Пайвандҳои дастрасӣ

Як ҷавони сокини Шаҳритӯс, ки барои ширкат дар "ҷиҳод" озими Сурия шуда буд, аз ин амали худ пушаймон шуда ва ҳамакнун мехоҳад ба Тоҷикистон баргардад. Ӯ ҳоло дар Туркия қарор дорад.

Диловар Қарахонов, ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Шаҳритӯс, ки моҳҳои охир бенишон шуда буд, аз Туркия ба наздиконаш занг зада гуфтааст, ки аз сафар ба Сурия худдорӣ мекунад ва ба Тоҷикистон бармегардад.

Ин ҷавон ба хонавода ва мақомот танҳо аз мақсади омаданаш хабар додааст, вале маълум нест, ки онҷо дар куҷо зиндагӣ мекунад. Вале маълум шудааст, ки ӯ моҳҳои ахир бо ҳамдеҳаҳояш дар Анкара зиста, аз дасти онҳое, ки мехостанд ин се нафаро ба Сурия баранд, фирор кардааст. Мақомот мегӯянд, ки Диловар дар ҳоле аз сафар ба Сурия худдорӣ кард, ки 50 рӯз дар масҷиди Имом Бухории Туркия “омӯзиш” гирифтааст.

Абдураҳим Урунов, раиси ҷамоати деҳоти “Холматов” рӯзи 5 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло падари Диловар аз ҷамоат ҳуҷҷатҳои лозимиро барои баргардонидани писараш омода кардааст: “Маълумотномаҳои тасдиқи ҷои зистро аз мо гирифтанд, ки бояд баргардонида шаванд, мо интизор ҳастем, ки бояд баргарданд."

Диловар бошандаи рустои Ленинободи ҷамоати деҳоти “Холматов”-и ноҳияи Шаҳритӯс мебошад ва чанд моҳ пас аз арӯсияш дар соли 2014 роҳи муҳоҷиратро пеш гирифт ва дар Маскав бо ду ҷавони ҳамдеҳааш Парвиз Набиев ва Фаррух Зоҳиров дар як корхонаи тавлиди ҳасиб кор мекард. Тамошои видеоҳои ҷанг дар Сурия ва тан додан ба даъватҳои “роҳи ҳақ” онҳоро озими ин кишвари арабӣ кард, аммо дар нимароҳ онҳо ақидаи худро тағйир додаанд.

Парвиз аз миёни онҳо аввалин шуда ба Тоҷикистон расид, вале Диловар тоза аз худ хабар додааст, ки дар Туркия аст ва бояд баргардад. Ҳоло дар куҷо будани Фаррух Зоҳиров барои хонаводааш маълум нашудааст.

Ҳамза Қарахонов, падари 46-солаи Диловар ба Радиои Озодӣ мегӯяд, ки писараш ифротгаро набуд, вале ӯро ҳамдеҳаашон Қори Ҳусейн аз он ҷо барои рафтан ба Туркия ба ӯ кӯмак кардааст:

“Ман аз аввал намедонистам, ки писарам ифротгаро мешавад, вагарна намемондам, ки ба Русия барои кор равад. Вазъияти хонаамон бад, зиқ ҳастему ғусса хурдан аст. Мехоҳем, ки ҳама аз ин роҳ баргарданд, чун роҳи дуруст нест, инҳоро роҳзанҳо ба ин роҳ бурдаанд, инҳоро Қори Ҳусейн даъват кардааст.”

Қаюм Абдуназаров, раиси маҳаллаи Ленинобод мегӯяд, ки Диловар Қаюмов дар тамоси телефонӣ ба падараш гуфтааст, ки дар Туркия қарор дорад ва ҳоло мехоҳад баргардад ва ҳоло талошҳо барои баргардонидани ин ҷавон идома дорад: “Падари Диловар аз ҳузури писараш дар Туркия хабар додааст, ки бояд баргардонида шавад. Аз деҳаи мо як нафараш Диловар аниқ дар Туркия аст, вале ду нафари дигарро намедонам, ки дар куҷоянд.”

Тибқи омори расмӣ, аз ноҳияи Шаҳритус ба истиснои Диловар чаҳор нафари дигар дар ҷустуҷӯ ҳастанд, ки гуфта мешавад онҳо дар Сурия қарор доранд. Аммо Қори Ҳусейн, ҷавони 30-сола сокини ин ноҳия, ки аз Маскав ҷавононро ба Сурия равон мекардааст, моҳи марти соли равон боздошт шуд ва ҳоло дар маҳбаси шаҳри Қӯрғонтеппа нигаҳдорӣ мешавад. То кунун маълум нест, ки ӯро дар Маскав боздошт кардаанд ё дар Тоҷикистон.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG