Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зани 60-сола дар паси фармон. Мусофиркашонӣ ба ҷои наберабонӣ


Tajik woman driver

Tajik woman driver

Шарифамоҳ Алиева дар синне паси фармони мошин нишаста, ба мусофиркашонӣ машғул аст, ки ҳамтоҳои ӯ дар ин марҳила ба нигоҳубини набераҳо машғул мешаванд.

Агар чанд сол пеш дар Тоҷикистон ронандагии занро бештари мардум қабул надоштанд, ҳоло занҳои ронанда мегӯянд, ки қолабҳо шикастаанд ва баръакс муштариҳо ба мусофирбарҳое бартарӣ медиҳанд, ки ронандааш зан бошад.

Шарифамоҳ Алиева, сокини 60-солаи шаҳри Душанбе чор фарзанд ва 17 набера дорад. Алиева, ки дар гузашта ронандаи трактор буд, чанд сол пеш микроавтобуси "Старекс" харид ва бо пуле, ки ба даст меорад, ба хонаводаи бузургаш кумак мекунад. Алиева дар синне паси фармони мошин нишастааст, ки ҳамтоҳои ӯ дар ин марҳила ба нигоҳубини набераҳо машғул мешаванд.

Шарифамоҳ Алиева соли 1977 омӯзишгоҳи касбӣ-техникии ноҳияи Восеъро бо ихтисоси тракторчӣ хатм карда, собиқаи 35-солаи ронандагӣ дорад. Ӯ 9 соли охир дар хатсайри 52-и пойтахт ба мусофиркашонӣ машғул буда, мисли аксари ронандаҳои мард, микроавтобуси худро бо қарзи бонк харидааст. Ҳоло ҳам бахши умдаи пуле, ки ба даст меорад, барои пӯшондани қарзи бонк меравад ва боқӣ барои пули обу барқ сарф мешавад.

Солҳои ахир бисёре аз занҳо дар Тоҷикистон ронандагӣ мекунанд ва дидани мошинҳои гаронбаҳо бо хонумҳои зебо, акнун як тасвири маъмулӣ аст. Аммо теъдоди занҳое, ки ронандагиро дар нақлиёти умумӣ интихоб кардаанд, ангуштшуморанд. Шарифамоҳ мегӯяд, ки албатта ҳолатҳои гуногунро шоҳид мешавад, аммо дар масъалаи ронандагиаш табъйизи ҷинсиро кам дидааст.

Шарифамоҳ Алиева мегӯяд, ки "надидам мардеро, ки ба хотири зан буданам дар мошин савор нашуда бошад. Баъзан мешавад, ки занҳо метарсем гуфта, намешинанд. Як бор дар назди бозори "Корвон" марде бо занаш мошинро манъ карданд. Зан вақте маро дид, гуфт намешинам. Ронанда зан ҳаст, метарсам. Шавҳараш гуфт, биё биншин, баръакс занҳо аз мардҳо дида хубтар мошин меронанд. Зан нанишаст. Аммо боз занҳое низ ҳастанд, ки баръакс аз дидани ман хурсанд мешаванд. Ҳавас мехӯранд."

Ин ронандазан мегӯяд, ки баъзан бачаҳои ҳамкораш ӯро ба пойга ва ё сабқат даъват мекунанд, аммо ӯ ба ин ман розӣ намешавад, зеро зан ҳаст аз ҷониби дигар масъул мебошад, ки мусофиронро то маконашон сиҳату солим бирасонад.

Ронандаҳои мусофирбарҳо аз қишре ба шумор меоянд, ки аз ҳама ҳодисаҳои кишвар бохабаранд. Онҳо пайваста аз радиои мошин хабар мешунаванд ва бисёр вақт ба баҳсҳои сиёсиву иқтисодии муштариҳо гӯш медиҳанд.

Шарифамоҳ Алиева мегӯяд, аз ҳама марҳилаи душвори кораш ба солҳои ҷанг рост омадааст. Ӯ ёдовар шуд, ки "миёнаҳои соли 2000 буд, дар назди бозори онвақтаи "Саховат" миёни ду гурӯҳ тирпаронӣ шуд. Чандин нафар ҷароҳат бардоштанд. Сахт тарсидам, намедонистем чӣ гуна гурезем. Як нафар мегуфт одамони Ғаффор Седой асту дигаре мегуфт одамони Лангарӣ. Касе дақиқ намедонист, онҳо кӣ буданд. Мардум ҳам таксист кор кардани занонро он солҳо қабул надоштанд. Тарсида-тарсида ба кӯча мебаромадем. Барои он ки фарзандонам гурусна намонанд ва касби дигаре надоштам, маҷбур дар паси фармон менишастам."

Вай мегӯяд, борҳо дидаанд, ки духтарони шабгардро мардҳо чи гуна латукӯб мекарданд ва ҳоло ҳам гоҳҳо шоҳиди занозании духтарони кӯчагард бо ҷавонон мешаванд: "Ҳоло амният таъмин асту роҳамонро идома медиҳем. Кормандони полис худашон ҳал мекунанд. Солҳои 2000 вақте ҷанҷол бармехест, маъмулан ду гурӯҳ корро ҳал мекарданд."

Алиева ҳанӯз дар синни 27-солагӣ аз шавҳар ҷудо шуда, писаронашро дар танҳоӣ бо кори ронандагӣ бузург кардааст. Ӯ мегӯяд, кораш ҳамеша зиёд буд ва фарзандонашро ба серӣ намедид ва ҳоло ҳам кораш бисёр аст ва акнун набераҳошротанҳо ба серӣ намебинад.

Умар, набераи Шарифамоҳ Алиева мегӯяд, “мо бибиамро интизор мешавем. Ӯ дер ба хона меояд, вақте меояд, ки мо хобем. Бо бибиям фақат рӯзҳои истироҳат бозӣ мекунему халос.”

Хайрулло Ашӯрзода, як муштарии Шарифамоҳ Алиева мегӯяд, ронандаҳои мард, ба хусус ҷавонон миёни ҳам пойга мекунанд. Онҳо амнияти мусофирро камтар андеша менамоянд. Вале занҳо кӯшиш мекунанд қоидаи ҳаракат дар роҳро камтар вайрон кунанд.

Пӯлод Қараев, раҳбари корхонаи “Роҳи дурахшон”, ки бо Шарифамоҳ Алиева 9 сол бо ҳам кор мекунад, мегӯяд, "апаи Шарифамоҳ ягона зане ҳаст, ки ҳамчун беҳтарин ронандаи зан ҳам аз БДА ва ҳам аз ҷониби шаҳрдорӣ Душанбе борҳо соҳиби ифтихорнома шудааст."

Писарони Шарифамоҳ Алиева пешниҳод доранд, ки модарашон корро бас кунад ва зиёрати Хонаи Худоро анҷом диҳад, аммо Шарифамоҳ Алиева ҳоло мехоҳад ба хонаводааш кӯмак кунад. Ӯ мегӯяд, ки "вақте ба зиёрати Хонаи Худо меравам, ки фарзандонам дигар ба кӯмаки ман ниёзманд набошанд."

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG