Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муассиси "Advexon": Ҷои кор сохтан душвор нест


Сиёвуш Мирзоев яке аз тоҷикистониёне буд, ки дар сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Кореяи Ҷанубӣ бо ӯ мулоқот кардааст
Сиёвуш Мирзоев яке аз тоҷикистониёне буд, ки дар сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Кореяи Ҷанубӣ бо ӯ мулоқот кардааст

Сиёвуш Мирзоев, як ҷавони тоҷик дар Куриёи Ҷанубӣ ширкати хурди байнулмилалии “Аdvexon”-ро таъсис дод ва дар соли аввали кораш $100 ҳазор даромад ба даст овард.

Сиёвуш Мирзоев, як ҷавони тоҷик дар Куриёи Ҷанубӣ ширкати хурди байнулмилалии “Аdvexon”-ро таъсис додааст. Ширкати мазкур дар сомонаи интернетиаш худро чун як ширкати рақамӣ муаррифӣ кардааст, ки бо барномасозӣ, эҷоди бозиҳои электронӣ барои комютеру телефон, апп ё барномаҳо барои телефонҳои мобилу таблетҳо машғул аст. Баъдан барномаҳои ин ширкат тавассути Google - бузургтарин торнамои ҷустуҷӯгари Интернет ба муштариён пешниҳод мешаванд. Аз роҳи фурӯши барномаву маҳсулоти диҷитолии худ, ба гуфтаи Сиёвуш Мирзоев (Extreme skate fighter, Real skate, Best caricatures, Advexon TV, Sish Advexon, Seosan TV, Private photos) ин ширкат дар як соли кораш 100 ҳазор доллар маблағ ба даст овардааст.

Сиёвуш Мирзоеви 23-сола унвонҷӯи донишгоҳи Хансеои Куриёи Ҷанубист. Вай мегӯяд, замоне расидааст, ки ҳамсолонаш на корҷӯ, балки корфармо бошанд. Худи ӯ ҳам барои мувоҷеҳ нашудан ба мушкили бекорӣ, ки домангири аксари ҷавонони дипломдори тоҷик аст, як сол қабл ширкати “Аdvexon”-ро рӯи кор овард.

Ин ҷавон мегӯяд, ҳоло дар ин ширкат 11 нафар кор мекунанд ва худи ӯву як ҷавони молдованӣ Владимир Кептене раҳбарии ин ширкатро бар дӯш доранд.

Сиёвуш Мирзоев дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар мавриди кору таҳсилаш дар Куриё ва ҳам зиндагии ҳамсолонаш дар ин кишвар нақл кард:

Сиёвуш Мирзоев: Соли 2010 барои таҳсил ба Куриё омадам ва соли 2014 донишгоҳи Хансеоро бо ихтисоси дипломат хатм кардам. Ҳоло дар соли аввали бахши магистратура идомаи таҳсил дорам. Бояд гӯям, ки

танҳо унвонҷӯ нестам, ман ҳоло ба ҳайси ҳунарманд дар як филмимустанад нақшофарӣ мекунам ва ихтиёрӣ (волонтёр)-и созмони Салиби Сурхи Куриё ҳам ҳастам. Аммо кори асосии ман ин раҳбарии ширкати хурди байнулмилалии “Аdvexon” аст.

Озодӣ: Фаъолияти ширкати “Аdvexon” аз чӣ иборат аст ва таъсиси ин ширкат идеяи кӣ буд?

Сиёвуш Мирзоев: Ростӣ, ин идея як сол пеш пайдо шуд. Ман фикр кардам, ки набояд баъди хатми донишгоҳ мисли ҳазорҳо ҷавони тоҷик бекор монам. Аз ин хотир бо ҳамроҳии як нафар дӯстам, ки ӯ ҳам дар Куриё таҳсил мекунад, тасмим гирифтем, ки як ширкати хурди байнулмиллалӣ бо номи “Аdvexon” таъсис диҳем. Ҳамин тавр ҳам шуд ва ҳоло дар ин ширкат 11 нафар кор мекунанд. Аслан кор ин аст, ки мо бештар бозиҳои телефонӣ ва барномаҳои гуногун месозем. Барномаҳое, ки мо таҳия мекунем, Google - бузургтарин торнамои ҷустуҷӯӣ, тавассути он хизматрасонияшро ба муштариён пешниҳод мекунад. Ҳамчунин бо пойгоҳи иҷтимоии YouTube - яке аз шабакаҳои маъруфи ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби ширкати Google дар хидмати корбарони интернет қарор гирифтаааст, ҳамкорӣ мекунем. Ҳоло бештар аз даҳ барномаро сохтем ва бояд гӯям, ки ҳукумати Куриёи Ҷанубӣ моро аз пардохти андоз озод кардааст.

Озодӣ: Ҳоло дар Куриё чӣ теъдод ҷавонони тоҷик таҳсили илм мекунанд?

Сиёвуш Мирзоев: Соли 2010, вақте ман барои таҳсил ба ин кишвар омадам, ҳамагӣ дар донишгоҳҳои Куриё 16 ҷавони тоҷик мехонданд, ҳоло бошад ин рақам ба 70 мерасад. Аксари онҳо дар донишгоҳҳое, ки дар Сеул ҳаст, таҳсил мекунанд. Мо бо ҳам дар инҷо иди Наврӯз ва ҷашни Рӯзи истиқлоли Тоҷикистонро ҷашн мегирем ва бо ин баҳона аз ҳоли ҳамдигар бохабар мешавем.

Озодӣ: Донишҷӯёни тоҷик бештар дар онҷо бо кадом мушкил ру ба ру мешаванд?

Сиёвуш Мирзоев: Асосан ҳар мушкиле мешавад, дар солҳои аввали таҳсил аст. Барои мисол, донишҷӯёни тоҷик, ки ба Куриё меоянд, аввал мушкили забондонӣ доранд, баъдан ҳастанд нафароне ки ҳуқуқи худро намедонанд, яъне ҷавонон то мутобиқ шудан ба фазои ин кишвар, аз мушкилиҳо орӣ нестанд, вале ин ҳама бо гузашти сол аз байн меравад.

Озодӣ: Назари шумо ба ҳодисаҳои ахир дар ҷаҳон чӣ аст, манзурам пайдо шудани ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва пайвастани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо?

Сиёвуш Мирзоев: Ба фикри ман сабаби аслӣ ин набудани пул ва ҷои кор аст. Чунки ман чандин нафарро медонистам, ба онҳо маблағҳои зиёд, ваъда кардаанд, то ба ин гуна гурӯҳҳо ҳамроҳ шаванд. Вале ман бояд гӯям, ки мо дар Куриё дар ин маврид сӯҳбат намекунем. Чунки фарҳанги сӯҳбати рӯз дар Куриё дигар аст. Онҷо ҳамеша дар бораи ихтироъ ва пешрафту технология баҳсу сӯҳбат мешавад. Яъне чӣ кор кунем, ки ҷои кори хуб пайдо кунем, пули бисёр ба даст оварем ва ҳам карера созем. Ҳоло замоне расидааст, ки ҳар як ҷавон метавонад барои худ ҷои кор таъсис диҳад, на ҷои кор кобад.

XS
SM
MD
LG