Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯчаи сарбастаи танфурӯшӣ


Даҳҳо духтари ҷавон, ки танфурӯшӣ мекунанд, мехоҳанд ислоҳ шаванд, аммо раҳнамо ва илоҷи кор надоранд.

Мамлакат Нуралиева, ки 22-сол дорад, яке аз чунин ҷавонзанон аст, ки ҳоло дар чаҳорсӯи зиндагӣ ҳайрону музтар мондааст. Вай, ки дар чаҳор соли ахири умраш ба амри тақдир танфурӯшӣ мекардааст, ҳоло мехоҳад ислоҳ бишавад, аммо намедонад аз кадом роҳ.
Феълан шумораи зиёди ҷавондухтарон аз ночорӣ ва набуди шароиту воситаи даромад, водор мешаванд, ки танфурӯшӣ кунанд...


Вай дар сӯҳбат ба "Озодӣ" гуфт, "ҳоло дар чаҳорсӯйи зиндагӣ танҳо мондаам. Намедонам кадом роҳро пеш гирам. Бероҳагардӣ кунам, ҳама ба ҳолам механданд, агар ғоратгарӣ кунам, зиндонӣ мешавам, намедонам чӣ кор кунам. Дар худкушӣ даст занам, мегӯянд, ки Худованд намебахшад, гуноҳи азим аст."

Хонум Нуралиева ҳанӯз дар замони таҳсилаш дар мактаби ҳамагонӣ мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифта, ҷавоне, ки ба ӯ дастдарозӣ карда буд, пас аз зиндагии якмоҳа ӯро раҳо кардааст. Дар пайи ин ҳодиса, Мамлакат дар хонаи падари худ ҳам пуштибонӣ наёфта, пайвандонаш аз ӯ рӯ тофтаанд.

ТАНФУРӮШӢ - АЗ НОЧОРӢ?


Баъд аз он ки бародараш Мамлакатро аз манзили падарӣ рондааст, вай ночор аз шаҳри Душанбе ба Қӯрғонтеппа ҳиҷрат кардааст. Вай гуфт, дар Қӯрғонтеппа пайвандонаш як муддат ӯро кӯмак ва таъмин мекарданд, аммо пас аз чанде вай дар рӯ ба рӯи сахтиҳои зиндагӣ танҳо мондааст: "Дарди маро худам медонаму Худо, на падару модарам ва на акаву додарам. Дар ҳаёт намефаҳманд маро, аз онҳо кӯмак хостам, илтиҷо кардам, аммо ҳама аз ман рӯ тофтаанд. Хонаи падарам равам, акаам маро меронад, мегӯяд, ки агар ҳамин рӯз падарам бимирад, ман туро мекушам. Акнун намедонам куҷо равам, ба кӣ дардамро гӯям. Барои як тика нон ҳоло дар ба дари мардум мегардам. Дар зиндагӣ худамро гум кардаам. Ҷавонӣ кардам, ба нафаре, ки гӯё дӯстам медошт бовар кардам, аммо маро фиреб дод, ҷавобам доду дар нимароҳ гузошт."

Ҳоло Мамлакат мехоҳад ислоҳ бишавад, дубора оила барпо кунад ва соҳиби ҷойи кори мувофиқ гардад. Аммо бо таъкид ба собиқаи кору рӯзгораш ҳеҷ кордеҳ ҳозир нашудааст ба Мамлакат шонси бозгашт ба ҳаёти шоиста ва тарки машғулияти феълиаш бидиҳад.

"Ба соҳибони ошхонаву тарабхонаҳо муроҷиат кардам, гуфтам, ки розиам ҳатто табақшӯӣ кунам, ҳама кори вазнинро анҷом диҳам. Лекин ба ман кор намедоданд, мегуфтанд, ки ту ҳама ҷоро расво мекунӣ, «одами бераҳа ҳастӣ» мегуфтанд. Ҳеҷ кас намехоҳад мо барин духтаронро ба кор бигирад, то ки маоши ҳалол бигирем ва зиндагии софу покиза оғоз кунем",-афзуд ӯ.

НАЗАРИ КОРШИНОС

Музаффар Авазов
Ба гуфтаи Мамлакат, феълан шумораи зиёди ҷавондухтарон аз ночорӣ ва набуди шароиту воситаи даромад, водор мешаванд танфурӯшӣ кунанд.
Ҷомеашиносон ҳам ба ин андешаи Мамлакат мувофиқ ҳастанд, ки ҷиноёти ахлоқӣ дар бештари маврид бинобар дасти кӯтаҳу камбизоатӣ содир мешаванд. Коршиноси маҳаллӣ Музаффар Авазов дар гузашта бо барномаҳои вобаста ба кӯмаки заноне, ки хизмати шаҳвонӣ мерасонанд, кор кардааст.

Вай бар ин назар аст, ки давлати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз густариши танфурӯшӣ миёни занон ва фарогирии онон бо ҷойҳои корӣ талоши кофӣ ба харҷ намедиҳад: "Агар имконоти воқеии давлатро имрӯз арзёбӣ кунем, таъсиси ҷойҳои корӣ барои чунин қабил духтарони роҳгумзада танҳо ба доираи хаёлот ва орзуҳо меғунҷад, яъне реалӣ нест. Ягон роҳи амалии пешгирӣ ва ё ислоҳи вазъият ин аст, ки давлат барои занону духтароне, ки аз ночорӣ ба хизматрасонии шаҳвонӣ машғул ҳастанд, имкони таҳсил ва соҳибкасб шуданро фароҳам оварад. Мумкин аст, ба воситаи квотаҳо, ки ҳамасола ба ҷавонписарону духтарони деҳотиву гӯё камбизоат дода мешавад, ҳамин гуна занҳо ҳам, ки шумораашон чандон зиёд нест, шонси таҳсил карда дар коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббиро пайдо кунанд. Ақаллан ба 10-15 зане, ки танфурӯшӣ танҳо як воситаи даромаду рӯзгузарониаш мебошад, агар ҳар сол таҳсил кунад ва барояшон хобгоҳҳо дода шавад, ҷиноёти ахлоқӣ ва шумораи танфурӯшон бамаротиб кам хоҳад шуд. Ҳамчунин занони роҳгумзада нисбат ба сарнавишти худ масъулият эҳсос хоҳанд кард, онҳо таҳсил карда, бо пули омӯзгорӣ ё корманди тиб шуда зиндагиашонро пеш мебаранд."

Ҷаноби Авазов гуфт, дар таҷрибаи кориаш чандин мисоли муваффақе дорад, ки занони танфурӯш баъд аз он ки ҷойи кори музднок пайдо намуда, шароити зиндагиашон беҳ шудааст, тарки шуғли қаблӣ кардаанд.

РОҲИ БОЗГАШТ АСТ?
Мехоҳам бо ягон одами банангу номус, ки дар ҳаёт маро фаҳмад, агар мехоҳад ояндаи маро обод кунад, ин ягона орзуи ман аст. Дигар намехоҳам бероҳагард бошам, воситаи дилхушӣ ва бозичаи дасти одамон будан намехоҳам...


Қаҳрамони гузориши мо Мамлакат ҳам мегӯяд, дар сурати таъмини шароити кору зиндагӣ, ӯ ва даҳҳо ҷавонзани дигаре, ки ба хизматрасонии шаҳвонӣ машғул будаанд, дар коргоҳҳои давлатӣ кор хоҳанд кард: "Бовар дорам, агар ба мо шанс диҳанд, махсус барои занони роҳгумзадаву бероҳа ҷойи кор муҳайё кунанд, бисёриҳо ислоҳ мешаванд. Пули ҳалол кор мекунанд, танҳо бо як нафар зиндагии солим барпо хоҳанд кард. Мо ҳам дар пешрафти давлат саҳм гузоштан мехоҳем, фақат роҳнамо даркор."

Мамлакат мегӯяд, ҳоло аз зиндагӣ дилсард шудааст ва ҳеҷ роҳи раҳоӣ аз вартаеро намебинад, ки ба он ғӯтавар шудааст. Барои худкушӣ, ки чанд дафъа ин андеша ба сараш омадааст, ҷуръат намекунад. Ҳарчанд вай мегӯяд, ки дигар ба қавлу амали ба ҷавонҳо нобовар шудааст, ягона орзуяш ҳам ин будааст, ки оила бунёд кунад ва ислоҳ бишавад.

"Мехоҳам бо ягон одами банангу номус, ки дар ҳаёт маро фаҳмад, агар мехоҳад ояндаи маро обод кунад, ин ягона орзуи ман аст. Дигар намехоҳам бероҳагард бошам, воситаи дилхушӣ ва бозичаи дасти одамон будан намехоҳам. Ингуна сарнавиштро, ки ман дорам, ба ягон духтари тоҷик намехоҳам. Бигузор ҳама дар амон бошанду оилаи обод ва такягоҳи хубе дар симои нафарони дӯстдоштаашон дошта бошанд. Бовар кунед, ин беҳтарин неъмат будааст",-афзуд ҳамсӯҳбати мо.
XS
SM
MD
LG