Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фоҷиаи ҳалокати як оила сабаби ихтирои бухории нав шуд


Хатари марги ногаҳонӣ аз дуди ангишт, “ихтироъкорони мардумӣ”-ро водор сохт, ки ба сохтани “бухориҳои дерсӯз ва бехатар” даст ёбанд.

Баъд аз фавти чаҳор кӯдак ва модари онҳо аз дуди ангишт дар ноҳияи Ваҳдат бисёре аз сокинони Тоҷикистон шабҳои ноором доранд, зеро чунин хатар ба ҳамаи онҳо ва фарзандонашон таҳдид мекунад. Дар деҳот барқ хеле кам дода мешавад ва аксарият аз бухориҳое истифода мекунанд, ки дар онҳо ангишт сӯхтаву гармӣ медиҳад.

Биму ҳарос ё ночорӣ чанде аз “технократ” ва устоҳои оҳангари Қӯрғонтеппаро водор намуд, ки бухории бехатаре ихтироъ кунанд. Дар ин бухорӣ аррамайда сӯзонда мешавад ва он ҳеч гуна хатаре барои корбаронаш надорад.

Оҳангари ҷавон Ҷамшед Эргашев, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мардуми деҳоти наздик ба Қурғонтеппа аз марги як хонавода аз дуди ангишт ваҳшатзада шудаанд, ва тарҳи бухориҳои наверо пешниҳод карданд, имрӯзҳо бозораш гарм аст: “Савдои ин бухорӣ рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст, чун арзон аст ва як турба опилка то 15 соат месӯзад, ки барои ҳама дастрас аст аст, арзон аст, хокистараш камтар буда, барои инсонҳо безарар аст.”

Бухориҳои бехатар
Бухориҳои бехатар

Эргашев гуфт, ки вай намедонад, ки ин бухориро кӣ бори аввал сохтааст, аммо бехатар ва камхарҷ будааст, ки дар як рӯз то 5 бухорӣ сохта, ба бозор мебарорад.

Бухории “бехатар” аз бухориҳои барои ангишт ва ҳезуму тапак тафовути зиёд дорад ва танҳо бо аррамайда кор мекунад.

Ин бухориро як халта чӯбмайдаро пур мекунад ва болояшро об пошида миёни чӯбмайдаҳо сурохӣ мегузоранд ва аз поёнаш оташ мезанад, ки аз 14 то 15 соат ба оҳистагӣ сӯхта, хонаро гарм нигоҳ медоштааст ва ҳатто мешавад, дар оташи он хӯрок пухт ё чой ҷӯшонд.

Бухории “бехатар” дар бозорҳои “Фаровон” ва “Ҳоҷӣ Шарифи”-и шаҳри Қӯрғонтеппа аз 100 то 150 сомонӣ арзиш дорад. Бухориҳо барои ҳезуму тапак аз 100 то 250 сомонӣ, бухории барои ангишт 250 то 500 сомонист.

Маҳбуба Умаралиева, як сокини 32-солаи ноҳияи Бохтар, ки бо се фарзандаш дар танҳоӣ зиндагӣ карда, хонаи сарди худро дар шабҳои бебарқ бо ангишт гарм мекунад, аз шунидани фавти хонаводае дар ноҳияи Ваҳдат нигарон шудааст.

Бозори бухориҳо
Бозори бухориҳо

Вай ба Радиои Озодӣ мегӯяд, ки ҳамсояҳояшон бухориҳои ангиштиро аз хона берун карда, бухории “бехатар” гирифтаанд: “Дар газета, радио фаҳмидам, ки зане бо фарзандонаш фавтидаанд, ки ман ҳам дар тарс ҳастам, шабро бо тарс рӯз мекунам, ки боз ягон фалокат нашавад. Дар бухорӣ алов накунӣ, намешавад, чун барқ несту хонаҳо сарданд. Ҳамсояҳо бухориҳояшонро иваз кардаанд, ки ман имкон надорам.”

Сайфулло, як фурӯшандаи бухориҳои сӯхти ангишт дар бозори “Фаровон” ба Радиои Озодӣ гуфт, ки соли аввал ба тиҷорати бухориҳо даст задааст, ки харидоронаш кам буда, бештар бухории “бехатар” мепурсидаанд:“Дар бозори Ҳоҷӣ Шариф аст, ки ҳама мепурсад, чун камхарҷ аст ва бештар мепурсанд, аз бекорӣ ба бухорифӯшӣ омадам, ки харидор нест.”

Танҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа наздик ба 30 устои оҳангар фаъолият доранд, ки чанд рӯзи ахир аз мардум барои сохтмони бухориҳои нав, бухории “бехатар” фармоиш мегиранд ва ҳар як бухорисоз то 5 бухори дар як рӯз сохта, ба фурӯш мегузорад.

Дар баробаригарм шудани бозори бухориҳо устоҳои чӯбтарош барои худ даромади иловагӣ мегиранд, чун як халта чӯбмайда ё опилкаро 2 сомонӣ мефурӯшанд.

Бухории нав, каме ҳам бошад барои даҳҳо сокини Қӯрғонтеппа оромиши хотир овардааст.

Бо наздикшавии зимистон бозори ҳезуму бухорӣ гарм шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

XS
SM
MD
LG