Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар ҷустуҷӯи Умедҷон дар кӯчаҳои Маскав


Акси Умедҷон Холмадовро ҳамсараш Турсуной Зиёева ирсол кард

Акси Умедҷон Холмадовро ҳамсараш Турсуной Зиёева ирсол кард

Як зани 27-солаи тоҷик шавҳарашро ҷустуҷӯ мекунад, ки се сол пеш ба Русия рафта, баъди чанд моҳи кор дар он ҷо бедарак шудааст.

Турсуной Зиёева, сокини ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон, се моҳ боз дар хиёбонҳои пойтахти Русия бо акси ҳамсараш дар даст нишони ӯро меҷӯяд. Ин зан дар баъзе аз кӯчаҳои Маскав акси шавҳарашро насб карда, ҳамзамон барои пайдо кардани ӯ ба созмонҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти Русия муроҷиат кардааст.

Мехоҳам бифаҳмам, ки бо ӯ чӣ шудааст. Он вақт дилам ором мегирад. Мехоҳам бифаҳмам, ки зан гирифтааст ё ба ягон давлати дигар рафтааст? Куҷо шудааст, охир?

Ҳамсари ӯ Умедҷон Холмадови 32-сола аз минтақаи Митишевои Маскав нопадид шудааст. Турсуной Зиёева рӯзи 13 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Умедҷон ҳамроҳи падари муҳоҷираш кор мекард ва як субҳ бе онки касеро огоҳ кунад, аз хона берун шуда ва дигар барнагаштааст.

Ин зан мегӯяд, се фарзанд дорад ва то кунун ҷустуҷӯи шавҳараш бенатиҷа будааст. "Ҳадди ақалл фаҳмем, ки ӯ куҷо шудааст, дилам ором мегирад. Дар Тоҷикистон муроҷиат кардам, нашуд. Мехоҳам донам, ки бо ӯ чӣ шудааст, зан гирифтааст ё ба ягон давлати дигар рафтааст? Куҷо шудааст, охир?" - мегӯяд Турсуной.

Муҳоҷирони тоҷик ба куҷо гум мешаванд?

Каромат Шарифов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки ба ин зан кумак мекунад, рӯзи 13 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аризаи ӯро ба идораҳои марбутаи Русия фиристодааст. Ба қавли Шарифов, инчунин, тахмине вуҷуд дорад, ки Холмадов метавонист "ба сафи гурӯҳи тундрави хориҷ аз Русия пайваста ваё бо номи дигар дар маҳбас бошад. Ҳолатҳои зиёд буд, ки номи худро ҳангоми содир кардани ҷиноят иваз карда чор панҷ сол дар маҳбас менишинанд. Мавридҳои дигар буд, ки мард зани дигар гирифтааст ва тамоми иртиботро бо наздикони худ кандааст. Мо ҳатто баъд аз панҷ соли беному нишон шудан як мардро пайдо карда будем."

Каромат Шарипов. Акс аз соли 2011

Каромат Шарипов. Акс аз соли 2011

Каромат Шарифов мегӯяд, ҳар моҳ то панҷ нафар барои пайдо кардани наздикони худ дар Русия ба онҳо муроҷиат мекунанд. Ҳоло, ба гуфтаи ӯ, шумораи падароне бештар шудааст, ки писарони худро меҷӯянд ва аксаран маълум мешавад, ки писарони онҳо ба Сурия ё Ироқ рафтаанд.

Иброҳим Аҳмадов, намояндаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия гуфт, дар 11 моҳи ахир онҳо 32 аризаро барои пайдо кардани тоҷикон дар Русия дарёфт кардаанд.

Ё дар зиндон, ё...

Ӯ мегӯяд, дар ҳамкорӣ бо мақомоти Русия ҷасади се нафар беному нишоншудаҳоро пайдо карданд ва маълум намуданд, ки 13 нафари дигар дар зиндон қарор доранд. Ҳанӯз ҳам аз 16 нафари дигар нишоне пайдо нашудааст. Аҳмадов мегӯяд, "мушкили пайдо кардани гумшудаҳо дар он аст, ки наздиконашон дақиқ намедонанд, ки онҳо аз кадом шаҳри Русия нопадид шудаанд ва бори охир кадом симкорти телефониро истифода бурдаанд. Агар ҷои гум шуданаш дақиқ бошад, ба ҳар ҳол пайдо кардан осонтар аст."

Иброҳим Аҳмадов

Иброҳим Аҳмадов

Маълумоти ягона ва дақиқи нопадидшудаҳо дар Русия вуҷуд надорад ва ҳар созмони ҷамъиятии кор бо муҳоҷирон омори алоҳидаи худро доранд. Бар пояи маълумоте, ки Радиои Озодӣ аз се созмони кор бо муҳоҷирон дастрас кардааст, дар як соли охир беш аз сад муҳоҷири кории тоҷик дар Русия нопадид шудаанд ва наздиконашон барои пайдо кардан аз ин созмонҳо ёрӣ хостаанд. Ҳудуди як миллион муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафта аз он ҷо зиндагии хонаводаҳои худро таъмин мекунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG