Пайвандҳои дастрасӣ

Беназир Ализодаи тоҷикистонӣ дар сӯги Ойлон Ал-Курдӣ эҳсосоти худро дар рӯи коғаз наққошӣ кард.

Акси Ойлон Ал-Курдии 3-солае, ки ҷасадаш рӯзи 2 сентябр дар соҳилҳои Бодруми Туркия пайдо шуд, бисёриҳоро дар ҷаҳон таконзада кард. Ин писарбача ҳамроҳ бо падару модар ва бародараш талош дошт аз кишвари ҷангзадаи Сурия ба Аврупо роҳ ёбад, то ки зиндагии наверо шурӯъ кунанд. Вале қаиқи қочоқбарон дар роҳ аз Туркия ба Юнон ғарқ шуд ва обҳои баҳр ҷасадҳои беҷони Ойлон, бародараш Ғолиб ва модараш Райҳонаро баъди як муддат ба соҳил баровард. Акси рӯ ба оби Ойлонро, ки гӯё дар ҳолати хоб буд, тамоми расонаҳои ҷаҳонӣ нашр ва ҳукуматдорони Аврупову Ғарбро дар бебандубории сиёсати муҳоҷират гунаҳгор карданд. Акси Ойлон ба як рамзи бадбахтии муҳоҷирони кишварҳои ғарқи хуну ҷанг табдил шуд, ки мардуми бегуноҳро саргардону овора кард.

Ин ҳодиса баъзе сокинони Тоҷикистонро бетараф намонд. Беназир Ализода, як духтари 15-солаи тоҷик, ки аз сарнавиштаи Ойлон афсурда шудааст, мегӯяд, баъди ин фоҷеа соатҳо ашк рехтааст. Вай гуфт, ҳарчанд ба ҳаводиси сиёсии Тоҷикистону ҷаҳон завқ надорад, аммо баъд аз нашри акси Ойлон дар расонаҳо, тасмим гирифт эҳсоси худро тавассути тасвири ин кӯдак баён кунад.

Беназир Ализода, хонандаи мактаби 89-и пойтахт дар як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ чунин қисса кард:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG