аст, ки муаллимро дашном мекунанду сухани қабеҳ мегӯянд, омӯзгорон аз ин чиз дилсард шуда майли кор карданро надоранд", гуфт ӯ.

Ин ҳодисаи аввал нест, ки муаллим аз дасти шогирдаш осеб мебинад. Соли гузашта Зафар Эмомов, омӯзгори ҷавони "Омодагии дифоъ"-и мактаби 12 ҷамоати Озодагони ноҳияи Панҷ, ки мехост ба ҷанги хонандагон хотима диҳад, мавриди лату кӯби шадид қарор гирифт ва осеби ҷисмонӣ бардошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG